ХАБАРИ ДОҒ

Бори дигар дар хусуси Облаваи набуда…

  • Чоршанбе, Апр 20 2022

Ҳама хоҳад фақат ошу палавашро бихӯрад,

Ку азизе, ки ғами нав ба навашро бихӯрад?!

Кишваре, к - ӯ бикунад валвала бо «Облава»,

Лави об аст, вале об лавашро бихӯрад…

                                                                                    (Хайрандеш)

 

 

Аз СССР: Ба таваҷҷӯҳи ҳама масъулине, ки дар сар андешаи ҳифзи обурӯи миллат доранд, ин доди 1 падарро, аз Облаваи набудаи вазорати мудофиа мерасонем. Бовар кунед, бо чунин сарбозшикор мову шумо ба ҷое намерасем. Зеро «сагро бо зӯр шикор намебаранд!». Вале муҳимтар аз ин ҳама. Ба назар мерасад, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ҷамоатҳо, комиссариатҳои ҳарбӣ, онгуна ба фасоди мавсимии Даъват ба Артиш фурӯ рафтаанд, ки онҳоро дигар ягон амру фармон ҷилавгир шуда наметавонад. Ба пиндори сирф фардии мо, масъулине, ки дар ин амали обрӯрез сару кор доранд ва аксу наворҳояшон ба сайтҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтаанд, бояд ҳатман суд ва тариқи ТВ ин маҳкама ба намоиш гузошта шавад. Танҳо дар ҳамин сурат, дигаронашон тарсида, шояд аз ин амали нангин даст бикашанд. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

 

Ҳасанҷони беморро ба хизмат бурданд

07.04.2022. Соат бо вақти Душанбе 10:17 дақиқа. Маҳмадназар Имомов, сокини деҳаи «Роҳи сотсиализм»-и Ҷамоати деҳоти Каленини ноҳияи А.Ҷомӣ меҳмони идора шуда, гуфт, ки писари беморашро кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳия дидаву дониста, ба хизмати артиш бурданд. Шикояти эшонро, ки тавассути занги телефонӣ расид, мо дар шумораи қаблӣ нашр карда будем. Номбурда афзуд, ки варақаи бемории писараш Ҳасанҷон Имомовро зимни гузаронидани муоинаи тиббӣ дар Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон пинҳон намуда, ҷавонписари беморро ба хизмат сафарбар кардаанд.

 

Бемор чӣ гуна «солим» шуд?

   - Писарам Ҳасанҷон Имомов, соли таваллудаш 08.04.1997 аз синни хурдсолӣ бемор буда, аз диққи нафас азият мекашад. Ҳар сол 2 маротиба ба шаҳри Душанбе омада, дар беморхонаи маъруф ба номи 1 Советский табобат мегирад. Охирин маротиба моҳи феврали соли ҷорӣ табобат гирифта буд. Тамоми варақа ва ҳуҷҷатҳои тиббӣ дар ин бора ба комиссариати ҳарбии ноҳияи А.Ҷомӣ пешниҳод гашт, вале онҳо аз бемории писарам сарфи назар карда, дар кӯтоҳтарин муддат бе пурсуҷӯ ва муоинаи табибони мутахассис рост ба маркази вилоят бурданд. Варақаҳои бемории Ҳасанҷонро дар Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон пинҳон доштанд. Ман аз эҳтиёт 1 нусхаи хулосаи охирини тиббиро ба дасташ дода будам, Ҳасанҷон зимни муоинаи тиббӣ онро ба духтури узвҳои нафаскашӣ нишон додааст, вале кормандони комиссариати ноҳия ба хотири шумора ва нақша бемории писарамро пинҳон дошта, ӯро дар мудати 2 рӯз аллакай ба пойтахт ба қисми низомии воқеъ дар километри 9-ум, ки маркази таълимӣ аст, овардаанд, мегӯяд Маҳмадназар Имомов.

 

Аввал комиссариат, баъд тӯй?

Дар идомаи суҳбат падари Ҳасанҷон афзуд, ки ба наздикӣ мехост писарашро хонадор кунад, арӯс низ аллакай тайёр ва тамоми гуфтушунидҳо бо тарафи қудо пухта буд:

   - Аз моҳи январи соли ҷорӣ 1 тартиби нав дар ноҳияи мо ҷорӣ шудааст, ки ин ҳам пеш аз издивоҷ аз комиссариати ҳарбӣ гузаштани ҷавонписарон аст. Агар домоди оянда хизмат карда бошад, ба ӯ иҷозат медиҳанд, ки издивоҷ кунад, агар не дарҳол ба рӯйхат гирифта, бе навбат ба хизмати артиш мефиристанд. Ҳасанҷон низ пеш аз издивоҷ ба комиссариати ҳарбӣ рафт, вале ба қавле ба қап зад. Касе ба он, ки писарам бемор аст, аҳамият надод-рост ба хизмат бурданд!

 Мо низ аз гуфтаҳои эшон дар мавриди ҷорӣ шудани тартиби нави пешаздомодӣ дар минтақаҳои кишвар ҳайрон шудем. Ин қоидаи нав-пеш аз издивоҷ аз тафтиши комиссариати ҳарбии маҳали иқомат гузаштани ҷавононро кӣ баровардааст? Ин фармони кист-вазири мудофиа, вазири адлия ё раиси ноҳия? Шояд ин иқдоми худи комиссари ҳарбии ноҳияи А.Ҷомӣ бошад, ки ба қавле барои «страховкаи» худ ин тартиби булаҷабро роҳандозӣ кардааст? Ба ҳар ҳол умедворем, ки пас аз нашри ин матлаб дастандаркорони ин қоидаи нав ҳатман посух хоҳанд гуфт.

 Маҳмадназар Имомов аз он нигарон аст, ки баногоҳ агар дар вақти хизмат дарди писараш хуруҷ кунаду ба ӯ сари вақт кӯмаки лозимаи тиббӣ расонида нашуда, бо Ҳасанҷон фоҷиае рух диҳад, кӣ посух хоҳад гуфт!? Ҷавобгар кӣ мешавад: комиссари ҳарбии ноҳияи А.Ҷомӣ ё комиссари ҳарбии вилояти Хатлон ё духтуре, ки ӯро аз муоинаи тиббӣ гузаронида буд?

 

Ҷамила Ҳусейнова,

СССР

Аз идора: Мутаассифона дар МИҲД ноҳияи А.Ҷомӣ ва комиссариати ин ноҳия вобаста ба қазияи мазкур касе ба мо посухи аниқ надод. Дар маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудани ҳамчунин 1 амали нав-пеш аз издивоҷ аз тафтиши комиссариати ҳарбии шаҳру ноҳияҳои мамлакат гузаштани навҷавононро инкор карданд. Новобаста аз ин мо пайгири мавзӯъем ва агар шумо хонандагони азиз бо чунин тартиби нави пеш аз издивоҷ дар шаҳру навоҳири худ рӯбарӯ шудаед, пас ба мо нависед. Нашр мекунем. Мо Метавонем!

 

 

Дар ҳамин маврид-рубрика!!!

Пас чӣ бояд кард?

Мавзуъи фавқ дар сайтҳои иҷтимоӣ вулқоне ба бор овардааст. Ҳамарӯза аксу наворҳои видеоии «Облава» бо акси масъулини он нашр мешавад. Вале пинаки Вазири Мудофиа намепараду ҳарфе дар мавриди ин навиштаҳо намегӯяд. Мо тасмим гирифтем, анде аз ин нигоштаҳоро ин ҷо корем:

 

#Пешниҳод

-Хизмати 1 сола - ба сарбоз 5000 сомонӣ дода шавад.

-Хизмати 2 сола - ба сарбоз 10.000 сомонӣ дода шавад.

Чаро нархи билети ҳарбӣ 26 800 сомонӣ асту маоши сарбоз барои 1 моҳ ҳудуди 40 сомонӣ?

Ҷамшеди Ҳабиб

 

· Ба таваҷҷӯҳи Вазири Мудофиаи ҶТ:

-Мӯҳтарам генерал! Оё медонед, ки бо "Облаваатон" Шумо ва дастандаркорон 1 миллатро ба забони низомии шӯравӣ "ЧМО" кардаед? Ҷавонон аз тарс берун баромада наметавонанд. Насозед Армияро рӯи ситам, ва аз сарнавишти Афғонистон сабақ бигиред. Ман пешниҳод дорам, ки ҲАМА военкомҳои кишвар иваз шаванд. Бовар кунед, рафиқ генерал, агар воқеан реформа мехоҳед, аз ҳаминҳо шуруъ кунед: Военком бояд шахси мулкӣ, на низомӣ бошад!!! Ва синну солаш аз 50 сол кам на!!!

 Сайф Достиев

9 April, 12:57 

 

Гулистон Каримова

Дирӯз 1 ҷияни донишҷӯямро,  "облава" қапидаст, ки мутаасифона ҳуҷҷаташро дар пушти телефон гузоштасту телефон вайрону дасти устоба....хуллас то муайян карданд, ки яккаписар асту донишҷӯ даҳҳо нафарро безобита карданд..

 

Марям Давлатова

Воқеан дар кишвари амн ин амал эҳсоси амнияти аҳолиро халалдор мекунад. Ин 1 навъ хиёнат ба давлат аст.

 

Баходур Уроков

Имрӯз 1 зан аз н. Кӯшониён шикоят кард, ки додари маъюбашро, кормандони н. Ҷ. Балхӣ "облава" кардаанд. Тибқи қонун масъулин ҳуқуқ надоранд, сокинони дигар шаҳру ноҳияҳоро "облава" кунанд.

 

Haramgul Qodir

Фишор барои ҷавонон стрес ва депрессия эҷод мекунад. Ин 2 омил ба саломатӣ хатарнок аст. Бахусус аз лиҳозӣ равонӣ. Чаро созмонҳои ҳуқуқ Вазоратро ба додгоҳ намекашанд?

 

Салимахон Вахобзаде

Скоро молодые женщины узнав на УЗИ, что плод мужского рода, будут прерывать свою беременность...от страха, что в будущем на их сыновей состоится -"ОХОТА"…

 

Pulodzoda Jomi

Ин облаваи лаънатӣ ҳаёти маро сухт: Наход яккаписар ва хидматчии давлатиро аз даруни ҳукумат, аз қабулгоҳи раиси ноҳия, аз рафти супоридани озмун гирифта баранд? Озмун лағв шуду шаъну шараф поймол. Товон ҳам насупориданд.

 

Даврон Зокиров

1 роҳи ҳалли хуби хуб дорад аз байн бурдани облава. Ҷавонони синни хизматӣ худашон раванд хизмат. Дар замони Шӯравӣ ҳам хизмат азоб дошт, шаттахӯрӣ дошт, зато мардак шуда меомадӣ. Ҳолӣ ҷавонони мо намехоҳанд мардак шаванд?

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter