ХАБАРИ ДОҒ

Барқи Тоҷик ва қадри тоҷик…

  • Чоршанбе, Март 30 2022

 

12.03.2022. Ҳамааш аз он сар шуд, ки дар саҳифаи СМС-паёмакҳои СССР раиси нави барқи Тоҷик, ки ҳатто ному насабашро намедонем, танқид шуд. Аз телефони Мубориз. Сокини деҳа-кӯчаи Арбобхотун. Писари сардабири СССР. Ва сар шуд: Қасдгирӣ!!!

Хайрийят, раиси нави ҶСК Барқи Тоҷик президент ё сарвазир нест. Зеро метавонист моро абадан ҳукм кунад ва ё тирборон…

13.03.2022. Бо амри ким-кадом масъул (худ биёб хонанда, ки КИМ?!) ба хонаи мо масъулини ФУРӮШИ БАРқИ Н. Сино ҳозир шуданд.

Нафаре, ки худро Давлатзода мехонду дар телефон номашро Ҷумаев мегирифт, ман ҷияни Вазири молияи ҶТ, Файзиддин Қаҳҳорозода гуфта, кормандонро бо лафзи қабеҳ амр мекард, ки хатти ноқили барқро бурранд…

Аслан бовар надорам, ки бо ин фарҳанги беодобӣ Давлатзода ҷияни Қаҳҳорзода буда бошад. Зеро вазири молия сартопо фарҳангу иззат аст. Вале фикр мекунам, бо Давлатзодае, ки худро Ҷумаев мегуфт ва дурӯғ мегуфт, бояд Қаҳҳорзода баҳс кунад, ки чаро исми ин нафарро ун нафар корбаст мекард?…

Хулласи калом, Давлатзода барқи моро буррид. 2 шабонарӯз 2 набераи ман, ки яке 2 моҳаву дигарӣ 2 сола аст, Сайёф ва Ялдо, аз бебарқӣ касал шуданд. Лозим ояд, справка дорем!!!  Ба Суд муроҷеъ мешавем. Агар ун ҷо низ ҷиянҳои сардамдоре набошанд…

Вале 1 чӣ маро ба навишти ин матлаб таҳрик дод. Писарам Мубориз дирӯз бегоҳ омадаву мужда дод:

-Дадаҷон, бобои  Эмомалӣ Раҳмон аз Миср баргаштанд!!!

Ва светҳои мо низ барқарор шуд…

Акнун пурсида мешавад, ки ҷиянҳои ину он вазиру раису саис чаро аз набуди сарвари давлат истифода кардаву барқи мардумро бе огоҳӣ мебурранд?

Давлатзода, ки худро ҷияни вазире гирифтаву худро шоҳи барқи н. Сино пиндоштааст, магар боре ба хонаи мо квитансияи қарздорӣ оварда буд? Ва умуман, раиси нави Ширкати Барқи Тоҷик, раиси н. Сино ва раиси шабакаҳои Барқи Душанбе иттилоъ доранд, ки Давлатзодаҳо аз номи раиси муҳтарами ш. Душанбе-Рустами Эмомалӣ свети мардумро мебурранд???

            1 ҳарф занӣ, ишорат ба Рустами Эмомалӣ мекунанд. Ва ин дар ҳолест, ки 200% бовар дорам, Рустами Эмомалӣ ҳаргиз аз ин моҷаро огоҳ нест!

Вале ба кӣ мегӯй?-гуфти бобои Одина Ҳошими раҳматӣ. Ин масъулин ҳамеша ҷурму озарми худро паси КАЛОН-ҳо пинҳон мекунанд ва Давлатзода низ гӯиё маҳз бо супориши раиси ш. Душанбе свети мардумро мебурридааст.

            Агар ёд доред, боре, ки президент дар кишвар набуд, дар сентябри соли 2015, чанд худозадае даст ба табаддулот заданд. Муовини вазири мудофиа Ҳоҷӣ Ҳалим дар назар аст. Фикр мекунам, коре, ки Давлатзода дар набуди президент кард, мисли ҳамон табаддулоти Ҳоҷӣ Ҳалим аст, зеро мехост дили мардумро аз ҳукумат сард кунад. Ва барои ингунаҳо аслан парвое нест, ки ин ҳукуматро бо чӣ заҳамот сарвари давлати мо барқарор кардаасту чӣ гузаштҳо бо душманони синфӣ намудааст, то сулҳ барқарору давлатзодаҳо сари кор оянд!

 Ҷавонсозии ҳукумат кори хуб аст. Вале ҷавононе мисли давлатзодаҳо набояд сари кор оянд. Ба вежа дар ин шабу рӯзе, ки иттилоот дастрасӣ мешавад. Ва муҳимтар аз ин, чаро Давлатзодаҳои Барқи Тоҷик, маҳз дар набуди сарвари давлат ба рейд мебароянду бе огоҳии қабл свет мебурранд? Чӣ магар ягон тасодум ё тасодуфе корбаст шуда буд? Неъ!

 Инҳо писарони «лейтенант Шмидт» мебошанд. 100% бовар дорам, Давлатзода намедонад, ки лейтенант Шмидт кист? Вале аз номи Вазири молия суъистифода мекунад ва худро ҷияни ӯ меномад, вагарна ман аз куҷо медонам, ки КИМ ҷияну хоҳарзодаву бародарзодаи кист? Воқеан ҳам дар редаксияи мо матлаби яке аз раисони қаблии н. Восеъ маҳфуз аст, ки сари ҷияну бародарзодаҳои вазире қисса мекунад. Вале мо чун мардем, онро нашр накардаем. Ҳоло нашр накардаем…

 Дар асл, моҷаро кучак аст. Ман қарздор будаам. Ба гардан мегирам. Вале квитансияи қарз канӣ? Ва чаро Давлатзода (Ҷумаев муовини ин ҳазрат будааст!)

бе огоҳии қаблӣ меояду маҳз дар Рӯзи матбуот барқи журналистро мебуррад? Магар ин супориши раиси нави ҶСК Барқи Тоҷик нест, ки дар шумораи қаблӣ танқид шуда буд?

            Худоро шукр, ки инҳо вазифаи баландтаре надоранд, вагарна рӯи ҳамаро сияҳ мекунанд. Сари мавзуъ бармегардем ва киву чӣ будани Давлатзодаеро, ки ба гуфтаи бобои Ғулом «ҳама чиву киро ба ким-куҷояш задааст» ва бо кадом роҳу восита ба ин мансаби пурарзиш роҳ ёфтанашро нашр месозем. Мунтазир бошед, ки Мо Метавонем!

Ва аз ҳама охир: нафаре имрӯз занг задаву гуфт, вақте свети сардабирро мебурранд, вой бар ҳоли мо-андозсупорандагони маъмулӣ ва оддӣ. Ҷиянҳоро ё тарбият кунед ва ё маъзул. Мо Метавонем!

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter