ХАБАРИ ДОҒ

Мурда миёни зиндаро мешиканад…

  • Чоршанбе, Апр 20 2022

 

 

 Қаландар Норов, мулиси ҳамешагии СССР аз ш. Душанбе ба редаксия занг зад (тел: 204041005), аз масрафи зиёд дар маъракаҳо гуфт.

    - Қонуни дунё ҳамин аст, ки ҳар касеро рӯзаш буд кард, аз дунё меравад. Худ мераваду ба қавли мардуми мо «миёни пайвандонашро баъди мурдан мешиканад». Чаро? 3,7, 40, панҷашанбегӣ, сол ва ғайра. Бовар кунед хандаовар аст! Чаро мо ин қадар ба сари худамон вазнинӣ меорем? Ин таомулҳо аз Ислом нестанд. Мардуми мо кай аз доми ҷаҳолату хурофот мебаромада бошанд? Оё ягон кас далел дорад, ки ҳамин «маърака»-ҳоро тасдиқ кунад? Бовар дорам, ки надоранд. Аз оне, ки дар 1 сол, 100 маротиба ба қавле «фотиҳа» кардан ва ками дар кам 10-20 ҳазор сомонӣ маблағ ба боди фано ё шиками мардум масраф карда мешавад, талаботҳои фарзандонро қонеъ намоему маблағ ҷудо карда, онҳоро ба марказҳои омӯзишӣ фиристем то илм омӯзанд, хубтарак нест?

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter