Дин догма аст! Ҳамаи динҳо догмаанд. Сар аз адёни дар кутуб нашнохташуда-санампарастӣ, бутпарастӣ, буддоӣ, зардуҳуштӣ, то динҳои расмии яктопарастӣ-яҳудиву насрониву ислом. Ин аст, ки ҳар кӣ ба дин дода шуд, ҳаргиз рушд намекунад. Зеро бузургтарин олими фиқҳ ҳамонест, ки дар догматизм боқӣ мондаву мубаллиғи догма аст!!!

Ислом дар оғози худ бартарие дошт, ки баъдан низ ба догма печид. Ин бартарияташ Ҳадис буд. Пайғамбар ҳам бар муҷтаҳидин такя дошт, ҳини таблиғи ислом. Вале баъдан ин ҳама зери нақораи душманони ислом ликвид шуду боз мо мондему догматикҳову фанатикҳову террористон. Ин, ки ислом бо терроризм ва экстремизм ҳич бастагие надорад, ҳама медон(ем)ад. Вале дар асл дигар чиро исбот менамоем…

  Чандин бор аст, ки бо Қуръонсӯзӣ, олами исломро 2-3 догматики насрония ба шӯр меоранд. Танзҳо дар мавриди пайғамбари ислом (с.) низ аз ҳамин зовия об мехӯранд. Мо-мусалмонон намедонем, ки ин ҳамаро олами насрония амдан, ҳадафмандона мекорад, то сарҳои пуршӯру вайрони мо-мусалмонон чарх занаду сипас онҳо бо ангушти ишорат бигӯянд:

-Тамомии олами ислом моломол аз фанатикҳост!

14.04.2022. Расмус Палудан ном «дураке» (ибораи рехтаи Вазири адлияи Шветсия-Морган Йоханссон), Қуръони Маҷидро бо ҳамроҳии ултра-миллатгароён сӯхт ва дар кишвар рӯзи 5 аст, бетартибиҳо давом мекунанд. Мусалмонони Шветсия ба по хестаанд. Дар тамомии олами ислом ин рафтори дураконаро маҳкум карданд. Вале ҳадафи ин дурак чӣ буд? Оё на ба шӯр овардани мусалмонон ва дар пасманзари он аз кишвар ва баъдан Аврупо пеш кардани онҳо?!

            Хотиррас мешавем, дурак-Расмус аслан шаҳрванди Дания аст, ки бо чунин дуракӣ номовар ва сипас аз ватанаш ронда шуд, мардуд гардид. Ва ин дурак корҳои дуракияшро ҳамакнун дар Шветсия-оромтарин кишвари Аврупо давом медиҳад. Зимнан суоле посух мехоҳад, ки Шветсия ва дар кулл Аврупо оё кишварҳои демократӣ ва ҳуқуқбунёданд? Магар на бомбаҳои Аврупо буд, ки дар Афғонистон, Ироқ, Лубнон, Сурия, Либиё миллионҳо мусалмонро куштаву даҳҳо миллионро муҳоҷиру дарбадари хонаи бобоии Расмусҳо карданд? Магар ҳамин Аврупо нест, ки Украинаро бо силоҳ таъмин месозад, то ҳарчӣ бештар хуни славянҳо дар ҷанги ахирӣ бирезад? Ва оё магар ҳамин Аврупо нест, ки дарҳои хабаргузориҳои алтернативии урусиро маҳкам пӯшидааст, то мардум ахбори бе филтр дастрас кунанд? Пас дар бораи кадом демократия метавон ҳарф зад?

            Хонандаи ман, биё 1 мурур кунем, ба лжедемократияи Ғарбӣ:

 -Вақте Ироқро бомбаборон карданд, тамомии расонаҳои Ғарб мегуфт, Саддом Ҳусейн бомбаи атомӣ месозад. Ироқ ба замин яксон шуду аз бомба дараке нест. Сипас, «демократона» гуфтанд, ки иштибоҳ шуд, Ироқ воқеан ҳам бомбаи атомӣ надоштааст. Вале то ин «иқрори демократӣ» аллакай давлат ба замин яксону президенти интихобшудаи он-Саддом Ҳусейн дар шохи дарахт овезон буд!

-Ба ҳамин даъвоҳои силоҳи кимиёӣ Сурия бомбаборон шуду проекти нави Ғарб бо номи ДОИШ сари кор омад. Ин проект Сурияву Лубнону Либиёро ба коми нестӣ кашид. Баъдан маълум шуд, ки силоҳи кимиёӣ ин ҷо ҳам набудааст (Ба бахти Сурия Маскаву Теҳрон пуштибонаш шуданд, вагарна ҳоло ҷои курсии Башор Асад тахти халифа Абубакри Бағдодиро медидем).

-Усома бен Ладен аз куҷое пайдо шудаву Манҳеттенро тарконид!!! Караул!!! 20 сол Афғонистон мавриди таҷовузи Аврупо ва муттафиқинаш қарор гирифт. Усомаеро, ки касе надида буд, ҳамонгуна пинҳонӣ куштанд ва ҷасадашро дар уқёнус партофтанд. Ҳатто 1 боракак рӯяшро накушоданд, то фан-клубаш азо бигирад…

Ва дар ин ҳама хараҷу мараҷ 1 расонае набуд, ки тарафи дигарро, тибқи талаботи қавоиди журналистика ва демократия муаррифӣ кунад ва бигӯяд, ки дар асл Усома вуҷуд надошт!

 Имрӯз айни қисса сари Россия меравад. Аврупо Россияро онгуна сиёҳ кардааст, ки зоғи сиёҳ пеши он сап-сафедак аст. Рӯиҳамрафта, агар дар мавориди давлатҳои арабӣ, сокинонаш, миллатҳояш, ақаллан сиёҳ набудандӣ, пас дар ҳолати Россия тамомии миллатҳои маскуни онро бо номи «РАША» сиёҳ кардаанд. Имрӯз, рус дар Аврупо ба ҳамон вазнест, ки еврей дар Аврупо дар солҳои табъизи Гитлерӣ мақом дошт. Дар ин моҷаро аз ҳама муҳим ва аҷибаш ин ҳам ҳаст, ки грантхӯракони тоҷикистонӣ, ба ном агенту ҷосусҳои хуфта, аз худ дарак додаву  зери нақораи сафоратхонаҳои хориҷӣ на танҳо Россияро маҳкум мекунанд, ки ҳатто ҳар нафареро мехоҳад мавзуъро дуҷониба, бе филтр, тибқи нормаҳои журналистика шарҳ диҳад, маҳкум месозанд. 1 адвокатакашон ҳатто навиштааст, ки  “СССР баста ва ҳатто суд карда шавад!”. Аҷибтараш он аст, ки ҳамаи инҳо русзабонанду аксарият паспорти ФР низ дар даст доранд ва тоҷикиро ҳам намедонанд!

            Ҳаргиз тарафдори Россия ё Украина на будаму на ҳастам. Вале чун журналист, аз ҳамтоҳои худ, журналистони аврупоӣ пурсиданиям, ки магар ҳамин аст демократияву озодии сухани шумо? Куҷо шуд кулоҳпартоиҳо дар мавриди озодии расонаҳоятон? Демократияро низ догма кардед? Акнун дидед, ки шумо шармандатар, оҷизтар, бечоратар аз мо-журналистони ба ном давлатҳои ғайридемократӣ будаед?...

            «Дурак Расмус» низ проект аст. Проекти нави хонумонсӯзи мусалмонҳо. Зимнан эҳтиёт ва зиракии сиёсиро набояд аз даст дод. Инҳо чӣ барномаи «демократии дигаре» барои қатли мусалмонон кор карда баромадаанд. Ал-ҳазар аз фитна!!!

            Ва аз ҳама охир. Чун дин догма аст, дар 3 шумораи газетаи мардумӣ, Ҳоҷӣ Мирзо аз рӯи Қуръону Ҳадис аз туҷҷор даъват мекунад, ки гаронфурӯширо дар Рамазон бас кунед, ки намозатон, рӯзаатон, ҳаҷҷатон қабул нест. Вале чун догма зидди манофеъи нафсонии туҷҷор аст, фуҷҷорро ба гардан мегиранду ин даъватро қабул надоранд!

            PS: Фуҷҷор чист? Луғат варақ занед. Вале ҳадис аст, ки Пайғамбар огаҳ мекунад туҷҷорро, ки ба мардум ситам накунед, ки фардо Рӯзи Қиёмат шуморо фуҷҷор гуфта садо мекунанд…

Даҳаи Мағфирати Гуноҳ муборак, ҳамдину ҳамоин. Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase