ХАБАРИ ДОҒ

Ҷазираи ҷӯгиҳо ё ҷӯгиҳои Ҷазира?

  • Чоршанбе, Апр 27 2022

(Илҳом аз мақолаҳои пайдарпайи СССР: "Таҳқири миллат то кай?"- Омиронаи Сайёф N14 (707), "Маркази Данғара ҷӯгихона шудааст"- Бозорбой Пӯлодов, N14 (707), ва дигар муаллифон, ки пайгири ҳамин мавзӯъ ҳастанд)

 

Камбудиҳои «Ҷазира»

Нисфи ДМТ агар дар маркази шаҳр қомат афрохта бошад, нисфи дигараш дар шаҳраки Донишҷӯён, ки байни мардум бо номи "Ҷазира" ёд мешавад, ҷойгир аст. Шояд сабаби чунин ном гирифтани ин макони илму дониш дар он бошад, ки аз 2 тарафи он дарё равона аст. "Ҷазира"ҷойи бисёр ободу дилписанд аст, вале 2 камбуди умда дорад, ки сари он аҳс мекунем.

  1. Роҳҳои ноободи хобгоҳи 6-и ДМТ. Барои аз хобгоҳи N6, ки онро бачаҳои равшанфикр "Қадамҷои бузургон" ном мебаранд, то донишгоҳ омадан, 500-700 метр аст. Ҳамчунин метавонед, ки ин масофаро тавассути 3-4 роҳ тай намоед. Дуи ҳамин роҳҳо аз байни хонаҳои истиқоматӣ мегузарад. Вале тавассути роҳи байни хонаҳо, ки аз назди боғи Умари Хайём сар мешавад, роҳ гиред, қариб ба донишгоҳ расиданатон ҳама чиз хуб аст. Димоғатон чоқ аст, табъатон болида... Аммо! Дар охири кӯча ҳангоми ворид шудан ба саҳни донишгоҳ 1 майдони калони партов ё ба қавле ... "Бомбаи дерамлакунанда" мавҷуд аст, ки на сар дораду на бар. Ман аз касе шикоят карданӣ нестам. "Зеро аз мост, ки бар мост!". Чаро онҳо партовгоҳро бо танзим истифода намебаранд? Агар онро баъзан-баъзан ҷамъу гир карда монанд, шояд ба қадре ин мавзеъ дигаргун шавад.  Вале агар аз роҳҳои дигар масалан тавассути роҳи "Боғи ҷавонон" оем, ҳоҷат ба  шикоят нест.

Мо метавонем!!!

Ҳуҷуми «индеетсҳо»

2. Бузургтарин мушкилии "Ҷазира" дар он аст, ки ҳангоми расидан ба пости даромадгоҳ аз мошин (маршрут ё автобус) ҳоло нафаромадаед, ки кӯдакҳои бадафти сиёҳча-сёҳча бо либосҳои чиркину башараи табъхиракунанда ба шумо мечаспанд:

-"Акоооо, 1 сомон тийед!"

-"Э рав онтараф"-гӯед-ку дар бало мемонед.

-"Неъ, неъ. То 1 сомон натийед намееравум. Ҳаққи мана тийед, ба меравум..."

Ин саҳнаро дида, агар бори аввал омада бошед, хоҳу нохоҳ Ҷазира будани инҷоро тасдиқ мекунед. Зеро ин қавм ба ҳамон қавму қавмчаҳое мемонад, ки дар ҷазираҳо сукунат доранду ҳамин, ки ногоҳ ба кадом ҷазирае афтода монед, тамом, ё найзаборон мекунанд, ё аз сих гузаронда, кабоб карда, мехӯранд... Аммо "индеетс"-ҳои ҷазира беинсофтаранд. Бо чанголашон либосатонро найзакорӣ мекунанду аз ҳисоби кисатон сихкабоб харида мехӯранд...

Вақте ба ба дасташон афтодед, дигар илоҷ надоред, ё ягон сомон дода, халос мехӯред, ё розӣ мешавед, ки бо ҳамин "андаркашу мандаркаш" сару либосатонро расво ва кайфиятатонро нӯл карда монанд. Бечора посбонҳо ҳам намедонанд, чи кор кунанд? Бо доду войи рондан-ку тамоман корашон буд намешавад. На аз милиса метарсанду на аз посбон. Ростӣ аз ҳамин кашокаши ҷӯгибачаҳо хаста шуда, дигар бо роҳи калон вориди донишгоҳ шуданро бас карда будам. Қариб 10 рӯз барин мешуд, ки бо он роҳ намеомадам. Вале дирӯз бо мақсади фаҳмидани вазъ боз бо роҳи асосӣ ворид шудам. Аммо ин дафъа фазои "ҷугидавак"ором буд. Фақат 2-3 ҷӯгизан меистод, ки он қадар ба сару рӯятон намечаспиданд... Шукр кардам, ки инҳоро кадом дастбахайре аз инҷо рондааст. Аммо ҳангоми бозгашт боз ҳамон аҳвол буд. Маълум шуд, ки саҳар дар ягон ҷойи серравғантар шикор доштаанд…

 

Бо ҷӯгӣ чӣ бояд кард?

Бо пешниҳоди ҳамаи муаллифон, ки ҳамин мавзӯъро пайгирӣ кардаанд, розиям, хусусан, Мубориз Достиев фикри олиҷанобе пешниҳод намудааст; Бояд ба инҳо ҳадди ақал чораҳои маъмурӣ дидан лозим. Бо фикри апаи Омирона низ розиям. Бояд шиносномаҳояшонро гирифта, ё (лицо без гражданство ) ё хушрӯ карда "ҶӮГӢ" навиштан лозим. Дар баробари ин аз ҷойҳои ҷамъиятӣ хусусан донишгоҳҳо онҳоро бо ягон роҳ дуртар бурдан лозим аст, вагарна 1 қисми донишҷӯҳо роҳи дарсгурезиро пеш мегиранд. Албатта шумо ҳам бошед чунин мекунед, хонандаи азиз! Магар ба шумо маъқул аст, ки "не за что" ба пости маҷбурии ҷӯгибачаву ҷӯгидухтарҳо пул диҳед? Ҳеҳ, намедиҳед? Хобатонро ба об гӯед, хонандаи гиромиқадри СССР; 1 бор инҷо оед, мебинам, чи хел халос мешавед?!!!

Мо онҳоро ё тарбия мекунем, чора меандешему пеши роҳи ин таҳқирҳояшонро ба миллати хеш мегирем, ё онҳо моро чун миллати ҷӯгӣ муаррифӣ хоҳанд кард. Мо метавонем!!!!

Қаландар Норов,

донишҷӯ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter