ХАБАРИ ДОҒ

Хатти арабӣ бадбахтии мо буд, ҳаст ва мемонад!

  • Чоршанбе, Апр 13 2022

 

 

 

 

 

03.04.2022. Дар 1 радио сӯҳбати ихтисосии 1 журналистро гӯш кардам, ки гуфт, бо ҷамиъи дӯстдорони миллату забон зери изҳороте имзо гузоштаанд, ки Тоҷикистон бояд ба хатти арабӣ (ниёгони мо хатти худро доштанд!) баргардад. Инҳо бар назаранд, ки танҳо бо ҳамин усул метавон аз захираҳои адабиву илмиву фарҳангии гузаштагон баҳравар шуд. Ман ин хаттро хуб баладам ва борҳо гуфтаву боз мегӯям, баргардиш ба хатти арабӣ сари миллати мо бадбахтиҳои нав меорад.

 

 Кӯдаке, ки бо 1 ҳарфи «З», «Т», «С» китоб намехонаду савод надорад, магар бо чаҳор «З» (зод, зол, зе ва изғе), 2-3 «Т» (итқе ва те-боз «ҳ»-и 2-нуқта аст, ки дар аксари маврид «т» хонда мешавад) ва 3 «С» (мусалласа, син, сод) магар савод бардоштаву китоб мехонад? Ҳаргиз на!

 

Банда низ солҳои тӯлонӣ тарафдори баргардиш ба ҳуруфи ниёкон будам, вале акнун ба хулоса омадам, ки чунин баргардиш на танҳо насли навро бе савод месозад, ки 3 насли қаблиро, ки донишу фарҳанги қавии даврони шӯравиро касб кардаанд, низ аз марзи донишу хатти савод унтарафтар мегузорад.

 

Тарафдорони «баргардиш ба арабӣ» ба олам ҷор задаву исбот карданӣ мешаванд, ки хатти арабиасоси форсӣ роҳи раҳоӣ аз варта аст. Вале маъзарат, магар гурҷиву арманиҳо, ки хатти вежа, индивид, ягона ва беназир доранд, дар илму донишу маърифат ва навовариҳо аз форсзабонони арабҳуруф қафо меистанд? Ҳоло ман дар бораи қавми яҳуд ва хатти иврит, ки ҳамагӣ 22 ҳарф дорад, сухан намекунам, ки худ медонед онҳо бо ин алифбои ягона ва дониши оламгир дар куҷо истодаанд!

 

 Ба мо мегӯянд, ки бе ҳуруфи арабиасос мо бо таърихи ниёкони хеш ва мероси бузургонамон ошно намешавем. Боз ҳам маъзарат: чанд бузурге дорем, ки  асари оламшумул навишта бошанду он кутуб бо ҳуруфи сирилик баргардон нагаштааст? Тамомии мероси гузаштагонамон, бе вежа он адабиёте, ки аҳамияте барои одамият доштанду доранд, сар аз Рӯдакиву Фирдавсӣ то Шоҳину Туғрал кайҳо баргардон шудаанд. Касе бовар надорад, 1 бор ба озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» мурур кунад: кӯдакони мо бештар аз афғону эронбаччаҳо бо ин адабиёт ошноянд!

 

Ҳатто Қуръон ба Тоҷикӣ тарҷума ва бо ҳуруфи сирилик нашр шудааст. Гиру хон, бача! Фиреби муллоро нахӯред, ки аз худ мебофанд, Қуръонро бояд бо ҳуруфи арабӣ хонд. Ягон Китоби Худо бо ягон ҳуруфе ба замин нафаромадааст. Бо сухан омадаанду сипас кутубат гардидаанд. Зимнан ин китобҳоро бо ҳар ҳуруфи ба шумо дастрастар ёбеду хонед.

 

Боз ҳам зумрае далел меоранд, ки хатти арабиасос моро бо илму дониши ҳамзабонони эрониву афғониамон наздиктару зичтар менамояд. Маъзарат, вале эрониву афғон чӣ ихтироъе кардаанд, ки олами илму техника ва физикаву химияро тарконда бошаду мо ҳамаро партофта, думи хатташонро гирем? Эроне, ки 42 сол шуд, 1 бомбаи атомӣ ун тараф АЭС сохта наметавонад бо Афғонистоне, ки фарҳангаш ҷанг асту тундгароӣ ба мо чӣ дода метавонад? Ё мехоҳед, бо Толибон ба асри 7-8 баргардед?

 

 Ҳуруфи арабиасоси ниёконамон, дуруст аст, ки надонистанаш танҳо дар 1 самт тормоз шуда метавонад: Шеър, қофия ва вазн. Надонистани ҳуруфи арабӣ метавонад дар ҳолати баргардони шеър ба форсии арабӣ шоирро шарманда кунад. Зеро, масалан Ишқ бо Ъайн, яъне Ъишқ навишта мешаваду дар аксари маврид шуарои мо фикр доранд, ки дар вазн ҳарфи охирро ин вожа мекашад ва сакта дар шеърашон пайдо мешавад ва ғ. ва ҳ. Ё худ калимаҳое, ки дар мо бо 1 ҳарфи С, З, Т меоянд, дар хатти арабиасоси форсӣ, тамоман бо дигар ҳуруф оғоз ва хатм мешаванду дар ҳолати бозгардон хандаовар. Аммо ин проблемаи 1 шоир аст. Бигзор фарҳанг хонаду донад, ки кадом вожа бо Итқе, То ё Ҳ-и дунуқта тамом мешаваду кадом калима бо Син, Сод, Се ва ё Зоду Золу Зеву Изғе, то дар қофия хато накунад. Вале дар (ъ)Илм вазну қофия усулан лозим нест. Зимнан хатти арабиасос дар ягон давру замон забони илму дониш набуд! Медонам, хонанда, ки ҳамин ҳоло Синову Берунӣ...ро мисол меорӣ. Вале фаромӯш накунед, ки таҳкурсии дониши онҳо хатти лотинӣ буд!!!

 

 Зид не, истиқбол мекунам, онҳоеро, ки хатти форсии арабиасосро медонанду мехонанду менависанд. Молодцы! Вале набояд аз ин «илми хеш» дӯкони таблиғу ташвиқ бунёд карду мардумро гӯл зад, ки баргардиш ба форсии арабиасос гӯиё роҳи раҳоӣ аз варта бошад. Ман низ ин хаттро дар кафедраи низомии Университети Ленинград, дар шуъбаи иктишофӣ-тахрибкории эронӣ (оре, чунин кафедраҳо дар СССР буданд ва ҳоло ҳам ҳастанд) хондаам ва шукри Худо, ки хеле хуб баладам. Зимнан дар пасманзари ана ҳамон хатте, ки хондааму мехонаму мебинам, пофишорона мегӯям:

 

-Баргардиш ба хатти арабии форсӣ бадбахтии навбатии миллӣ хоҳад гашт!

 

Касе бо ман розӣ нест, биёед баҳс мекунем. Баҳси созанда, на сӯзанда, илмӣ, на фанатикӣ, ақлӣ на эҳсосӣ.

 

Мо Метавонем!!!

 

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter