Беморхонаи “Сино”: ” Адлу инсоф дар паси куҳи Қоф”

  • Чоршанбе, Апр 20 2022

 

 

Дуруд ба аҳли эҷоди нашрияи маҳбуби СССР! Аз дидаю мушоҳидаҳо ва ҳақиқати талхи имрӯзи зиндагӣ ҳаминро дарк намудам, ки дар ин шабу рӯзҳо рекламаи иддае аз коргоҳҳову муассисаҳои соҳаи тиббу баъзе соҳаҳои дигар тавассути фиребу гумроҳ кардани мардуми содаю хушбоварамон роҳандозӣ шудаасту ба ин васила ҳадаф ба даст овардани даромади калони бедардимиён мебошад. Мутаассифона муаррифинамоию рекломи мардумфиребона таҳти шиорҳои “Маркази табобатии беҳтарин”, “Беморхонаи табобатии ҶСП “Дили солим”, (шифохонаи “Сино”) намунаи гуфтаҳои боло маҳсуб мешавад. Камина низ бо мафтун шудан аз рекломҳои бардуруғу таваҷҷуҳбарангези яке аз ин беморхонаҳо  оқибат ба яке аз ҷабрдидагони он табдил ёфтам. Қиссаи он рӯйдоди риққатовар чунин аст:

- Моҳи октябри соли 2021 дар хуруҷи бемории диққи нафас (отдишка) ба шаҳри Душанбе рафта, дар беморхонаи “Сино” бистарӣ шудам. Дар муассисаи мазкур маро  барои “стент” мондан 2 маротиба  ҷарроҳӣ  карданд. Пас аз анҷоми 2  амалиёти ҷарроҳӣ  ва мондани “стент” тааҷҷубам аз он афзуд, дар ҳоле, ки диққи нафасам боқӣ монд, боз раги калони хунгузари пойи ростамро судда (тромб)  карданд.

Дар шаҳраки табибон (медгородок) дар беморхонаи марказии дилу рагҳо, баъди ҷарроҳии нобарори табибони беморхонаи “Сино” табибон барои барқарор кардани раги хунгузари пойи ростам 2 маротибаи дигар амалиёти ҷарроҳии иловагӣ гузарониданд. Дар айни замон шукри Худованд гардиши хун муътадил аст, вале диққи нафас вуҷуди маро тарк накардааст.

Кӯтоҳи гап ҳамин, ки ба “шарофати” маҳорати табибии табибони беморхонаи “Сино” ҳангоми шиштану хестан пойи ман ранҷ мекашад, бо азоб мешинаму мехезам.

Аҷибу аламовараш ин ки бо дастури масъулини беморхонаи “Сино” ман ба ҳисоби хазинаи беморхонаи мазкур 52 ҳазор сомонӣ маблағ супоридаму ҳатто чиптаи хазинавиам надоданд. Ба андешаи ман ба ҷои тамғаи дил ва мор, ки дар пешгоҳи беморхонаи “Сино” сабт шудааст, рамзҳои уқоби дусара ё морҳои китфҳои Заҳҳоки “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсиро гузоштан муносибтар аст. Ба организми бемор ягон чиз мондаю дар ҳисоботи  дуруғинашон “якчанд чиз монда шудааст”, навиштани  табибон (ба табиб гуфтан забони кас намегардад) ва ба ин васила 1 ҷувол пули беморон ё корафтодагонро обулою сарфи ҷиғилдони бетагашон кардани масъулони ин даргоҳ ба ҳамин тамға мувофиқ меояд.

Бо ин роҳ масъулону табибони ҳориси муассисаи тиббии болозикр зери пули ҳангуфт мемонанду беморони бо умеди беҳсозии тану ҷон ба пойтахт омада,  ба қарзи зиёд мубтало шуда, саломатиашонро низ зери хатар қарор мегузоранд. Адлу инсоф намондааст. Ба гуфти устод Лоиқ

-Одам агар шумурдаед, одаматон одамак аст,

Ғами шумо куҷо ғаме, ғами шумо ғамкаҳакаст!!!

 

Абдусаттор Умаров, сокини ноҳияи Шаҳритус

Тел. 93-503-38-00

Аз СССР: То ҷое мо медонем, ин беморхона аз аввалинҳо буд, ки ба дил “стент” мемонд ва муваффақ. Фарзи мисол, сардабири газетаи мардумӣ 12 сол шуд бо стенти ҳаминҳо мегардад, сардабири Фаражро аз инсулт наҷот дода буданд, сардабири Садои Мардумро аз санги гурда ва басо хуб. Зимнан, ин матлабро нашр карда, СССР бар бовар аст, ки масъулин ба он посух медиҳанд, пули ҷабрдидаро барқарор месозанд ва узр мепурсанд (агар воқеан ҷурм аз ишон аст). Ё шояд дар ин беморхона, ки усулан табибонаш аз Эрон мебошанд, низ дарди беморхонаҳои маъмулӣ асар карда бошад?  Дар ҳар сурат, мо мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase