Конфронси 3-юми вазирони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ки дирӯз дар Чин баргузор гардид, "Tашаббуси Тунс" барои пуштибонӣ аз эҳёи иқтисоди ин кишвар пазируфта шуд. Аммо эътирофи таърихии Толибон ба унвони 1 қудрати қонунӣ дар Афғонистон сурат нагирифт (Хушбахтона).
Аммо Ӯзбекистон пешниҳод кард, ки механизмҳои эътирофи расмии Толибон таъсис дода шавад, ки ҳамгироии Афғонистон ба ҷомеаи ҷаҳониро суръат мебахшад. Эҳтимол меравад, ки Эрон ба “сегонаи васеъ” шомил шавад, агар чунин шавад, пас онҳо дар раванди эътирофи Толибон нақши калидӣ хоҳанд дошт.
Туркманистон аз талошҳои Кобул дар мубориза бо терроризм ҳимоят кард.
Тоҷикистон таъсиси "камарбанди амниятӣ"-ро дар атрофи Афғонистон пешниҳод кард ва ҳамчунин 6 пули миёнмарзии худро барои интиқоли кумакҳои башардустона ба мардуми Афғонистон дар ихтиёри созмонҳои байналмилалӣ гузошт.
Шаҳноз Комилзода,
шаҳри Душанбе