ХАБАРИ ДОҒ

Дигарон ҷанг доранду зарар дар мост!

  • Чоршанбе, Апр 20 2022

Ҷумъабой Яҳёев, яке аз хонандагони ҳамешагии газетаи мардумӣ аз н.Деваштич ба идораи СССР занг зада (тел: 928887506), аз нархи гарони нуриҳои минералӣ гуфт.

   - Имрӯз ҷанги байни Россияву Украина ва таҳримҳои молиявию иқтисодии давлатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Амрико ба муқобили Россия дар тамоми кишварҳои дунё бесуботиро ба амал овардааст. Россия аз доллари амрикоӣ даст кашида, фурӯши молу маҳсулоти худро бо асъори худ, яъне рубл ба роҳ монданист. Бо ин сабаб қурби доллари амрикоӣ паст рафта, ба нарху навои молҳо таъсири худро гузошта истодааст.

Россия дар баробари нафту газ ва чӯбу ғалла истеҳсолкунандаи бузурги нуриҳои минералӣ дар бозори ҷаҳонист. То ҷанг бо Украина ва таҳримҳо давлатҳои Аврупо то Америкаи Лотини 40 % нуриҳои минералии худро аз Россия мехариданд, таҳримҳои зиддирусӣ низ дар ҷавоб деҳқонони он кишварҳоро бо мушкили сангин рӯ ба рӯ кард. Нархи нуриҳои минералӣ дар бозорҳои мо ҳам нисбати соли гузашта то 200 % гарон шуд. Имрӯз ҳамаи деҳқонон шикоят аз он доранд, ки зӯрашон ба хариди нуриҳои минералӣ намерасад, деҳқонон маҷбуранд, ки кишти маҳсулотро,  махсусан картошкаро ба маротиб кам кунанд. Ин тавр рафтан гирад, ҳосили тирамоҳӣ хуб намешавад.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter