ХАБАРИ ДОҒ

 

Салом! Чи гуна «Барқи тоҷик» шарм надошта мегӯяд, ки лимит нест, вақте барқро ба тамоми минтақаҳои кишвар танҳо 6 соат дар 1 шабонарӯз медиҳад!? Алалхусус дар ноҳия мо барқ танҳо 2-3 соат асту халос. Хатҳо кайҳо кӯҳна шудаанд, бархе аз соли 1970 таъмирро надидаанд.

Мардум барои бунёди РБО Роғун тамоми дороияшро дод, то ин ки оянда самарашро бубинад, вале ку ҳамон истиқлолияти энергетикӣ? Бо баҳонаи қарзи барқ ҳар моҳ аз мардум пул ҷамъ мекунанд, аммо ман фикр намекунам, ки аҳолӣ қарздор бошад. Корхонаҳои калон қарздоранд, лек чаро фаъолияти онҳоро қатъ намекунанду барқи мардумро бе огоҳӣ мебуранд!?

Ҳомид Расулов,

Ноҳияи Мастчоҳ,

Тел: 927293290

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter