Суғд: Сӯзишворӣ арзон шуду роҳкиро неъ!

  • Чоршанбе, Апр 27 2022

Ҷумъабой Яҳёев, муаллиф ва хонандаи доимии мо аз н.Деваштич ба идораи СССР занг зада (тел: 928887506), гила аз гаронии нархи роҳкиро байни ноҳияҳои вилояти Суғд кард.

   - Моҳҳои охир нархи 1 литр бензину солярка ба 11-12 сомонӣ ва гази моеъ ба 7- 8 сомонӣ баромада буд. Имрӯз нархи 1 литр гази моеъ дар ш.Истаравшан ба 6,10 сомонӣ фаромадааст. Дар ҷануби кишвар дар маркази вилояти Хатлон ш.Бохтар ҳам нархи газ аз 7,4 то ба 6,3 сомонӣ арзон шуд. 70-80 % нақлиёти мо бо газ ҳаракат мекунанд, аз он ҷумла хатсайрҳои байнишаҳрӣ ҳам. Сӯзишвори арзон шуда истодааст, вале роҳкиро не, чаро?

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase