Ҳукумати Федератсияи Россия аз оғози соли 2022 бори дуюм аст, ки дар бораи истеҳсоли лаблабу ва шакари барзиёда дар соли ҷорӣ хабар дода, Иттиҳодияи истеҳсолкунандагони шакар низ ваъда додааст, ки имсол истеҳсоли шакар дар кишвар ба беш аз 6 млн. тонна хоҳад расид. Новобаста аз ин гуфтаву таъкид ва дурнамои истеҳсолӣ айни замон шакар аз рафҳои мағозаву марказҳои савдо ва бозорҳо гум шуда, дефитсити он ба назар мерасад. Ҳамин ҳоло нархи 1 кило шакар дар ярмаркаҳои бозории Маскаву Санкт-Петербург ва Қазону Екатеринбург 60 рубл бошад, дар мағозаю супермаркетҳои ин шаҳрҳо нархи 1 кило шакар 125-135 рубл аст. Ин ҳудудан ҳамон 10-12 сомонии мост. Ин дар ҳолест, ки ҳукумат мегӯяд шакар ҳаст, вале мардум бовар надорад: шакар ба рафи дӯконҳо нарасида, ба яғмо меравад!!!

Пас аз ҷанги Россияву Украина, ки таъсири худро албатта ба истеҳсолот ва воридоту содироти маҳсулоти хӯрока расонид, нарху навои маҳсулоти хӯрока-орду равған, шакару марҷумак (гречка) дар Россия ба маротиб хест. Таври маълум, вазъияти бозори Россия ба вазъияти кишвари мо, алалхусус ҳар 1 хонадоне, ки муҳоҷир дорад, таъсири хешро мерасонад.

Зимнан мо тасмим гирифтем, нарху навои шакар, маҳсулоти дефитситшуда дар Россияро дар бозорҳои Тоҷикистон пайгир шавем. Ин ҷо чӣ гап аст?

 

Нархи шакар дар Душанбе

28.03.2022. Соат бо вақти Душанбе 10:16 дақиқа. Нархи 1 кило шакар дар ярмаркаи назди бозори «Саховат»-и пойтахт 9 сомониву 60 дирам аст. Шакар фаровон асту харидор нест гӯем мешавад, на ажиотаж ва на навбат. Дар мағозаҳои шафати бозор нархи 1 кило шакар 10 сомониву 50 дирам ё 11 сомонист. Инҷо низ шакар фаровону одам нест.

28.03.2022. Соат бо вақти Душанбе 12:23 дақиқа. Нархи 1 кило шакар дар супермаркети «Сафар»-и назди бинои Сирки давлатии Тоҷикистон 10 сомониву 80 дирам аст. Шакар ҳаст, харидор нест.

28.03.2022. Соат бо вақти Душанбе 14:17 дақиқа. Нархи 1 кило шакар дар маркази савдои «Ситора» дар чорраҳаи ба қавле Дом печат 11 сомониву 40 дирам. Харидор нест!

28.03.2022. Соат бо вақти Душанбе 16:08 дақиқа. Нархи 1 кило шакар дар мағозаҳои яклухтфурӯшии бозори «Фаровон» 9 сомониву 20 дирам. Ҳоло 1 халтаи 50 килоии шакар чанд пул мешавад, худамон ҳисоб кунем, хонандаи азиз?

Х=50х9,2

Х=460

 

Спирт шакарро қимат кард

Нархи шакар дар олам ҳанӯз моҳи ноябри соли гузашта бо нуқтаи ниҳоӣ расида, назар ба аввали солҳои 2020 беш аз 4 маротиба гарон шуд. Дар оғози соли 2022 фючерсҳои шакари сафед то 22% гарон шуданд. Коршиносони умури молиявӣ мегӯянд, ки талаботи зиёд ба спирт, ки дар даҳсолаи ахир афзудааст, нархи шакарро дар биржаи лондонии ICE гарон кард.

Яке аз сабабҳои гарон шудани шакар ин афзоиши маҳсулоти спиртӣ (энергетикҳо), нӯшокиҳои ташнашикан (Кока кола, Пепси кола, Фанта) ва кам шудани майдони кишти лаблабу дар олам мебошад. Хушксолӣ ва гарон шудани нархи сӯзишворӣ ин намуди кишварзиро коҳиш дода истодааст.

 

Чаро лаблабу накорем?

Масъалаи кишти лаблабу ва бунёди 1 корхонаи истеҳсоли шакар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд маротиба дар газетаи мардумии СССР матраҳ шуда буд. Воқеан ҳам чаро мо бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлоли давлатии кишвар натавонистем лоақал 1 ноҳияро вобастаи кишти лаблабу кунему 1 корхонаи хурди истеҳсоли шакар созем?

Садҳо мактабу кӯдакистону бемористону бунгоҳи тиббӣ, корхонаҳои наву замонавии истеҳсолӣ, толорҳои зебои варзишӣ ва кохҳои фарҳанг сохтем, вале кишти лаблабу ва таъсиси 1 мини-корхонаи истеҳсоли шакарро фаромӯш кардем. Ҳанӯз ҳам дер нашудааст ва технократҳои мо бояд сари кишти лаблабу ва бунёди ҳамчунин 1 корхонаи истеҳсолӣ дар яке аз вилоятҳои кишвар фикр кунанд. Барои ин амал шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон беҳтарин маконанд, мегӯянд кишоварзон. Шакари истеҳсоли Тоҷикистон маҳз дар чунин вазъият метавонад бозорҳои кишварро пур ва буҷаи оилавиро ғанӣ гардонад, чаро не!?

 

Нафт ҳам гарон шуд

Ашёи дигаре, ки аз нархи он вазъияти на танҳо иқтисодии ҷаҳон, балки бозори хӯрокаи ҷаҳонӣ вобастагӣ дорад ин нархи маводи сӯзишворӣ-бензину газу керосин мебошад.

Дар шумораи гузашта дар матлабе вобаста ба ҷаҳиши нархи чиптаҳои парвоз мо гуфта будем, ки яке аз сабабҳои гарон шудани нархи чиптаи парвоз дар олам имрӯз нархи гарони маводи сӯхт-нафт шудааст. Ва боз ҳам маҳз ҳамин нархи нафт аст, ки ҳоло мубодилаи мол, воридоту содирот байни кишварҳо низ ба маротиб гарон шуда, он ҳатман таъсири худро ҳангоми нархмонӣ мегузорад.

Тавре сомонаи www.rbc.ru рӯзи 28.03.2022 навишт, нархи 1 баррел нафти тамғаи  Brent субҳи ҳамон рӯз $113,40 буда, бегоҳи ҳамон рӯз алакай боз  $3 боло рафтааст. Нархи 1 баррел нафт ҳамин моҳи соли гузашта $84-86-ро ташкил медод. Нархи ин тамғаи нафт ҳар соат 20-23 сент афзоиш ёфта истодааст.

 

Ай-да Путин, ай-да молодец!!!

Дар ҳамин маврид, сарвари Кремлин, В.В.Путин Аврупоро ҳайратӣ кард, ки гуфт, «мо тибқи муқаррарот истихроҷи газро ба Аврупо кам намекунем, вале дар оянда онҳо бояд гази моро бо…пули худи мо харанд!». Яъне минбаъд Иттиҳоди Аврупо бояд бо рубли русӣ гази урусиро харидорӣ кунад.

Ин гашти Путинро коршиносон чун ҳуҷуми «гарде дар шоҳмот» қабул карданд. Гардӣ ё худ гарде гардишест, ки асп ба 2 фигураи асосии тахтаи шоҳмот-ферз (вазир) ва ё ладя (рух) ҳуҷум мекунад (мӯҳраҳои майда-чуйда гарде намешаванд!!!). Бозигар ҳамагӣ 1 имкони интихоб дорад:

- кадом мӯҳраро қурбони аспи рақиб кунад. Зеро 1 фигура бояд ҳатман мирад!

Путин низ гуфт, газ медиҳем, вале на бо доллару евро, балки маҳз бо рубл!!! Гарде ба еврову доллар ва халқи оддӣ. Акнун арзиши рубл дар Аврупо боло меравад-агар Бруссел доллару евроро қурбонӣ кунад. Вале агар бо рубл нахаранд, пас сарварони Германияву Венгрияву Полшаву Болгария ва ғ. фигураи дигарро қурбон мекунанд:

-Халқи худро!!!

Зеро захираи чоҳҳои аврупоӣ то замистон намерасад ва хонаи мардум сард мешавад. Аз ҷониби дигар 60-70% корхонаҳои саноатии бархе аз давлатҳои калидии Иттиҳоди Аврупо, мисли Олмон, маҳз бо гази русӣ фаолият доранд. Дар сурати қабул накардани пешниҳоди Путин, Маскав метавонад, Аврупоро ба аҳдшиканӣ муттаҳам карда, лӯлаи «Северный поток»-ро бандад ва ана он гаҳ…Европа ба буҳрони бекориву сардиву торикӣ меафтад.

Ин дар ҳолест, ки тибқи дархости Вашингтон ва Бруссел аксарияти кулли кишварҳои Аврупо ба Россия таҳрими иқтисодӣ эълон кардаву ҳамагуна муносиботро қатъ кардаанд.

Дар ҳар сурат ВВП дигар илоҷе надошт ва пас аз фикри тӯлонӣ фишори газиро рӯи даст гирифт ва нуқтаи соати бозии шоҳмотро пахш кард.

Акнун навбати фикр кардан ба Бруссел дода шуд. Ку бубинем, онҳо чӣ гардише мекунанд?

Шиква ба ВТО? Намешавад, зеро ин созмони ҷаҳонии савдо аллакай бо Россия қаҳрист.

Суди байнулмилалии иқтисодӣ? Он низ аз Россия рӯ тофта буд.

Фишору таҳрими навбатӣ сари Маскав? Боз кадом соҳа мондааст, ки фишор оваранд???

Воқеан ҳам гашти гардеи Путин гашти олитарин дар тахтаи шоҳмоти сиёсист:

-Фишер, а не Путин!!!

Мо Метавонем!

 

Минуи Амин,

М.Мубориз

Махсус барои СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase