ХАБАРИ ДОҒ

Аҷина-Теппа гоҳвораи тамаддуни Тоҷикон

  • Чоршанбе, Апр 27 2022

 

Бузургтарин ва қадимтарин ҳайкали Буддо дар ҳолати нирвана-хоби ноз ё худ хобе, ки бо Худо гуфтугӯ мекард, маҳз дар Аҷина-Теппаи Тоҷикон ёфт шудааст. Гуфтан ҷоиз аст, ки танҳо барои копӣ ё худ нусхаи онро гирифтан, ҷопониҳо миллионҳо доллар харҷ кардаву барои мо осорхонаи Бостоншиносӣ сохта доданд…

Аҷинатеппа боқимондаи ёдгори меъмории дини будоӣ буда, мувофиқи таҳқиқи бостоншиносон бутхона дар нимаи дуюми асри 7 ва ибтидои асри 8 фаъолият дошт. Аҷинатеппа аз маркази ш. Бохтар 13 км дар ҷамоати деҳоти ш. «Киров»-и н. Вахши вилояти Хатлон ҷойгир шудааст.

Роҳбалади ёдгориҳои таърихи аҷинатеппа Бозоргул Раҳимова, дар сӯҳбати ихтисосии мухбири СССР дар вилояти Хатлон, дар бораи ёдгориҳои таърихии «Аҷина-теппа» қисса намуд. Он соли 1959 дар масофаи 3 км аз роботи ҷамоати шаҳраки Кирови н. Вахш, аз ҷониби Олим Т.И Зеймал кашф гардидааст. Номи асосии ин ёдгорӣ аслан «Аҷина-теппа» набуда, ин унвон солҳои 1940 ба он дода шудааст. Тибқи ривояти мурдуми маҳал солҳои 1940 дар натиҷаи боридани боронҳо 1 ҷойи теппа фурӯ рафта, сурохие ба вуҷуд омадааст, ки нафаре аз ин деҳа вориди сурохи шуда, Буддои якпаҳлу хоб рафтаеро, дар ҳолати нирвана, мебинад. Баъдан  мардум деҳа ин маконро, макони ҷинҳо (махлуқи бадшакли афсонавӣ) пиндошта, «Аҷина-теппа» номгузорӣ кардаанд.

 

Буддои 12 метра

Соли 1961 экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистони ҷанубӣ бо роҳбарии Б.А Литвинский ва Т.И Земал мунтазам ҳафриёт доир карда, соли 1973 таҳқиқи он комилан ба итмом мерасад. «Аҷинатеппа» бинои росткунҷаест, ки вусъаташ 100×50 метр, баландиаш 6 метр аз 2 қисми бо роҳрав пайваста иборат аст, ки шартан «дайр» ва «маъбад» номида шудаанд. Иморати ҳар 1 қисми бино аз рӯи тарҳи иморатсозии 4-айвона бино ёфтааст. Бино аз похса ва хишти хом, таҳкурсии он аз хишти пухта сохта шудааст. Фарши ҳуҷраҳои рӯи ҳавлӣ ва девори биноҳои ибодатгоҳ бо хишти пухта рӯйкаш шудаанд. Равоқҳо камбар, биноҳо гумбазшакланд. Дар маркази «дайр» ҳавлии чоркунҷае ҳаст (19×19), ки дар атрофи он ҳуҷраҳо, ибодатгоҳ, толор биноҳои хоҷагӣ ҷой гирифтаанд. Ҳамаи ин биноҳоро роҳрав байни худ мепайвандад. Ороиши меъмории ибодатгоҳи дайр мураккаб буда, шифту девор, нақшу нигор муҷассамаи бисёр дошт.

Дар яке аз роҳравҳо муҷассамаи 12 метраи якпаҳлуи хобида буддо ва дар такчаҳо муҷассамаи хурди буддоҳои нишаста ёфт шудаанд. Муҷассамаи мазкур айни замон дар намоишгоҳи осорхонаи Бостоншиносии ҷумҳуриявӣ дар шаҳи Душанбе ба намоиш гузошта шудааст. Хушбахтона ин Буддои бузургро русҳо натавонистанд ба Маскав ё Ленинград баранд. Мутаассифона дигар ҳама ашёи ёфтаашонро онҳо мисли дигар сарватҳои таърихии мо рабуданд. Дер ё зуд бояд русҳо ин ёдгориҳои нодирро ба мо баргардонанд. Зеро инҳо шаҳодатномаи миллати ориёӣ будани миллати Тоҷик мебошанд. Мо метавонем!

 

Нахустин ёдгории буддоӣ дар ОМ

Тасвироти «Аҷина-теппа» дар асоси анъанаҳои наққошии ҳамонзамонаи Осиёи Миёна ба ҷо оварда шудааст. Нақши Иблис ва одамони оддӣ низ ҳастанд. Дар вақти ҳафриёти «Аҷина-теппа» бисёр бозёфти шаръӣ-маснуоти шишагӣ ва филизӣ, сиккаҳо ёфт шудаанд. Хусусан сиккаҳо ҷолиби диққатанд. «Аҷина-теппа» тақрибан 100 сол фаъолият дошта, ба тахмин дар солҳои 40-уми асри 8 дар рафти истилоҳи арабҳо оҳиста-оҳиста хароб гардидааст. Ҳафриёти «Аҷина-теппа» аҳамияти илмӣ дорад ва нахустин ёдгории буддоӣ дар Осиёи Миёна аст. Ёдгориии таърихи «Аҷина-теппа» дар қатори 3-ёдгории таърихию фарҳангии вилояти Хатлон, ки дар роҳи бузурги Абрешим мавҷуданд- «Хоҷа Машҳад»-и н.Шаҳритус, «Тахти Сангин», н.Қубодиён ва «Ҳулбук»-и н.Восеъ ба феҳристи ёдгориҳои ЮНЕСКО ворид гардидааст.

 

Чоргултеппа-мавзеъи ҳукмронии Кушониён

Бозоргул Раҳимова мегӯяд,  деҳаи Чоргултеппа аз маркази ноҳия 10 км ва аз «Аҷина-теппа» 1 км дуртар ҷойгир аст. Ин мавзеъ таърихи басо қадимӣ дорад. Аз гуфтаҳои таърихшиносон маълум гардид, ки таърихи пайдошавии ин мавзеъ ба даври ҳукмронии Кушониён мансуб аст. Бо сабаби серобӣ ва наздик будан ба Чину Ҳиндустон ҳукуматдорони давлати Кушониён ба худ қарор медиҳанд, ки дар «Аҷина-теппа» маскун гиранд.

Кушониён бо мақсади назорат бурдан аз ҳуҷуми душманон ва нигоҳ доштани «Аҷина-теппа» мехоҳанд, ки дар 4 тарафи он теппаҳои баланд созанд. Бо ин мақсад аз қувваи ғуломону маҳбусони асирафтода истифода мебаранду гирду атрофро хок кашида, дар 4 тарафи «Аҷина-теппа» теппаҳои баланд месозанд. Аз ҳамон давра номи Чоргултеппа пайдо шудааст.Дар натиҷаи кандану кашидани хок ва баланд намудани теппаҳо дар атрофи онҳо чуқуриҳо пайдо шудааст. Ин чуқуриҳо ҳукуматдорону бекҳои минтақаро аз ҳуҷуми душманон нигоҳ медоштанд. Зимнан теппаҳо ба якдигар бо роҳҳои зеризаминӣ (тунел) пайваст буданд ва то ҳол ин роҳҳо мавҷуданд.

Дар вақти кандани ин теппаҳо ва сохтани иншоотҳои нав аз таги замин хиштҳои чоркунҷаи сабук, тангаҳои мисин, ҳатто ҷумакҳои хатти об ёфт шудааст. Ин бозёфтҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки теппаҳо на танҳо ҷойи зист, маркази маъмурии идоракунии минтақа ба ҳисоб мерафтаанд, балки дар ин макон бозори ҷаҳонӣ дар Роҳи Абрешим ташкил мешудааст.

 

Чоргултеппа чарогоҳ шуд…

Дар назди Чоргултеппа то ҳол 2 теппаи дигар мавҷуд аст, ки яке аз онҳоро ҳамчун зиндон барои маҳбусон истифода мебурданд. Аз Гултеппа то Аҷинатеппа роҳҳои зеризаминӣ сохта шуда, тавассути он амирон бе хавфу хатар ба бутхона рафту омад мекарданд. Дар даврони советҳо ин мавзеъ ба чарогоҳ ва замини кишту кор табдил ёфт.

Баҳодур Уроқов, СССР,

вилояти Хатлон

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter