Икром Ҳакимов, хонандаи ҳамешагии СССР аз н. Вахш ба идораи газета занг зада (тел:934710609), гуфт, ки мехоҳам дар бораи прогресс ва регресс ақидаи худро баён намоям.
- Доҳии пролетариат В.И. Ленин масири инкишофи ҷамъятиро аз хати мурватшакл нишон дода, хатҳои каҷи болоравандаи мурватиро ҳамчун прогресс-зинаҳои беҳдошти тафаққиёт ва хатҳои каҷи поёнравандаро регресс-бозгашти зинаҳои пешрафтаи болоӣ ба зинаи поёнии номатлуб шарҳ додааст, ки ин равандро дар шукуфоӣ ва танзими сотсиализм дидем. Омилҳои дигари регресс-хушксолӣ ва ҷангу ҷидолҳо мебошанд. Ин аст хулосаи диалектикаи табиати сохторҳои ҷамъиятӣ. Ман, ки тарафдори исломи ортодоксалӣ ҳастам, сохтори сотсиалистиро ҳамчун давлати гуманитарӣ ва инсонпарварӣ эътироф мекунам.