ХАБАРИ ДОҒ

АЗ ОН РӮЗГОР 30 СОЛ СИПАРӢ ГАРДИД

  • Чоршанбе, Апр 13 2022

30 сол пеш дар Душанбе митингҳои беохир оғоз шудаву идома доштанд. Касе намедонист, ки пагоҳ чӣ мешавад. Ҳатто дастандаркорони митингҳо намедонистанд, ки кори оғозкардаашон ба чӣ меанҷомад…

ОҒОЗ

       Аз он сар шуд, ки раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Кенҷаев дар Раёсати Шӯро фаъолияти вазири корҳои дохилӣ Маҳмадаёз Навҷувоновро бо шеваи тунд муҳокима кард. Оё дуруст буд, ки фаъолияти вазирро дар Раёсати Шӯрои Олӣ муҳокима кунанд? Ҳам дуруст ва ҳам нодуруст. Чаро?

Вазир аъзои ҳукумат асту онро Президент таъйин мекунад. Дар ин ҳолат бояд вазирро раиси Девони вазирон Акбар Мирзоев ё Президент Раҳмон Набиев муҳокима мекарданд. Агар камбудӣ дошт, пас аз вазифа озодаш мекарданд. Аммо накарданд. Чаро?

 

Сарвазири суст…

Дар ибтидои фаъолият Акбар Мирзоев дарк карда буд, ки барои иҷрои вазифаи раиси Девони вазирон таҷрибааш кам асту ӯро ба хотири тандеми дар интихоботи Президент пайдошуда ба ин вазифа таъйин кардаанд (Беҳтар мебуд агар Раҳмон Набиев таҷрибаву вазни сиёсии Иззатулло Ҳаёевро истифода мебурд. – С. Г.). Ва раиси Девони вазирон қариб амалеро анҷом намедод, расонаҳо ягон иттилое дар бораи фаъолияташ пахш намекарданд. Бо фарқ аз ин, ҳамарӯза расонаҳои давлатӣ фаъолияти Раиси Шӯрои Олӣ Сафаралӣ Кенҷаев ва ноиби Президент Нарзулло Дӯстовро инъикос мекарданд. Ин 2 нафар хеле фаъол буданд, вохӯриву мулоқотҳояшон бо коргарону деҳқонон, ҷавонону донишҷӯён, олимону эҷодкорон аз тариқи телевизион пахш мешуд. Эҳсос мешуд, ки ин 2 нафар заифиву ақиб монданҳои Раҳмон Набиевро аз сиёсати замона хуб истифода мебаранд. Ин ҳама мушовирони пасипардагии Президент Раҳмон Набиевро водор сохт то лаҷоми Кенҷаевро кашанд.

 

Навҷувонови дурандеш ва Набиеви наздикбин

Ошкор гардидани камбудиҳои ҷиддии молиявӣ дар ВКД фурсати қулай барои ин амал гардид. Президент метавонист вазирро озод кунад (аслан бояд ҳукумат баъди интихоб шудани Президент бояд ба истеъфо фиристода мешуд), аммо накард. Ёдовар мешавем, ки дар интихоботи президентӣ ҳарифи сахти Раҳмон Набиев Давлат Худоназаров буд. Ин аллакай хеле чизҳоро бозгӯйӣ мекунад, яъне мухолифини Набиев ҳамин гурӯҳҳое буданд, ки аз Худоназаров пуштибонӣ мекарданд.

          Вазир Маҳмадаёз Навҷувонов хуб медонист, ки дар ҳукумати Раҳмон Набиев дер намепояд, ҳатман аз вазифа озодаш мекунанд. Зеро дар митингҳои тирамоҳии соли 1991 кормандони ВКД бо супориши вазир комилан мавқеи бетарафиро ишғол карда буданд (Бояд гуфт, ки аз охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-уми асри 20 бинобар сиёсати бозсозии тахрибкоронаи Горбачев фаъолияти ҳама сохторҳои давлатӣ, ба ҷуз ниҳодҳои амниятӣ рӯ ба фалаҷшавӣ ниҳод. Аз ҷумла, фаъолияти роҳбарияти ВКД Тоҷикистон низ дар ин давра ба талаботи замон ҷавобгӯй набуд. – С.Г.).

 

Кенҷаев бояд бартараф мегардид!

Муҳокимаи фаъолияти вазири корҳои дохилӣ дар ШО нақшаи қаблан тарҳрезишудае буд. Бо дасти Кенҷаев Навҷувонов ва бо дасти мухолифин Кенҷаев бояд яктарафа карда мешуд. Ин формулаи хеле содалавҳона буд, ки Набиеву мушовиронаш бовар дошт натиҷааш ба манфиати ӯ анҷом меёбад. Аммо Набиев сиёсатмадори прагматик набуд, қариб воқеияти сиёсии замонро дарк намекард, ҳанӯз ҳам ба умеди Маскаву Тошканд буд. Дарк накарда буд, ки ӯ котиби аввали Ҳизби коммунисти Тоҷикистон не, балки Президенти давлати мустақил аст. Дарк накард, ки гурӯҳбозӣ дар дохили командааш оқибат ҳукуматашро ба фано мебарад.

Набиев ҳамчун Президент бояд талош мекард, ки аввал дар ҳукуматаш ва баъд дар байни мардум якдиливу ваҳдатро ба вуҷуд оварад. Аммо тафаккураш ба ин намерасид. Сафаралӣ Кенҷаев осонакак ба дом афтод. Албатта, таҷрибаи дар парламент шунидану муҳокима кардани фаъолияти аъзои ҳукумат дар самте роиҷ аст. Аз ин нигоҳ С. Кенҷаев барои шунидану муҳокима кардани фаъолияти ВКД дар Шӯрои Олӣ ҳақ дошт, аммо на ба ин шева.

Ӯ, ки қаблан прокурор буд, усулҳои касби пештараашро дар сиёсат ба кор бурдан хост. Аз ҷумла, муҳокимаи фаъолияти роҳбарияти ВКД ба шакли бозпурсӣ (допрос) сурат гирифт. Рафти муҳокима, ки аз тариқи телевизион пурра намоиш дода шуд, ҳамин тасаввуротро дар бинанда пайдо кунонд. Камбудиву хатоҳои роҳбарияти ВКД, аз ҷумла талаву тороҷи моликият, автомашинаҳо, нодуруст додани унвону вазифа ва монанди ин бо далелҳои раднашаванда ошкору исбот карда шуданд. Наҷувонов эҳсос кард, ки тақдираш аллакай ҳал шудааст, аз ин хотир охирин қартаи худ – бедор кардани эҳсосоти мардуми тарафдорашро ба кор бурда, дар охири ҷаласаи Раёсати ШО ба С. Кенҷаев гуфт, ки ин тарзи муҳокима таҳқири мардуми кӯҳистон аст. Ҳамин ишора боис гардид, ки мардуми Бадахшон ба майдонҳо кашида шаванд.

 

МАЙДОН

       Дар рӯзи аввал тақрибан 20-25 нафар тарафдорони вазири корҳои дохилӣ, ки усулан зодагони Бадахшон буданд, ба назди Қасри Президент омада, талаби узрхоҳӣ карданд. Касе пайдо нашуд, ки қазияи ба миёномадаро бо роҳи мусолиҳа ҳал кунад. На Президенту ноибаш, на раиси Девони вазирон, на раиси ШО ва на вазири корҳои дохилӣ оқибати амали ин гурӯҳи хурди ҷамъомадаро тасаввуру дарк накарданд. Гумон карданд, ки 1-2 рӯз меоянд, касе эътибор надиҳад, хотирҷамъ шуда мераванд. Вале рӯз то рӯз сафи тарафдорони майдон (аз ҳисоби намояндагони дигар маҳаллаҳо-ред.) меафзуд.

Фурсати ба миёномадаро қувваҳои мунтазир - Ҳизби демократӣ, ҲНИТ (бо ҳукми Суди Олии ҶТ созмони экстремистию террористӣ эълон гардидааст. – С. Г.), Растохез, Лаъли Бадахшон, рӯҳониёни иртиҷоӣ (рӯҳониёни суннатӣ не) ва норозиёни интихоботи президентӣ ба манфиати худ истифода бурдан хостанд. Дар муносибат ба майдоннишиниҳо дар байни роҳбарияти ин созмонҳо дар ибтидо якдилӣ набуд, аммо зӯриву фишори гурӯҳҳои ифротиву иртиҷоӣ (ҲНИТ ва хайрхоҳонаш) болои қишри равшанфикри ин созмонҳо (қисмате аз Растохезу ҲДТ) пирӯз гардид.

Барои ин қувваҳо сарнавишти давлату миллат, Ватан, истиқлолият, халқ арзише надошт, аммо зери ҳамин мафҳумҳои зебо сарнавишти давлату миллати тоза ба истиқлолрасидаро ба бозӣ кашиданд.

 

Вақте Майдон ҳукумат шуд

Майдон ҳукумат буд, майдон парламент буд, ҳукми майдон қонун буд, суду прокурор ҳам майдон буд. Қасам доданҳо барои ширкат дар митинг, ҳаром ҳукм кардани нони муаллиму табиб, кофир эълон кардани мардуми минтақаҳои муайяни кишвар, гаравгонгирии вакилону аъзои ҳукумат, таҳдид ба гаравгонгирии мактаббачаҳои рус, маҳкум кардани низоми давлатдории дунявӣ, шиорпартоӣ зидди Амрикову Русия... ин ҳама симои майдону митинг буд, ки бо маблағу нишондоди берунаҳо сурат мегирифт.

Ин қувваҳо мардумро тавассути шиорҳои эҳсосиву таҳрикдиҳанда ба ҷанг кашидаву Ватанро оғӯшта ба хоку хун карданд. Ба хотири расидан ба ҳокимият аз ҳама усул то ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷосусии кишварҳои манфиатдор истифода бурданд. Касе набуд, ки аз оқибати фоҷиабори ин амалҳо мардумро огоҳ созад, сарнавишти миллату давлат ва мардуми кишварро ба даст гирад. Роҳбарони буда танҳо амбитсияву манфиати шахсии худро андешиданд. Ба ҳамаи ин таърих баҳои сазовор хоҳад дод.

 

40 РӮЗЕ, КИ МОРО 40 СОЛ ҚАФО КАШИД

        Дар умум майдоннишиниву митинг 40 шабонарӯз идома ёфт. 40 шабонарӯзи пуризтироб, беҳокимиятӣ, таҳдиду зулмот ба рушноӣ, хараҷу мараҷ, ноумедӣ ба фардо, фирори мағзҳо, талаву тороҷ. 40 рӯзи шикасти қонун, шикасти боварӣ ба фардо, шикасти умеди мардум аз ҳукумат. 40 шабонарӯзе, ки манфиатхоҳон миллату мардумро гаравгон доштанд. 40 рӯзе, ки намоз сиёсиву Рамазон бо идаш хиёбонӣ шуд, муллову қозӣ майдонро минбару масҷид карданд...

        Аз он рӯзгор 30 сол гузашт. 30 соли шикасту аз навсохтанҳо, талоши давлату истиқлолро ҳифз кардан, миллатро аз парокандашавӣ наҷот додан, ба сулҳу ваҳдат расидан, ба давраи бунёдкорӣ расидан...

Имрӯз яқин метавон гуфт, ки дар он рӯзгор миллату давлати тоҷик ЛИДЕР - ПЕШВО надошт, ЭМОМАЛӢ РАҲМОН надошт.

Сангин ГУЛЗОД,

Махсус барои СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter