Алихон Шарипов, писари шодравон Бобои Ғуломи таърихӣ, ҷанговар-башардӯст, муаллиф ва хонандаи доимии газетаи мардумӣ, аз шаҳри Кӯлоб ба редаксия занг зада (тел: 981019106), гуфт, ки чаро иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро пас аз марг касе ёд намекунад?
- 1 май зодрӯзи падари ман- Бобои Ғулом аст. Агар ӯ зинда мебуд, ба синни мубораки 97 мерасиду дар баробари таҷлил аз 77-умин солгарди Ғалаба бар фашизм рӯзи таваллуди ӯро низ ботантана ҷашн мегирифтем.
Ҳоло ман аз масъулин, хосса Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки падари бузургворам солҳои зиёд дар зерсохтори он кору фаъолият мекард, пурсиданиам: -чаро кормандони собиқадор, иштирокчиёни фавтидаи ҶБВ ёд карда намешаванду маросими поси хотири онҳо баргузор намегардад? Алалхусус падари ман, ки илова бар ҳамаи заҳмату талошаш боз 2 писари ҷанговар-башардӯст низ ба воя расониду онҳо ҳам барои сулҳ дар минтақа бо душман ҷангидаанд, чаро ҳамеша фаромӯшем? Ё то рӯзи марг аз қаҳрамонони ҷабҳаи ҶБВ бояд ёд карду сипас фаромӯш? Куҷост сиёсати патриотпарастии мо???