ХАБАРИ ДОҒ

«Талко Профил» 7 моҳ маош намедиҳад!

  • Чоршанбе, Апр 27 2022

 

 

Олимҷон Ҷалолов аз номи 1 гурӯҳ кормандони собиқи ҶДММ «Талко Профил» ба идораи газетаи мардумии СССР занг зада (тел: 907152818), шикоят аз он кард, ки ширкати «Талко профил» 7 моҳ боз маоши онҳоро пардохт накардааст.

   - Чанд моҳ пеш дар ин маврид ба газетаи мардумии СССР низ шикоят карда будем, пас аз нашри матлаб роҳбарияти корхона ваъда доданд, ки музди маоши коргарон рӯзҳои наздик ба пуррагӣ пардохт мегардад. Вале боз фиреб доданд. Мо ба унвони роҳбарияти ҶДММ «Талко Профил», ки соли 2020 дар базаи сехи профил ва маснуоти алюминий ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ташкил шуда буд, бо аризаи дастаҷаъмона  муроҷиат намудем. Корхонаи мазкур моҳи июни соли 2020-ум ташкил шуда, то моҳи декабри соли 2021 фаъолият карду халос. Роҳбари корхона Абдуҷалил Абдуллоев бошад бо ҳар баҳона маоши моро ба таъхир мегузорад.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter