ХАБАРИ ДОҒ

Кӯлоб: дуздӣ афзудаву милиса хоб….

  • Чоршанбе, Март 23 2022

 

Нуридин Мизробзода, хонандаи қарини газетаи СССР аз ш. Кӯлоб ба редаксия СССР занг зада (тел:985028036) гуфт, ки дуздӣ ар шаҳри Кӯлоб зиёд шудаву милитсия парво надорад.

   - Муддати 1 моҳ мешавад, ки дар маҳаллаи «Корвонгузар» беш аз 15 хонаҳоро шабона, пас аз қатъ шудани барқ дуздҳо ғорат карданд. Аҷибаш дар он аст, ки дуздҳо аз хонаҳои мардум, чизҳои майда-чуйда ва анвои хӯрока,  ба монанди орду равған, картошка, пиёз, мурғу индук ва ҳатто курпачаю болиштҳоро медузданд. Чанд маротиба ба нозири минтақавӣ (участковий) муроҷиат кардем, дар ҷавоб гуфтанд, ки барои 1 мурғу индук киро бурда аз озодӣ маҳрум кунем?!

Ҳой кормандони мақомоти милитсия! Ин вазифаи ҷонии шумост! То кай дар гирду атрофи бозорҳо ва ошхонаҳо чарх зада барои сер кардани шикамҳоятон маблағ ҷамъ мекунед? Ин саҳлангории кормандони милимтсияро дида, мо шабона 1 гурӯҳ шуда пост ташкил мекунем, то хонаҳоямонро аз дуздон эмин нигоҳ медорем. Шояд кормандони барқи Қӯлоб бо дуздҳо ҳамкорӣ доранд, ки пас аз хомӯш шудани барқ дуздҳо ба шикор мебароянд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter