ХАБАРИ ДОҒ

Сутун бар боми миллат қомати мост,

Ва медонӣ, чаро? Мо Метавонем!!!

 

Аз таърихчаи газетаи мардумӣ

Дар арафаи 110 солагии Матбуот ё худ журналистикаи Тоҷик (11 марти соли 1912, газетаи «Бухорои Шариф») мо тасмим гигрифтем, хонандагон, мухлисин, аъзои Ихвон ал СССР, муаллифони бешумор ва Хабарнигорони Мардумии худро бо таърихчаи 14 соли мавҷудият, муборизаҳо, пешравиҳои Медиа-Холдинги худашон ошно созем. Омодаед? Пас, ррааафффттттеемм!

Таърихи ташаккули Медиа-холдинги «СССР» бо таъсиси Маркази Иттилоотии «Хатлон-пресс» дар моҳи сентябри соли 2001 оғоз гашта, 21 сол мешавад, ки дар фазои иттилотию сиёсии Тоҷикистон яке аз фаъолтарин ниҳодҳои хабарист. Инъикоси зиндагии рӯзмарра, кор бо сокинони кишвар, чопи матлабу дархостҳои ҳама табақаҳои аҳолӣ, тарғиби андешаҳои мухталиф, матлабҳои танқидиву тавсифӣ, нашри СМС-паёмакҳои мардуми оддӣ, зангҳои телефонӣ, меҳмонхона, фейсҳои мардумӣ, фактҳои таърихӣ, расидагӣ ба проблемаҳои давлатсозӣ, хидмативу командировкаҳои барзиёд, ошноӣ бо проблема дар ҷои ҳодиса ва вуқуъ, ҷалби беш аз 130 муаллиф, чун хабарнигори мардумӣ (ғайриштатӣ), аз қадами аввал нашрияҳои таркибии Медиа-холдингро ҳамчун расонаҳои “мардумӣ” эътироф кардааст.

-Дар тӯли ин солҳо дар 703 шумораи газетаи СССР 71 ҳазору 706 матлаб нашр шудааст;  

- Аз даврони мавҷудият дар ҳайати Медиа-Холдинг 4 расона; 2 ҳафтанома ва 2 сомонаи интернетӣ фаъолият мекард.

 

Газетаи мардумӣ

-Ҳафтаномаи “СССР” яке аз маъруфтарин ҷаридаҳои кишвар буда, бо аудиторияи беш аз 70.000 нафар хонанда, ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе, сар аз 09.09.2008 бе ягон танаффус нашр мешавад;

-Ҳафтаномаи “ФутболVSСССР”, ҳамчун замима ба ҳафтаномаи “СССР” дар якҷоягӣ, бо ҳамон теъдод ва аудиторияе, ки ҳафтаномаи “СССР” дорад, мавсимӣ чоп мешавад;

-Сомонаи www.khatlonpress.tj яке аз қадимтарин ва серхонандатарин сомонаҳои интернетӣ бо забони Тоҷикӣ буда, дорои саҳафоти англисӣ ва русӣ низ ҳаст, ки иддае аз матолиби худро тарҷума ва нашр месозад;

-Шумораи умумии хонандагони “Хатлон-пресс” рӯзе ба ҳисоби миёна то 2-2,5 ҳазор мерасад; Бояд гуфт, ки сар аз моҳи марти соли 2016 ин сомона ба номи дигар, яъне WWW.CCCP.TJ пахш мешавад ва ин сомонаро беш аз 700.000 нафар хондаанд;

-Сомонаи www.football.org.tj яке аз маъруфтарин сомонаҳои варзишии кишвар ба ҳисоб рафта, теъдоди хонандагони ин сомона ҳамарӯза то 4-4,5 ҳазор бинандаро ташкил медод. Сомона на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он ҳам мухлису хонандагони зиёд дошт, ки низ бо сомонаи СССР пайваст.

 

Ихвон ал СССР

-Медиа-холдинг дорои фан-клуби “Ихвон-ал-СССР” мебошад, ки он миёни дигар ВАО ва умуман дар соҳаи журналистика аналог надорад. Клуби мазкур шумораи тахминан аз 40 то 50.000 хонандагон-тарафдорони идея ва афкори ҳафтаномаи “СССР” ва дигар расонаҳои таркибии медиа-холдингро, ки худро бо номи узви “Ихвон-ал-СССР” ва ё «Бародарони СССР” ном бурда, дар сар ҳавои дунявият, давлатсозӣ, патриотӣ, миллатпарвардагӣ ва прогрессивизм доранд, дар бар мегирад; 

- Медиа-холдинги “СССР” аз соли 2012 проекти беҳамто ва муваффақи Хабарнигори Мардумиро роҳандозӣ карда, дар 68 шаҳру ноҳияи ҶТ хабаргузориҳои ғайриштатӣ таъсис дода, тамомии хабару иттилоотро тавассути онҳо ва аз дасти аввал мегирад;

 

Варзиш, корҳои ҷамъиятӣ

-Медиа-холдинги “СССР” аз соли 2008 инҷониб ҳар сол чемпионати футбол барои дарёфти “Ҷоми СССР”-ро байни наврасон (U16) дар миқёси ҷумҳурӣ миёни дубли дастаҳои Лигаи Олӣ баргузор менамояд; 

-Танҳо 2 соли ахир дар бастагӣ ба пандемияи Коронавирус-19 ва басташавии варзишгоҳҳо мо ин Ҷомро ба таъхир гузоштем;

-Медиа-холдинг соли 2014 бо дастгирии соҳибкорон ва тоҷирони шинохтаи кишвар ва бо ёрии бевоситаи шахсиятҳои аввали ҳукумати ҷумҳурӣ дар шаҳри бостонии Кӯлоб варзишгоҳи “СССР”-ро сохт, ки сар аз соли 2015, дар заминаи он Академияи хурди футболи “СССР” фаъолият мекунад. Академияи номбурда наврасони соҳибзавқро гирд оварда, бо ҷалби мураббӣ ва муаллимони соҳаи варзиш онҳоро таълиму тадриси футбол медиҳад. Дар ин мактаби варзишии СССР беш аз 80 кӯдаки аз 5 то 15 солаи душвортарбия ройгон машқи футбол мекунанд;

-Ҷои зикр аст, ки атфоли душвортарбияи мо дар тӯли ин солҳо куллан ба хонандагони пешқадам табдил ёфта, бархе дар клубҳои маъруфи кишвар бозӣ мекунанд;

 

“СССР”  дар ютуб

-Медиа-холдинги “СССР” сар аз охири моҳи феврали соли 2022 лоиҳаи нави телевизионии интернетиро дар Ютуб-канал бо номи «СССР.ТЧ» роҳандозӣ кард;

-Дар тӯли 17 рӯз, беш аз 10 млн нафар (!!!) ба ин лоиҳа вуруд шуда, наворҳои оригинал ва обнарасидаи муаллифии моро дар Ютуб дидаанд, ки муваффақияти нодиртарин дар таърихи расонадории интернетии миллӣ ба шумор меравад.

 

Бо мо рушд мекунед!!!

Ҳамкорӣ бо мо-бурди ҳар яки шумост! Саҳафоти ҳафтаномаҳо, сомонаҳои интернетӣ, таблову афишаҳои бозиҳои варзишӣ ва дигар воситаҳои муосири Медиа-холдинг дар хизмати шумо-мизоҷони арҷманд қарор дорад. Хабару иттилооти тарғибӣ, тасвиру нақшаҳои рекламавиатонро дар расонаҳои Медиа-холдинги “СССР” ҷой дода, соҳиби бузургтарин бозор ва эътибору эътирофи мардум шавед.

Мо метавонем!

 

Нишонии мо: Тоҷикистон, Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 4.

Е-майли мо:   Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. boris_urokov@mail.ru;

idibek-67@mail.ru; khorkashev@mail.ru;

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter