ХАБАРИ ДОҒ

Ғолибон дастгирӣ намеёбанд

  • Чоршанбе, Апр 06 2022

 

Абдуқаюм Кенҷаев, мухлиси ҳамешагии газетаи СССР аз н. Темурмалик ба идораи газетаи мардумии СССР занг зада (тел:918343145), гила аз ҳукуматдорони ноҳия намуд.

    - Тӯли 3 сол мешавад, ки дар озмуни ҷумҳуриявӣ  “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок мекунам. Дар соли 2-юми озмун собиқ раиси н.Темурмалик Фотеҳ Аминзода барои ғолибони даври ноҳиявӣ дар умум 15 000 сомонӣ ҷудо карда буд. Вале мо ба даври вилоятӣ роҳхат ёфтему аз ҷониби раиси ноҳия дастгирӣ нашуд. Дар соли 3-юми озмун низ ҳамин тавр шуд. Чунин ваъдаҳо на танҳо дар озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст",  балки дар озмунҳои " Илм-фурӯғи маърифат " ва “Тоҷикистон ватани азизи ман" низ такрор ёфт. Чаро ғолибони давраҳои ноҳиявиро дастгирӣ намекунанд?

   Дар низомномаи озмун гуфта шудааст, ки ғолибони озмунҳоро аз даври мактабӣ бояд дастгирӣ кард. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки дар тӯли 3 соли баргузории озмун ягон нафар аз даври ҷумҳуриявӣ соҳиби ягон ҷой нашудаанд. Моҳи октябри соли 2021 дар даври вилоятии озмун иштирокчиёнро сар-сарӣ пурсиданду халос, аммо дар низомномаи озмун омадааст, ки барои иштирокчиён вақти холӣ барои асарҳои хондашуда дода шавад, лек ин дида нашуд. Дар рафти ҷавоб додани саволҳо аъзои ҳакамон якдигарро нигариста механдиданд, ки ин ҳолат ба иштирокчиён сахт мерасид.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter