ХАБАРИ ДОҒ

Шахноз Комилзода: Духтарам онҳоро бахшид…

  • Чоршанбе, Март 23 2022

 

 

Дар ниҳоят, моҷарои лату куби духтарам, ки 20 декабри соли 2021 дар назди Донишгоҳи Славянӣ рух дода буд, ба поён расид.

Қабл аз ин, ки тафсилоти он ҳодисаро бигӯям, мехоҳам аз якояки ҷомеаи маҷозӣ, фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки баробари ман барои адолат садо баланд кардед, аз дустону наздиконе, ки дар он рузҳои сахт бо ҳар гунае дастгириамон карданд ҷаҳони сипос бигӯям.

Агар садои шумо намебуд ману Мумтоз ба танҳоӣ наметавонистем то ин ҳад муваффақ шавем. Дастгирии шумо буд, ки ба ману духтарам қуввату ҷасорат бахшид то тули 3 моҳ дар рӯ ба рӯи стрессу, стигмаю, фишору кашмокашиҳои додгоҳӣ то охир устувор истодем.

Ман, сар фуруд меорам назди шумо ва дасти якояки шуморо мефишорам!

Кош, ин таҷрибаи талхи мо барои занозорони хиёбонӣ дарс шуда бошад!

Ҳамчунин, аз тамоми он мақомоти интизомие, ки (РКД дар шаҳри Душанбе, ШКД, Прокуратура ва Суди н.Шоҳмансур), аз оғози парванда то додгоҳ ин қазияро пайгирӣ карданд ва ба хотири пирӯзии адолат то ҷое қолабшиканӣ ҳам карданд, даст рӯйи қалбам мегузораму ташакур мегӯям.

Аз ҳамкасбону (расонаҳо) ниҳодҳои хусусию (НПО), байналмиллалӣ низ изҳори сипос мегӯям.

 

Асли матлаб

Тавре дар рафти пайгирии қазия маълум шуд, барои нахустин бор буд, ки барои озори ноболиғон дар хиёбон парвандаи ҶИНОӢ боз шудааст. Маъмулан, дар чунин ҳолатҳо парвандаи маъмурӣ ва 1 ҷаримаи ночизе пешбинӣ мешудааст.

Ман аз оғози бозпурсӣ то охир барои адолат пофишорӣ кардам. Хушбахтона мақомот ҳам дарди маро эҳсос мекард. Ҳамон рузи нахуст аз 6 субҳ то 2 шаб дар ШКД ноҳияи Шоҳмансур қарор доштем. Ман барои масъулин иҷозат додам то духтарамро ҳар гунае, ки қонун иҷозат медиҳад бозпурсӣ кунанд. Агар гуноҳ аз духтари ман буд ман розӣ будам ӯ ҳам ҷазо дода шавад. Аммо дар ҳаққи дигарон ҳам намехостам бегуноҳ зулм шавад.

Хулас, гаштаю баргашта шояд аз 20 маротиба бештар духтаронро бозпурсӣ карданд, ҳамчунин айбдоршавандаҳоро.

Суд муайян кард, ки воқеан ҳам дар сар задани он ҳолат худи ҷавонон гунаҳкор буданд. Онҳо ҳам ба гуноҳашон иқрор шуданд ва бахшиш пурсиданд.

Прокурор 3,5 сол маҳрумият аз озодиро талаб кард.

Аммо духтари ман розӣ нашуд. Рӯзи аввали додгоҳ ҳамсари яке аз айбдоршавандаҳо бо ду фарзанди 2 ва 3 солааш омад. Манзараи мулоқоти падар ва фарзанд пас аз 3 моҳи дурӣ дар зеҳни Мумтоз чӣ таҳавулотеро ба бор овард, ки як бора назарашро дигар карду аз Судя хоҳиш кард, то ба хотири кӯдаконаш, падарро озод кунанд. Мумтоз гуфт ҳадафаш ҷазо ва дарси адаб ба дигар занозорони хиёбонӣ буд. Агар одам ислоҳ шуданӣ бошад дар ҳамин 3 моҳ ислоҳ мешавад, агар не пас дар 100 сол ҳам ислоҳ намешавад. Дугонааш ҳам пас аз ин посухи Мумтоз бо ӯ ҳамфикр шуд. Мо, модарон ҳам ҳамчунин. Мо ҳам онҳоро бахшидем!

Аслан ман аз ҳамон рӯзи нахуст, ки зимни дидори аввал наздик буд гулугираш кунаму чашмонашро кофта гирам дигар ором шуда будам, аммо ба хотири адолат тасмим гирифтам то охир биравам.

Бисёриҳо маро ҷангу тавҳин карданд, ки чаро бахшидам онҳоро. Бояд ҳатман паси панҷара мерафтанд. Аммо...

Барои ман тасмим ва ҳолати равонии худи духтарон муҳим буд.

Ҳадаф танбеҳ буд, ки аз намуди зоҳирӣ ва суҳбаташон маълум буд, ки аз кардаашон пушаймон шудаанд ва рафтору гуфторашон ҳам хуб шуда буд. (Замон боз нишон медиҳад, албатта!)

Сарнавишти онҳо ба зиндагии аҳли оила ва наздиконашон таъсири зиёд дошт. Ҳоло айбдоршавандаҳо аҳмақӣ карданду фикри онҳоро накарданд. Аммо ман натавонистам ба ҳама мушкилоти хонаводагиашон чашм пӯшам.

Ҳақ доред ману духтарамро ҷангу маломат кунед, аммо мо натавонистем сарнавишти чанд хонаводаро вайрон кунем.

Дар ин қазия ман духтарамро тамоман аз дигар зовия дидам ва бо ӯ ифтихор кардам.

Ин 2 кудак барои ман ҚАҲРАМОНАНД.

ОНҲО ТАВОНИСТАНД БО ДАР НАЗАРДОШТИ ҲАРОСУ СТИГМАЮ ДАҲҲО МУШКИЛ САДОЯШОНРО БАЛАНД КУНАНД.

ТО ОХИР ДАР КАНОРИ ҲАМ МОНДАНД. Имкони фирор доштанд, аммо нагурехтанд, балки ба ҳамдигар кӯмак карданд!

ДАР ҲАМОН ҲОЛАТ ИДОРААШРО ГУМ НАКАРД ВА БАРОИ ДАЛЕЛ АЗ ОНҲО АКС ГИРИФТ.

ДАЛЕРОНА БА САДҲО ПУРСИШҲОИ МАҚОМОТИ ИНТИЗОМӢ ПОСУХ МЕДОД. ҲАРЧАНД ДИГАР АЗ ТАКРОРГӮӢ ХЕЛЕ ХАСТА ШУДА БУД.

ҶОЕ ХЕЛЕ МЕТАРСИД БО ЧАШМОНИ ПУР АЗ ҲАРОС, САДОИ ЛАРЗОН, БО ДАСТОНИ САРДАШ ДАСТИ МАРО ФИШОР МЕДОДУ Ё ПУШТИ МАН ПИНҲОН МЕШУДУ АММО ҲАРФАШРО МЕГУФТ.

ХУРДАРИН ЭҲТИРОМИ ИНСОНИРО  ҲАТТО ДАР ҚИБОЛИ АЙБДОРШАВАНДАҲО РИОЯТ МЕКАРД.

Чанд лаҳзае, аз рафти додгоҳ, ки 1 умр дар зеҳнам хоҳад монд!

Судя: ҷабрдида шумо имкони гурехтан доштед, чаро нагурехтед?

Мумтоз: Ман чӣ тавр дугонаамро танҳо монда мегурехтам? Ман бояд дугонаамро аз дасти ин айбдоршавандаҳо наҷот медодам!

....

Судя: Ҷабрдида бо суханони айбдоршаванда розӣ ҳастед?

Мумтоз: қисман! нисфи гапаш дурӯғ аст. Акаи М. аввал гурехт, аммо дубора омад. То охир онҷо буд бо акаи Қ.

Судя: аммо айбдоршаванда исрор дорад, ки ӯ набуд, гапи кадоматонро бовар кунам?

Мумтоз: Албоме, ки дар дастатон аст ( манзураш парванда аст) онҷо акси акаи М. ҳаст. Акс ҳамаашро исбот мекунад...

...

Судя: Ҷабрдида шумо ин айбдоршавандаҳоро мешиносед?

Мумтоз: Не, ҳамон рӯз бори аввал дидамшон.

Судя: "Ака" гуфта ба онҳо муроҷиат мекунед, гӯё шинос ҳастед....

Мумтоз: аз ман калон ҳастанд, ман бо ҳама одамҳои аз худам калон ака гуфта муроҷиат мекунам.

Судя: онҳо туро заданд ку?!

Мумтоз: Фарқ надорад, аз ман калонанд.

...

Прокурор: ... ба М. 3 сол ва ба Қ.3,5 сол ҳабс пешбинӣ шавад...

Судя: ҷабрдида, сухани охирони шумо, бо дархости прокурор розӣ ҳастед?

Мумтоз: (хомӯш монд, нигоҳе ба панҷараи айбдоршавандаҳо карду бо садои ларзон гуфт) Не, розӣ нестам! 3 сол зиёд аст.

Судя: Зиёд? онҳо шуморо заданд боз дилат ба онҳо месузад?

Мумтоз: ба онҳо не, ба кӯдаконаш дилам месузад. Намехоҳам кӯдакон бе падар калон шаванд! Ман онҳоро бахшидам!

...

Соат 2 шаб... садои навозиши гитор аз хоб бедорам кард. Мумтоз бо тамоми вуҷудаш гитор менавохт. "Мамаҷон, намехоҳам аз барои ман 2 кӯдак аз падарашон дур монанд...шумо намефаҳмед бепадар будан яъне чӣ, аммо ман мефаҳмам!"

Онҳоро ҷаримаи калон, бо ҷалби корҳои иҷтимоӣ ва шартан озод карданд.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter