Мавлои Балхӣ ба Балх баргашт!!!

  • Чоршанбе, Апр 06 2022

 

Наврӯзи Хатлон

Тавре аз маркази матбуотии вилоят ба газетаи мардумии СССР хабар доданд, тантанаҳои асосии наврӯзии мамлакат имсол дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхии вилояти Хатлон баргузор гашт. Дар баробари тантанаҳои наврӯзӣ ва намоиши маҳсули дастони кишоварзон ва ҳунармандону занони кадбонуи хатлонӣ, ифтитоҳи якчанд иншооти ҷашнии сатҳи олӣ-Парчаму Нишон, муҷасамма ва мақбараи Мавлоно Ҷалолидин Балхӣ, Маҷамааи варзишии муосир, шаҳраки нав барои омӯзгорон ва хонандагони Мактаби байналмилалии Президентӣ бо ширкати Сарвари давлат низ беҳтарин тӯҳфаи идона на танҳо барои сокинони шаҳру навоҳияи вилояти Хатлон, балки тамоми ҷумҳурӣ гашт.

 

Парчам ва Нишони давлатӣ

21.03.2022. Нахуст бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бояд гуфт, ки баландии сутунпояи Парчами давлатӣ 64 метрро ташкил намуда, андозаи матои он 10 ба 20 метр мебошад. Майдони Парчами давлатӣ барои сайру гашт, истироҳати сокинону меҳмонон рӯзона ва шабона, инчунин гузаронидани чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишӣ, аз ҷумла машқҳои пагоҳирӯзӣ мусоид мебошад.

Майдони Нишони давлатӣ низ бо санъати баланди меъморӣ ва истифодаи сангҳои ороишӣ бунёд ёфта, корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд анҷом дода шудааст. Баландии пояи Нишони давлатӣ 26 метрро дар бар мегирад.

 

Гулгашти Ҷалолиддини Балхӣ

21.03.2022. Дар шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гулгашт, муҷассама,  мақбара ва осорхонаи яке аз бузургтарин суханварони машриқзамин-Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Иншооти мазкур дар ҳудуди Маҷмааи варзишии маркази шаҳраки Балх бунёд ёфта, корҳои созандагӣ дар ин ҷо соли 2018 оғоз гардида буд. Муҷассамаи шоир ва файласуфи маъруфи тоҷик 17 метр баландӣ дорад.

Ҳудуди Маҷмааи варзишӣ ва гулгашти Ҷалолиддини Балхӣ дар масоҳати умумии 3,75 гектар кабудизору гулкорӣ шуда, ба макони зебои истироҳату фароғати бошандагони ноҳияи Балхӣ табдил ёфтааст. Дар ин ҷо беш аз 200 ҳазор гули лола, 60 ҳазор гули садбарг, зиёда аз 600 дарахти гуногуни ҳамешасабз ва ороишӣ, аз ҷумла, каштану навъҳои мухталифи арча шинонида шудааст, ки намои гулгаштро хеле зебо кардаанд.

Чанд қадам дуртар аз муҷассама Мақбараи оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҷой гирифтааст. Мавриди зикр аст, ки бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар шаҳри Қуняи Туркия 1 каф хок ба марқади Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оварда шуда, тибқи муқаррароти дини мубини ислом бо риояи аркони суннатии мо ба оромгоҳи ӯ гузошта шуд. Хотиррас мешавем, чанд сол қабл бо чунин иқдом, мушти хоки Камоли Хуҷандӣ аз Табрез оварда шудаву мақбараи шоир дар маркази вилояти Суғд бунёд гардида буд.

Мавриди зикр аст, ки Ҷалолиддин Муҳаммад ибни Баҳоуддин Муҳаммад ибни Ҳусайн Хатибии Балхӣ, соли 1207 дар ноҳияи Вахши Тоҷикистон таваллуд шуда, яке аз бузургтарин олимон ва шоирони равияи тасаввуфи халқи тоҷик аст. Осори бегазанди ӯ, аз ҷумла “Девони ғазалиёт” ё “Девони кабир” ва “Маснавии маънавӣ”-и Балхӣ аз дурдонаҳои арзишмандтарини адабиёти на танҳо мардуми тоҷик, балки кулли халқиятҳои дунё мебошанд. На беҳуда гуфта шудааст:

Маснавии маънавии Мавлавӣ,

Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ.

 

Мактаби байналмилалии Президентӣ

21.03.2022. Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар Маҷмааи навбунёди фарҳангӣ, варзишӣ ва таълимии шаҳраки Балх бинои хуштарҳу муосири Мактаби байналмилалии Президентӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Муассисаи таълимии мазкур барои 720 нафар хонандаи болаёқат дар 1 баст пешбинӣ гардида, бо саҳми соҳибкори ватанӣ Раҳматулло Саъдуллоев ҷавобгӯ ба талаботи муосир сохта шудааст. Барои таълиму тарбияи насли ояндасоз дар ин даргоҳи маърифат 75 омӯзгор ба кор ҷалб гардид.

Ин нахустин Мактаби байналмилалии Президентӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон буда, аз 3 ошёна бо таҳхона ва 36 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла, химия, биология, технологияи иттилоотӣ, лингафонӣ, таълими меҳнати писаронаю духтарона, китобхона, кабинетҳои омӯзгорону роҳбарият, ҳуҷраҳо барои баргузории маҳфилҳои гуногун ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Тамоми синфхонаҳо бо навтарин дастгоҳу аёнияти таълимии соҳа, аз ҷумла, компютеру тахтаҳои электронӣ ва дастгоҳҳои ҳунаромӯзӣ таъмин карда шудаанд. Мактаб инчунин дорои озмоишгоҳҳои муосири фаннӣ мебошад.

 

Аренаи нав дар Тоҷикистон

21.03.2022. Ҳамчунин дар ин рӯзи идона Варзишгоҳи марказии ноҳия мавриди истифода қарор гирифт. Майдони маҷмааи варзишӣ 6 гектар, варзишгоҳ барои 15 000 ҷойи нишаст ва маблағи умумии сохтмон 36 миллион сомониро ташкил медиҳад. Бинои варзишгоҳ 3-ошёна буда, дар он барои варзишгарон ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, ҳаммом, ҳуҷраҳои духтурон ва маъмурият, инчунин дигар иншооти ёрирасон мавҷуд аст. Дар маҷмааи варзишӣ барои духтарону писарон толорҳои алоҳидаи машқу тамрин бунёд шудаанд.

Маҷмааи варзишӣ аз 1 даромадгоҳи марказӣ ва 5 даромадгоҳи иловагӣ иборат мебошад. Масоҳати майдони футбол 118Х72 метрро ташкил дода, ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шудааст. Дар ин маҷмааи муосири варзишӣ ҳамчунин имкон аст, ки дилхоҳ чорабиниҳои сатҳи баланди фарҳангӣ ва бозиҳои футболи сатҳи боло гузаронида шавад.


Гуфта мешавад, дар корҳои созандагӣ саҳми яке аз соҳибкорони муваффақи Тоҷик, Ҳасан Саъдуллозода-раиси ҶСК Ориёнбонк хеле назаррас аст, вале ишон бо хоксории зотие, ки доранд, нахостаанд, исмашон фош шавад. Дар ҳар сурат, дастатон дардро набинад, акои Ҳасан-нафари ватансоз!

Мо Метавонем!!!

Таснифи Ҷамила Ҳусейн

хабарнигори СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase