ХАБАРИ ДОҒ

Хатсайрҳои байнишаҳрӣ: чаро нарх танзим намешавад?

  • Чоршанбе, Апр 13 2022

Ҳафтаи гузашта якчанд нафар аз хонандагони газета ба идора занг зада, аз гарон шудани нархи роҳкирои воситаҳои нақлиёти мусофиркаши байнишаҳрӣ шикоят карданд. Алалхусус, дар рӯзҳои тантанаҳои наврӯзӣ ва оғози истироҳати 1 ҳафтаинаи мардум нархи автобусу сабукравҳои байнишаҳрӣ ва байниноҳиявӣ ба маротиб боло рафта, аз 80-100 сомонӣ дар самти Суғду Рашт то ба 150-250 сомонӣ хест. Нархи роҳкиро аз пойтахт ба самти Бадахшон, ки бе ин ҳам то ба 450-500 сомонӣ расида буд, дар рӯзҳои ид то ба 700 сомонӣ барои 1 нафар дакка хӯрд.

 

Бардошт зам кун

Шервони Умриддин, журналисти тоҷик рӯзи 21.03.2022 дар саҳифаи фейсбукии худ навишт, ки нархи роҳкирои Душанбе-Исфара 350-400 сомонӣ, Душанбе-Хуҷанд 250-300 сомонӣ, Душанбе-Истаравшан 180-220 сомонӣ, Душанбе-Панҷакент 150-200 сомонист. Дар баробари ин Абдулхалил Раҳмонов, 1 хонандаи дигари мо аз н.Панҷ арз кард, ки қаблан агар тавассути автобусҳои ширкати «AsianExpress» аз маркази ноҳия то ба ноҳияи Ҷайҳун бо 15-20 сомонӣ мерафтӣ, пас аз ҷашни Наврӯз ин нарх ба маротиб хеста, ронандаҳои ин хатсайри автобусӣ акнун аз мусофирон нархи пурраи хатсайр-60 сомонӣ талаб доранд.

Воқеан ҳам дар рӯзҳои аввали наврӯзӣ, ки тамоми дорнишҷуёну кормандону хизматчиёни давлатӣ ба зодгоҳашон роҳ пеш гирифтанд, нархи роҳкирои хатсайрҳои байнишаҳрӣ аз самти Душанбе хеле гарон шуд. Масалан ба ш.Хуҷанд бо 250 сомонӣ мерафтию аз он ҷо бо 100 сомонӣ бармегаштӣ. Вале рӯзҳои ахири моҳи март, ки мардуми барои истироҳату дидорбинӣ рафта, ба ш.Душанбе бармегашт, нарх аз  Кӯлобу Панҷу Хуҷанд, Хоруғу Рашт ба сӯи пойтахт хест: -Бардошт зам кун!

 

«Asian Express»: рейсисаҳархубу

31.03.2022. Соат бо вақти Душанбе 07:15 дақиқа. Ин рӯз ба самти вилояти Хатлон танҳо 2 хатсайр амалӣ мекардааст, яке сӯи н.Панҷ ва дигаре ба самти ш.Кӯлоб.  Мардум дар автовокзали пойтахт барои сафар дар рейси Душанбе-Панҷ чипта мегирифтанд. Мо ҳам дар навбат истодем. Нархи роҳкиро то Панҷ 70 сомонӣ, то ш.Бохтар 35 сомонӣ. Мусофирон аз гаронии нарх шикоят карда мегуфтанд, то Наврӯз  нарх 50 сомонӣ буд, дар мудати 10 рӯз 20 сомонӣ гарон шудааст.

Ман ҳам барои сафар то ш.Бохтар бо 35 сомонӣ чипта гирифтаму ба автобуси №681 нишастам. Дар чиптаи сафар, ки барои ман ғайричашмдошт буд, зеро дар ҳақиқат намедонистам, ки мусофирон чипта харида мешинанд, ҷойи ман курсии №4 муайан шуд. Автобус расо соати 07:55 ба ҳаракат даромад. Дар автобус 33 мусофири чиптахарида нишаста буданд, ки аксарияти 2-3 тои кӯдак доштанд. Тавре пас ронандаи ин автобус О.Қодиров гуфт, мардуми ин хатсайр махсус автобусро интихоб мекунанд, зеро метавонанд 2-3 кӯдаки худро ройгон бубаранд. Бурдани бор низ ройгон будааст.

Соат бо вақти Душанбе 08:13 дақиқа. Автобус ба истгоҳи назди бозори «Саховат» расид. Аз он, ки шояд дар ин истгоҳ соатҳои зиёд дар интизори мусофир истем маро нигарон кард. Ронанда бояд боз 14 мусофири дигар мегирифт ва ҳамин тавр ҳам шуд, дар мудати 10 дақиқа автобус пур шуду расо соати 08:30 дақиқа ба роҳ баромад. Мусофирони ин хатсайр соатҳои аниқу дақиқи ҳаракати автобусро медонистаанд, ки он зуд пур шуд.

Соати 09:43 дақиқа дар гардиши терминали ш.Бохтар ман аз автобус фаромадам, вақти сафар аз пойтахт то инҷо 1 соату 49 дақиқаро гирифт, вале хеле хуб омадам, баҳузур, бидуни телаву тамбаву саросемагӣ.

 

…рейси 2-юм бад!

Тавре маълум шуд мусофирон асосан хатсайри саҳарро интихоб мекардаанд, зеро он бештар дар вақташ ҳаракат карда, сари вақт ба Панҷ мерасад, хатсайри 2-юми он, ки соати 12 аз автовокзал ҳаракат мекунад, хеле дардисарсоз аст. Дар ин бора ҳамкори дигари мо Шамсулло Фозилов рӯзи 03.04.2022 дар саҳифаи фейсбукиаш чунин навишт:

   «- Ин автобуси ширкати "Эйшн экспресс", ки ба самти ноҳияи Панҷ равон аст, тибқи қоидаи ҳаракат, соати 12 аз автовокзали шаҳри Душанбе баромадаасту бояд давоми 3-3 соату 15 дақиқа мусофиронро ба манзил бирасонад, соат аз 14 гузаштаву то ҳанӯз дар истгоҳи назди бозори "Саховат" ба мусофиргирӣ машғул аст. Норозигии мусофирон бештар аз он аст, ки бо вуҷуди он ки бо арзиши 60 сомонӣ чипта харидорӣ кардаанду автобус пур гашт, беш аз 2 соат аст, ки онҳо дар дохили автобусанду "посадчик"-аш боз мусофир суроғ дорад. Ин дар ҳолест, ки феълан арзиши роҳкирои таксиронҳои самти ноҳияи Панҷ ба 60 ва ҳатто ба 50 сомонӣ поён рафтаасту нархи роҳкирои автобус бошад, 60 сомонӣ мондааст.»

 

Аз 1 тараф гарону аз тарафи дигар арзон?

Зимни сафар то Бохтар аз мусофирон дар бораи нархи роҳкиро пурсидам. Маълум шуд, ки нарх аз пойтахт назар ба рейси баръакс каме гаронтар аст. Масалан аз Душанбе то Панҷ аз пойтахт арзиши роҳкиро 70 сомонӣ бошад, аз Панҷ ба Душанбе 60 сомонӣ барои 1 нафар аст. Дар баробари ин аз н.Панҷ то н.Ҷайҳун-15 сомонӣ, то н.Ҷ.Балхӣ-20 сомонӣ ва то ш.Бохтар 30 сомонӣ будааст. Чаро ин тавр ман нафаҳмидам, мисли оне, ки чаро ронандаи хатсайри Панҷ-Душанбе ҳафтаи пор аз хонандаи гиромии мо Абдулхалил Раҳмонов аз Панҷ то Ҷайҳун 60 сомонӣ талаб кардааст. Шояд ин системаи махсуси нархгузории ширкати «AsianExpress» бошад ё тарофаҳое, ки худи ронандаҳо дар сафар ба мусофир нигоҳ карда мегузоранд?

Мо танҳо 1 хатсайри автобусиро таҳлилу баррасӣ намудем, тавре аз шикоятҳои хонандагон бармеояд, дар хатсайрҳои дигари ин ширкат низ вазъи нархгузорӣ нигароникунанда аст.

 

Чаро нарх танзимшаванда нест?

Тавре мутахассисони Раёсати автомобилии рӯизаминии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯянд, нархи роҳкиро дар тамоми хатсайрҳо бояд аз рӯи километраж ҳисобида шавад ва маводи сӯзишворие, дар ин масофа ба харҷ меравад, ҳисобида шавад. Масалан масофаи байни ш.Душанбе ва н.Панҷ 200 км аст ва бо назардошти харҷи маводи сӯзишворӣ дар ин масир нархи роҳкироро 70 сомонӣ муайан кардаанд. Аз ш.Душанбе то ш.Бохтар масофа 100 км аст ва барои ҳамин нисфи тариф-35 сомонӣ роҳкиро муайан шудааст. Таксиҳои хусусӣ бошад барои сафар дар ин масир 40 сомонӣ мегиранд.

Он, ки нархи роҳкиро бояд аз рӯи километраж ва нархи маводи сӯзишворӣ муайан карда шавад маълум аст, вале чаро он танзим намешавад? Нархи роҳкирои автобусҳои «AsianExpress» чаро дар самти Суғду Рашту минтақаи Кӯлоб танзимшаванда нест? Чаро Раёсати хадамоти давлатии танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти зиддиинҳисории кишвар, ки танзими нарх вазифаи ҷониашон аст, дар ин самт коре намекунанд? Намехоҳанд ё наметавонанд? Мо пайгири мавзуъем.

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР,

Душанбе-Бохтар-Душанбе

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter