ХАБАРИ ДОҒ

Туф андохтан бар аждод чаро?

  • Чоршанбе, Апр 06 2022

  20-21.03.2022. Ман филми «Холид ибни Валид»-и арабиро тамошо кардам. Сериоли дуру дароз. Воқеан ҳам тавсия медиҳам. Бинед. Филм дар бораи рӯзу рӯзгорони зуҳури Муҳаммад (с) қисса мекунад. Вале комилан пайғамбару саҳобагонро 1 тараф монда, 99% филмро инъикоси ҳаёту фаолияти аҳли ҷаҳли қавми Қурайш фаро мегирад. Филмро бинед ва бубинед, ки араб бо ҷадди ҷаҳли хеш то кадом ҳадд иззат ва икром мегузорад!

Дар филм қурайши аҳли ҷаҳл, ҳу ҳамонҳое, ки Пайғамбари Ислом (с)-ро аз Макка рондаву мусалмононро ситам мекарданд ва 4 бор ҳатто барои куштани Муҳаммад (с) ба Мадина лашкар кашидаанд,  онгуна ғурурманд, шарафманд ва баландрутба нишон дода мешаванд, ки ҳисобаш гум. Ин филм на танҳо аъроби аҳли ҷаҳл, ки ҳатто Ҳинд, ҳамсари Абу Сӯфиён, ҳамонеро, ки ҷигари Амир Ҳамза (р.) дарида, хомохом онро хӯрда буд, сафед мекунад. Ва медонед чаро?

Барои он ки араб медонад, инҳо аҳли ҷаҳл ҳам буданду ҳатто дар Қуръон бархеашро (Абу Ҷаҳл, Аби Лаҳиб ва ғ.) Худои муттаъол маҳкум ҳам карда бошад, бо-бо-ҳо-яшонанд!!! Боборо, ки сақат гуфтӣ, дашном кардӣ, таҳкир намудӣ, туф бар пушти худат аст. Коре, ки муллоҳои мо доимо мекунанд…

Яке аз писарони Абу Сӯфиён ибни Ҳарб ва Ҳинд бинти Утба бо номи Муовия  баъдан асосгузори халифати араб шуд, ки дар таърих бо номи Хилофати Димишқ номовар аст (661-750). Ман аслан дар бораи фоҷеаҳое, ки минбаъд аз писари Ҳинд ва хилофаташ сари авлоди пайғамбар (с) омад, чизе немегӯям. Зеро бетутуруқҳои тоҷикаки арабшуда, мӯҳри «куфр» дар даст доранд. Ман аз ишон ҳарос надорам. Зеро эмони маро Худо қабул кунад, на инҳо:

Халқе забон ба даъвии ишқаш кушодаанд,

Эй, ман ғуломи он, ки дилаш бо забон якест!

Ҳофиз формулаи имонро дар назар дорад, ки «Ал имону иқрорун бил лисони ва  тасдиқун бил қалб (Имон иқрор бар забон ва тасдиқ дар дил аст).

Ва аммо баъд маҳз дар ҳамин даврон Модари уммати мусалмонон Оиша (р)  ва Ҳасану Ҳусейн наберагони дӯстдоштатарини Муҳаммад (с) кушта шуданд. Кушта нашуданд-мӣ, ҳазрати домуллооҳоо??? Шуданд! Вале чаро шумо дар ин бора чизе намегӯед? Ибни Халдунро хонед!!! Дар бораи фоҷеаи террори умми мусалмонон ҳазрати Оиша (р) хеле муфассал навиштааст.

 Воқеан ҳам дар бораи «Муқаддимаи Ибни Халдун», ки яке аз китобҳои маъруфтарини ислом ба ҳисоб меравад, низ сухан ҳаст. Ибни Халдун ё худ Абу Зайд Абдурраҳмон ибн Муҳаммад (27.05.1332Тунис — 17.03.1406, Қоҳира) дар бораи сулолаи Бармакиён, ки тоҷикасланд онгуна бо нафрат факту далел меоварад, ки ту гӯӣ муллоҳои қазоқониву ваҳдатимон бошад. Ибни Халдун ин сулола ва дар симои онҳо тамомии Аҷамро ғуломи араб мехонад. Инро дар Муқаддимаи Ибни Халдун дармеёбед, китобе, ки бо тантана Энсиклопедияи Тоҷик даҳҳо ҳазор сомонӣ аз буҷҷа дода, тарҷума, таҳия, тасниф ва нашр кардааст. Баҳс накунед, муҳтарам до и после муллоҳо. Гуфтаи Абдуқодири Абдуқаҳҳор «китоб хонед!»…Арабҳо хуб ҳам мекунанд, ки худро аз тамомии миллатҳо боло мегиранд. Офаринашон! Ин басе беҳтар аз онест, ки миллати худро мисли муллоҳои мо пасттар аз дигарон пиндорӣ.

Ва ана акнун меоем сари моҷарои Абдуқодири Абдуқаҳҳор!!!

Чанде пеш 1 дӯст нимшӯхиву нимаҷиддӣ гуфт, «Нобути Абдуқодир, ки ҳукмашро фанатҳо содир кардаанд, вале Сайёфро чӣ бало расида, ки худро ба бало меафганад?». Ман зиёиям ва бояд аз зиёӣ пушт гирам. Ин миссияи ман аст ва агар касе аз ҳамтои хеш дар сахтӣ ва фишор рӯ мегардонад, мутмаинан зиёӣ не, ки зиё(т)ист. Мо Метавонем!

 Эй мардум! Абдуқодир кофир нест. Кофир касест, ки аз динаш рӯ тофтааст, расман ё пинҳонӣ. Ӯ бо забон иқрор ва бо қалб тасдиқ мекунад, ки мусалмон аст, вале гуфтаи қаҳрамони филми абадзиндаи «Белое солнце пустыни», «Ему за  державу обидно!!!».

            Ӯ мисли ана ҳамин арабҳои филмнавис мехоҳад, ки мо, тоҷикакони гӯлхурдаи араб, мусалмонони комилтар аз дилхоҳ араб, ҷадди худ, бобои худ, падари худро таҳқир накунем. Тамом вассалом. Моҷаро ана ҳамин аст.

Араб, онҳоеро, ки наберагону зани пайғамбари исломро куштаанд, «оправдат» мекунаду мо чаро 70 пушти худро таҳқиру маломат? Ин ҷо сухан сари Зардушт нест. Кӯру кару гунгу гаранг низ медонад, ки оини зардуҳуштӣ дини барҳақ набуд ва зимнан аз байн рафт. Вале аз барои савоб, о, то зуҳури Ислом худи араб низ мусалмон набуданд, 1 араб онҳоро ҳақорат мекунад? Ислом, агар набуд, пас мардум бояд бо роҳе Худоро парастиш мекард? Мо Буту Санаму Ҳубалпараст набудем. Бобоҳои мо сӯи оташ саҷда карда, Худоро меситуданд. Ин ҳақиқати кӯчакест, ки бояд донист.

            Вақте Қутайба ибни Муслим сӯи Кӯлоб лашкар кашид, бобоҳои мо чунон торумораш карданд, ки 200 сол бар худ наомад. Вале чун диданду дарк карданд, ки Ислом воқеан ҳам дини Худост, аз зардуштия рӯ оварданд ба Ислом:

-Ихтиёрӣ!!!

Ин, ки арабҳо дар хонаи тоҷикон 1 араб мемонданд, то арабиро ёду исломро ба зӯр қабул кунанд, ҳаргиз ба Тоҷикистони имрӯза дахл надорад. Онҳо ин корро дар Эрону Афғонистону Самарқанду Бухоро мекарданд. А, бобоҳои ману ту, хонандаи ин сутур, ихтиёрӣ Исломро қабул кардаанд. Мо табармусалмон нестем. Мо мусалмони ҳақиқитар аз худи арабем, ки сароғоз Муҳаммад (с.)-ро ронданд, куштанӣ шуданд ва сипас ағлаб барои ғасби кишварҳо ва сарватғундорӣ ислом оварданд. Мо арабро шикаст додем, дар соли 714, ки аҳли Бухорову Самарқанд сароид:

Аз Хуталон омадия,

Ба рӯ табоҳ омадия.

Овор боз омадия,

Ҳашан низор омадия!

Ва чандин сол ба баъд, чун бобоямон дид, Ислом дини барҳақ аст, ихтиёран мусалмон шуд. Зимнан ҷои ба 77 пушти худ нафрат хондан, ин корномаи бузурги миллати Тоҷикро қайд кунед дар маъвизаҳо ва бо ин ки бобоҳои мо ихтиёрӣ ислом овардаанд, ифтихор кунед. Вале ба кӣ мегӯй? Ба ҳамин 3-4 ришпарасте, ки аслан таърихро ё нахондаанд ва ё аз рӯи сарчашмаҳои «муътамад»-и арабии солҳои 600-700 ҳарф мезананд. Фаросат лозим, то миллати хешро иззат гузорӣ, а барои ин чӣ лозим? Оре, аккурат, китоб хондан!!!

Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter