ХАБАРИ ДОҒ

Дод аз дасти савдогарони беимон

  • Чоршанбе, Март 30 2022

Хушвакт Хошоков, хонанда ва муаллифи доимии газетаи мардумии СССР аз ноҳияи Дӯстӣ ба идора занг зада, бобати гаронии нарху навом маҳсулоти ниёзи аввалия ибрози назар кард.

   - Дод аз дасти савдогарони беимон! Ин чи ҷабр аст бар сари мардуми бечора, дар байни 1 ҳафта нарху наво аз ҳад гузашт, инро давлат назорат мекунад ё не? Оқибати ин корро ягон кас фикр мекунад ё не? Боигарии тоҷирони беинсофу бевиҷдон ба кӣ лозим, онҳо аз мурдан фаромӯш кардаанд? Искандари мақдунӣ тамоми дунёро забт карду дасти холӣ рафт, о ин барои бойбачаҳои тоҷик панд нест!?

Муҳтарам А.Соқиев ва Савфат Бурҳонов! Давлати шӯравиро танқид мекунанд, аммо ин беинсофиро намебинанд? Халалдор кардани амнияти озуқаворӣ кори бозӣ нест, инро бояд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъҷилан ҳаллу фасл намояд.  

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter