ХАБАРИ ДОҒ

Ҷангҳои ошкору ниҳони иттилоотӣ

  • Ҷумъа, Март 18 2022

1.    Ҷанги иттилоотиро Россия бохт!

Пурра ва бебозгашт. Ва агар имрӯз дар Маскав, чун дар Хиросимаву Нагасакӣ бомбаи атомӣ партофта, 16 млн урусро кушанд ҳам, оламиён қарс хоҳанд зад, ки чӣ кори хубе ва чӣ бас камтар урус кушта шуд. Яъне русҳо дар бомбае таркиданд, ки худ онро мегузоштанд. Бомбаи таҳқиру таҳвини тоҷикон, ӯзбекҳо, мусалмонон, қафқозиҳо… Русҳо ҳамон Ровшану Джумшуте шуданд, ки моро мегуфтанд. Ровшану Джумшути Аврупо, Амрико, Австралия, Африка, Осиё ва ғ…

Зеро Маскав дарк намекард, ки таҳқиру таҳвини миллатҳо, ки арманиву яҳудитаборон дар матбуоту расонаҳои урусӣ мепарканданд, «дангали дудаста»-«палка о двух концах» ном дорад…

Бало паси дигарон. Вале дар мо-Тоҷикон чӣ? Оё мақомот, қудратҳои дохилӣ ва ҳукумати марказӣ ҳич дарк кардааст, ки журналистика ин қудрат, тавон, қувват ва мадорост? Фикр мекунем, ки на. Зеро дар мо то ҳанӯз андеша доранд, ки ҳунарманд журналист асту муаллим рӯзноманигору файласуф репортёр ва коргардон, адиб, шоир «Журналисти Лумб». Бо ин андеша моро Худо аз ҷанги иттилоотӣ нигаҳ дорад; ҷанге, ки ҳатто ба 3 қирғиз онро мебозем.

Ин матлаб 1 ҳушдори навбатӣ дар арафаи Иди Касбист. Иде, ки ҳеҷ гоҳ касбӣ нашуд, ки нашуд. Мо Метавонем!

 

2.    Искандар Мирзоев: маро бо замбар баред!

Искандар Мирзоев-устоди журналистони касбӣ, нафаре, ки 90 сол дораду аз он 70-ашро харҷи журналистикаи миллӣ кардааст, рӯзе дар сӯҳбат бо СССР гуфт:

-Ин мардум, ин раҳбарияти ИЖТ бо чӣ кор машғуланд? Чаро моро дар зиндагонӣ куштаанд? Чаро касе аз мо хабардор нест? Охир мо ҳанӯз зиндаем, қувваву қудрати роҳбаладии ҷавононро дорем. Маро дар Рӯзи Иди Матбуот ба замбар баред ва ман он ҷо мегӯям, ки мактаби даҳҳо, садҳо журналисти варзидаи тоҷикро шумо куштед, буғӣ кардед, маҳв сохтед. Ва бовар доред, ки метавонед журналист тарбият кунед? Ҳаргиз!

Инҳое, ки имрӯз ноогоҳонаву новоқифона миллату давлат мегӯянд, дар сурати садди аввалин аз миллату давлат рӯ мегардонанд. Дур намеравем, 100 доллар маошашонро дар Озодӣ ё ВВС зиёд кунед, ним рӯз дар расонаҳои расмӣ намемонанд.

Журналистони соҳибмактаб агар ишонро тарбият кунанд, онҳо дар 2 аср аз миллату давлат дур нахоҳанд шуд. Вале ба кӣ мегӯӣ?...

…Оре, бар кӣ мегӯӣ, вақте мисли журналист каси бесоҳиб дар кишвар нест; шумо 1 нафар ҳунармандро дидаед, ки унвони халқиву шоиста, хизматнишондода надошта бошад? Ин суол аз ман аст. Надидаед!!! 1 шоиру адибро дидаед, ки унвону ҷоизаву подоши ҳукуматие надошта бошад? Вале акнун бигӯед, КИМ 1 журналистро медонад, ки унвони Журналисти халқӣ, рӯзноманигорӣ шоиста дошта бошад? Ё мисли узви ИНТ аъзои ИЖТ нимбайъ имтиёзот дошта бошанд???

Механдед? МЕ-хан-деддд. Зеро воқеан хандаовар аст! Вале замоне сари чунин унвонҳо баҳсҳо буданд. ИЖТ бояд ин унвонҳоро баҳс, касб ва қонунӣ гардонад. Зеро ақаллан журналистон баъди марг ё дар даврони пирӣ аз пули свету барқ озод шаванд, ин созмон обрӯ меёбад...

 

 3.    Журналист кӣ ё чист?

Кутаҳумртарин жанрҳои журналистика жанрҳои хабарии он мебошанд. Имрӯз Зеленский гуфт, фардо Путин рад кард ва тамом. Вале ин кутоҳумрҳо умрҳоро қатъ ва давлатҳоро хатм мекунанд. Жанрҳои таҳлилӣ дарозумртаранд, вале на абадӣ. Усулан журналистика ва журналистон умри тӯлонӣ намебинанд. Умри мо, умри жанрҳои навиштаи мо, умри журналистика 1 рӯз, 1 ҳафта ва ана сахти бад гирем, 1 моҳ беш нест. Зимнан ман ҳар бор, баъди «летучка»-и ҷамъбастии шумораи навин, ки ину он матлаб соҳиби ҷои нахусту дуввуму саввум мегардад, ба кормандон 6-7 сония қарс мезанам, газетаро чорқатъ карда, канор мегузораму мегӯям:

-Тамом! Меҳнати чандинсолаву чандрӯзаи шумо бо ҳамин қарс ба итмом расид ва Худо накунад, ки дар шумораи навбатӣ ба хатое даст задед…

Дар ҷамъ ана ҳамин аст кори журналистӣ, ки матлабе менависӣ, мисли фарзанд тарбият мекунӣ, мезоӣ, шуморае «Бомба» мебарорӣ, ки умраш хеле кӯтоҳтар аз пиндор аст.

Шумо журналисте дидаед, ки ақаллан мисли Рӯдакӣ 1100 сол умр дида бошад? Намебинед. Ҳол он ки пеш ва пас аз Рӯдакӣ низ миллион журналист буду ҳасту мемонад…

Вале бо ин ҳама журналистика муҳимтарин силоҳ дар ҳама давру замонҳо буд, ҳаст ва мемонад, ба вежа дар ин шабу рӯзе, ки ҷаҳон хеле наздик шудаасту мутаассуф, технократҳои мо то ҳол ба қадри ин касб нарасидаанд.

Ҳоло технократия бовар дорад, ки шабакаҳои иҷтимоӣ, фейсу твиттер ва ғ. ва ҳ. журналистикаанду дар ин ҷода бояд муваффақ шуд ва ба ҳадаф мерасем. На! Аслан чунин нест. Ҳоло Россия расман Фейкро ҷазо таъин кард: аз 15 млн ҷарима то 10 соли маҳкум аз озодӣ. Барои тӯҳмат, бӯҳтон, дахолат ба зиндагонии дохилӣ. Дар Тоҷикистон низ бояд ин қонун ҷорӣ гардад. Воқеан ҳам, Маскав ин қонунро «набофт». Ин қонун дар Аврупову Амрико барвақт роиҷ аст.

Вале дар мо то ҳол намедонанд, ки фарзи мисол Парвиз тҷ, Ҳодиса тҷ, ки ҳатто фоҳишаву массажисткаҳо бо он мардумро тарсонида пул металабанд, моли кист?! Ҳамкориву ҳамсудӣ бо Иқболи урупоӣ дар сатҳи олист! Аммо касе «намедонад», ки «утечка» аз куҷост…

 

4.    Ҷавонӣ рафт, А.Собир…ҷавонит рафт!

Дар мо, ягон 7-10 сол пеш маъракаи «ҷавонсозӣ»-и ТВ шурӯъ шуд. Чун сари кор непрофессионалҳо буданд, фикр карданд, 63-солагӣ барои 1 журналист санади ҳатмии нафақа аст. Инҳо намедонистанд ва нахоҳанд донист, ки барои тарбияти 1 журналисти воқеан ҳам корозмуда, давлатҳои абарқудрат садҳо миллион доллар харҷ мекунанд!!! Мо гирифтему пеш кардем ҳамаро. ТВ пурра ҷавон шуд ва баъд чӣ? Касе назарсанҷӣ кардааст, ки чӣ миқдор сокини ҷумҳурӣ каналҳои давлатиро тамошо мекунаду чанд фисад дар хориҷа таваҷҷӯҳ ба шабакаҳои расмии мо дорад?

 Масъулини ҷавонсозии ТВ-ҳо, махсус қайд мекунам, маҳз телевизионҳо (!) бо реформаи булаҷаби хеш сабабгори маргу мири чанд журналисти забардасти Тоҷик ҳам шуданд:

Маъруфи Бобораҷаб, Бахтиёр Сафаров, Темур Султон, Аброр Зоҳир… аз ангуштшумор журналистони профессионал ва номдори ТВ буданд, ки баъди «реформаи ҷавонсозӣ»-и ТВ-ҳои кишвар ба касалӣ печидаву ин оламро падруд гуфтанд.

  Нафақа! А. Собир аз БЕҲТАРИН коргардонҳои ТВ ҳафтаи гузашта редаксияи мо омад, ки бе кор аст. Аз А.Собир ҷавону пурғайрат ҳоло бубояду кофт. Вале синнаш ба 63 расида. Мо ӯро ба кор гирифтем. Вале дигар А.Собирҳо куҷо раванд??? Ин суол бар раиси ИЖТ, Нуриддин Саид-раиси ТВТ ва тамомии масъулин аст. Вале ба кӣ мегӯй???

 

 Абдуғаффори Камол яке аз таҳлилгарони билоивази ТВ буд. Ҳоло куҷост? «Пир» шудааст! Акнун ҷои ӯ барномаҳои сиёсии телевизиониро чанд наврас мебаранд, ки худашон ба омӯзгори сиёсӣ ниёзи бештаре доранд, ки тамошобин дошта бошад.

«Беғараз Панд»-и Нуруллоҳи Абдулло куҷо шуд? «Пир» шуд, пири кор!

Журналистикаи мо бе пирони кор ҳам нест. Миёнсолонро «пир» ҳукм кардаву пеш кардем. Ҷояшон абадан холӣ шуд, холӣ монд, халои беҳунарӣ роҳандозӣ гардид, ки даҳсолаҳо азияти набуди ишонро хоҳем кашиду чашид.

Ҳол он ки журналистикаи мо сарбозоне дошт, ки аз Познеру Соловёву Брилёв, Соҷидаи Мирзову Салими Айюбзод кордидатар буданд. Ин журналистика Мани худро дошт!!! Вале непрофессионалҳо ба таври бесобиқа ин гулзорро хушк карданд.

 

5.    Ба кӣ мегӯй? Вале мегӯям!

Фоҷеаи Журналистикаи Миллӣ ин аст, ки дар ҷамъияти имрӯзаи мо фарқе миёни барандаи тӯй ва журналист, шоир ва журналист, ҳунарманд ва журналист, артист ва журналист, фейк ва журналист, гей ва журналист, сафсаттагӯй ва журналист, олим ва журналист ва 1001 касби дигар ва журналист намебинанд!!!
Ман актёрон, сарояндагон, шоирон, ровиёни тӯй ва кулли намояндагони дигар касбҳоро иззат мегузорам. Зиддашон ҳарфе надорам. Вале танҳо ба ин ҷамъияти муосир гуфтаниям, ки журналистика тамоман касби дигар аст, охир!
Ҷамъият то вақте фарқ миёни касбҳои дигару журналистика намегузораду дар вазифаҳои калидии рӯзноманигорӣ намояндагони дигар соҳаҳо сарварӣ мекунанд, журналистикаи мо шикастпазир аст, агар умуман варшикаста набошад!
Мо шояд дар олам ягона кишваре бошем, ки дар олами иттилоотии интернетӣ 1 расонаи фаромиллӣ надорем! Ё фикр мекунед, 2-3 сайти хонагии моро, бо шумули Ховар ва сомонаҳои ноҳиявимон дар тамомии олам мехонанд? Хоби хушшш!

Дур намеравем, онҳое, ки вазифаҳои баланди журналистӣ додаем, метавонанд 1 матлаб дар жанри памфлет, фелетон, луқма, обзори сиёсӣ нависанд? Ва ё метавонанд тариқи расонаҳои хеш ба баҳс ворид шаванду дар ҷанги иттилоотӣ бо имзои худ ширкат кунанд? На-ме-та-во-нанд!!! Зеро инҳо чиновниканд, на журналист!
…Ид муборак! Иде, ки ҳатто онро мо профессионалӣ карда наметавонем.

Мо Метавонем!

С. Мизроб

журналист

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter