ХАБАРИ ДОҒ

Чаро Тоҷикистон мағлуб шуд?

  • Чоршанбе, Апр 06 2022

 

Алиҷон Маҳмудов, узви Ассотсиатсияи Шореҳони варзишии Тоҷикистон, Аълочии матбуоти тоҷик ва хонандаи ҳамешагии СССР ба идораи СССР занг зада (83222-2-04-00), дар бораи бозии футболбозони тоҷик дар ш.Намангон фикри худро баён намуд. 

    - Дар ш.Намангони Ӯзбекистон мусобиқаи футболбозон барои дарёфти мукофот ва Ҷоми Наврӯз хеле хуб гузашт. Вале ман танҳо аз бозии байни мунтахабҳои Тоҷикистону Уганда ибрози андеша карданиам. Ба ростӣ нисбат ба африқоиҳо футболбозони мо хубтар ҳунарнамоӣ доштанд. Онҳо ҳатто ба ғалаба хеле наздик буданд. Ин хуб аст, аммо дар ҷамъбаст дар силсилаи зарбаҳои 11 метра дастаи Тоҷикистон мағлуб шуд. Барои ин бохт асло аз сармураббии нав, ки аз хориҷа аст, набояд ранҷид. Шояд ёрдамчиёни сармураббӣ ба бозӣ пурмасъулият буданд, вале онҳо ба оддитарин хатоиҳои тактикӣ роҳ доданд: тахмин то 80 дақиқаи бозӣ мураббиёни мо ягон нафар бозингарро иваз накарданд. Охир маҳорати дигар бозингаронро ҳам дар майдон санҷидан лозим буд. Хоби мураббиён бурд магар? 

    Чаро аз вилояти Суғд қариб ягон нафар футболбозро дар майдон надидем? Дар ҳоле, ки 4 дастаҳои Суғд дар Лигаи Олӣ ҳунарнамоӣ мекунанду ақаллан дастаи овозадори “Хуҷанд”-ро ҳам ба назар нагирифтанд. Куҷо шуданд Илҳом Баротову Дилшод Бозоров баринҳо, ки воқеан ҳам дар пеналтизанӣ маҳорату таҷрибаи хуб доштанд? Дар 5-7 дақиқаи боқимондаи вақти асосии бозӣ футболбозони мо тактикаи вақткашолакуниро пеша карданд, ки мутлақо хатои ҷиддӣ буд. Ҳатто барои ин кораш дарвозабон корти зард ҷазо гирифт. Бигузор ин хатоиҳои мураббиён 1 дарси ибрат шаваду яке аз мураббӣ-ёрдамчӣ ҳатман аз вилояти Суғд таъин карда шавад, он гоҳ кор нуран алонур мешуд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter