ХАБАРИ ДОҒ

Россия &Украина: авиатсия, таҳримҳо ва таъсири он ба киссаи мусофири тоҷик

  • Чоршанбе, Март 23 2022

 

Маълум аст, ки шуруи амалиёти низомии Россия дар Украина пайомадҳои нохуши зиёдеро ба бор овард. Амрико ва Ғарб дар баробари роҳандозии таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, бонкиву пулӣ, ҳавопаймоҳо ва парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Россияро низ таҳрим карданд.

Дар баробари таҳримҳои авиатсионӣ нархи сузишвории авиатсионӣ ва таҷҳизоти барои таъмиру тармими ҳавопаймоҳо лозима низ ба маротиб боло рафта, ин агар гӯем, ки миёни ширкатҳои ҳавопаймоиро мешиканад, хато нест. Ширкатҳои ҷаҳонии истеҳсолкунандаи ҳавопаймоҳо ва муҳаррику дигар таҷҳизоти авиатсионӣ аз фурӯши маҳсулоти хеш ба Федератсияи Россия аст кашида истодаанд, бархе намегузоранд, ки парвозҳо тавассути ҳарими ҳавоии ин ё он кишвари аврупоӣ сурат бигиранд, фурӯши чипта низ ба қисме ширкатҳо манъ шуда, ҳавопаймоҳое, ки дар кишварҳои амрикоӣ буданд, бо навбат ғасб ва ба фоидаи давлати мазкур мусодира шуда истодаанд.

Ин амал албатта ба кишвари мо низ зарари худро хоҳад расонид, зеро аксарияти ширкатҳои ҳавопаймоии Россия ба шаҳрҳои Тоҷикистон низ парвоз анҷом медиҳанд ва манъи фаъолият ва парвозҳои ин ё он ширкат метавонад пеш аз ҳама зарба боз ба киссаи мусофири тоҷик, ки асосан муҳоҷир аст бизанад.

 

S7 Airlines азТоҷикистонрафт! Акнуннавбатикӣ?

Дарпайиинтаҳримҳоширкатиҳавопаймоиирусии S7 Airlines эълонкард, кисараз 05.03.2022 парвозҳояшробаТоҷикистонропуррақатъмекунад. Ва ҳаминтавр ҳамшуд. Марказиматбуотиинширкатдарсомонаирасмиихудсабабиқатъипарвозҳородарвазъикунуниииқтисодӣарзёбӣнамуда, гуфт, ки  S7 Airlines маҷбураст, киҳамапарвозҳоибайналмилалиробаАвстрия, Озарбойҷон, Арманистон, Булғористон, Олмон, Юнон, Испания, Италия, Қазоқистон, Кипр, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Фаронса, Хорватия, Миср, Таиланд, КореяиҶанубӣ, Туркия, АМА, Ӯзбекистонқатънамояд.

Боядгуфт, киширкати S7 Airlines аз 4 фурудгоҳиТоҷикистон: Душанбе, ХуҷандКӯлобваБохтарбашаҳрҳоиНовосибирскуМаскав, БарнаулуОмскваТомскпарвозанҷоммедод. НамояндагониширкатимазкурдарҶумҳурииТоҷикистонэълоннамуданд, кибамусофироне, кибапарвозҳои S7 Airlines чиптагирифтабуданд, арзишион 100% баргардонидамешавад.

НовобастаазвазъикунунӣширкатҳоидигарирусӣУральскиеавиалинии», UTair ва «Северныйветер» мегӯянд, кидарбораиқатъёбоздоштипарвозҳояшонбаТоҷикистонхабарваётасмименабуда, айнизамонпарвозҳоазДушанбевуХуҷандваКӯлобуБохтартибқинақшаамалӣёфтаистодаанд.

Валедарҳаминҳол, ИгорПодубный, директориМарказиавиатсионӣ-техникииРФбаронназараст, киширкати «Уралскиеавиалинии» даршароитикунунӣ, беивазнамуданиҳавопаймоҳоватаъмирутаҷдидитаҷҳизотҳоиҳавопаймоӣбозметавонад 2-3 моҳидигарфаъолияткунадухалос

 

Авиакеросин ва нархи рекордии он

Ҳамин ҳоло нархи 1 баррел нафт дар бозори ҷаҳонӣ аз $90 гузаштааст. Нархе, ки воқеан рекордӣ аст ва албатта таъсири хешро ба нархи намудҳои дигари сӯзишворӣ мерасонад. Моҳи феврали соли 2022 нархи авиакеросин-сӯзишвории авиатсионӣ якбора якчанд баротиба боло рафта, агар 2 сол пеш ҳавопаймоҳои русӣ ва тоҷик дар фурудгоҳҳои транзитии Туркманистону Ӯзбекистон 1 тонна авиакеросинро бо нархи $800-900 мерехтанд, имрӯз ин нарх 2 маротиба боло рафтааст.

Кишварҳои ғарбӣ аз маводи сӯхти истеҳсоли Россия даст кашида истодаанд, вале мутаассифона нархи он барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, алалхусус он кишварҳое, ки узви Иттиҳоди гумрукӣ нестанд, на арзон мешавад ва на лоақал бо нархҳои имтиёзнок фурухта мешавад. Агар ин хел рафтан гирад нархҳои чиптаҳо аз оне, ки имрӯз ҳаст, боз қимматар ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ бо навбат муфлис шудан мегиранд…

 

Фирор аз «облава» ва чиптаҳои гарон

Мухбири мо рӯзҳои 11-12 марти соли ҷорӣ аз бархе хазинаҳои чиптафурӯшии пойтахт дидан намуд. Нархи чиптаи парвоз дар бозори фурӯши чиптаҳо гуногун аст. Агар шумо хоҳед пагоҳ ба Маскав чипта харидорӣ намуда парвоз кунед, пас нархи чипта аз 5800 сар шуда то 8500 сомонӣ арзиш дорад. Фурӯшандаҳо баҳона мекунанд, ки ҷой несту танҳо 1 ҷойи тиҷоратӣ мондааст ва барои ҳамин гарон аст. Вале вақте дохили ҳавопаймо мешавӣ, мебини, ки ҷойи ту ҷойи тиҷоратӣ нест, баръакс эконом-класси ахир аст.

Агар шумо баъди 15-20 рӯз озими шаҳри Екатеринбург шуданиву аз ҳоло чипта хариданӣ бошед, пас бо 3600 сомонӣ метавонед билет харида бо ҳавопаймои ширкати «Уралские авиалинии» дар ҳафтаи аввали моҳи апрел парвоз намоед. Нархи чиптаи парвоз ба Санкт-Петербургу Новосибирск ва Алмаато аз 5800 сомонӣ сар мешавад, вале бо назардошти вазъи кунунӣ нархҳо метавонанд боз ҳам гаронтар шаванд.

Агар яке аз сабабҳои гаронии нархи билет ин таҳримҳои авиатсионӣ ва нархи гарони авиакеросин бошад, аз тарафи дигар анбӯҳи зиёи мусофирон аст, ки мехоҳанд бо кадом роҳу бо кадом нархе набошад, то охири моҳи март аз Тоҷикистон берун раванд, фирор аз «облава»…

 

Чаро нархи чипта танзим намешавад?

Воқеан ҳам чаро нархи чипта дар кишвари мо танзимшаванда нест? Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 1 соли ахир чандин маротиба ба таври ҷиддӣ аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ талаб намуд, ки нархи чиптаро поин намоянд. 1 мудат ҳамин тавр ҳам шуд ва моҳҳои сентябр-декабри соли 2021 нархи чиптаи парвоз ба Маскав то 2400-2600 фаромад. Вале ин дер напоид, нарх боз хест ва ҳоло дубора аз 5800 то 8500 сомонӣ расидааст.

Агентии авиатсияи гражданӣ сиёсати авиатсионии мамлакатро пеш мебарад ва ниҳоди қудратӣ нест, ки лаҷоми чиптафурӯшони беимону беинсофро бикашад-чунин ваколат ҳам надорад. Вале чаро ниҳоди асосӣ-Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нархгузорӣ (!) ва танзими он вазифаи ҷонияш аст, хомӯш аст? Чаро ин ниҳод дар ин самт коре намекунад? Кай шунидаед, ки раҳбарияти ин ё он ширкати ҳавопаймоиро Хадамоти мазкур ва Прокуратураи генералии мамлакат маҳз барои гаронфурӯшии чиптаҳои парвоз ҷарима ва ё парванда карда бошад?

Нархи чиптаҳоро ширкатҳои ҳавопаймоӣ маҳз бо ин Хадамот пешниҳоду тасдиқ менамояд, пас маълум мешавад, ки сабабгори асосии гаронии нархи чиптаи парвоз дар кишвар маҳз Хадамоти зидиинҳисории мамлакат аст!?

Мо пайгири ин мавзӯъем.

 

Омирона Достиева,

СССР

 

Аз редаксия: Дар он замоне, ки шумора ба нашр омода мешуд, хабар расид, ки парвозҳои ширкати ҳавопаймоии «Уралские авиалинии» рӯзҳои 14-15 марти соли ҷорӣ аз шаҳрҳои Маскаву Уфа ва Челябинску Нижнекамск ба шаҳрҳои Душанбеву Кӯлоб ва Хуҷанд манъ карда шуд. Дар маврии анҷом ёфтану наёфтани парвозҳои баъдӣ хабари аниқу дақиқе нест…

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter