ХАБАРИ ДОҒ

 

Солҳои кӯдакиву наврасиам ман ҳалолу ҳаромро бисёр шунидаам. Агар  ман, ё додарам ва ё хешованду ҳамсоябачае чизеро, ҳатто баъзан нону хӯрокеро ба даҳон бурданӣ шавем, модарам нидо мекард: “Э вай ҳаром, ба даҳонат набар”.  Баъзан “ких, парто” мегуфт ва мо шитобон онро аз худ дур мекардем.  Намедонистем, ки “ких” ва “ҳаром” чӣ маъно дорад, аммо фаҳм мекардем, ки онҳо чизи хуб нестанд, аз онҳо парҳез кардан даркор аст. 

Падарам, асабӣ бошанд, гоҳе мегуфтанд: “бо фалонӣ бозиву рафтуомад накун, илоҷаш бошад., ошноӣ ҳам накун.  Вай ҳаромзода аст, аз инхелиҳо кори хайр намеояд”.  Ва матал мегуфтанд “Оқибат гургзода гург шавад”.  Аз бачагӣ аз падару модар аз пирони дигару ҳатто аз муаллимон шунидаам, ки нони “фалонӣ ҳаром аст”.  Мо бачаҳо аниқ медонистем, ки ҳалолтарин нон нони чӯпон аст.  Зеро баъзан ба хонаи чӯпонҳо гӯшту хӯрок бурда, аз он ҷо ба ивазаш нони хушк меовардем.  Нони муаллим ҳам нони ҳалол буд, аммо бо муаллимон нону хӯрок иваз намекардем.  Касе дар деҳа қурбонӣ кунад, намедонам чаро онро оши ҳалол мегуфтанд, аввал ба хонаи чӯпон ва муаллим, сонӣ ба хонаи муллоҳо ва дигарон ҳисса мефиристоданд.

Нон барои мардум

Вақте дар синфҳои болоӣ мехондам, воқеаеро шоҳид шудам. Он вақт сурҳо, барои он ки ба маъракаи пахтакориву пахтачинӣ халал нарасонанд, аз охири моҳи ноябр то Наврӯз давом мекарданд.  7 маҳаллаи деҳаамон маъракаҳои алоҳида доштанд ва дар ҳар кадом аз кӯдаки 1 сола, ки бародаронашон пуштора мебурданд, то мӯйсафеди наваду андсола, ки фарзандонашон аз оринҷ гирифта меоварданд, 300-350 мардина иштирок мекард. Тӯи калон 4 рӯз, тӯи оддӣ-масалан арӯсӣ ё хатна 2 рӯз ва инчунин 1 рӯз барои занҳо (“Оши занон” ном дошт) давом мекард.  Соҳибтӯён 1 ҳафта пеш аз оғози сур нонвой меандохт.  Зеро дар рӯзҳои оддӣ барои калонсолон баъди хӯрок яктоӣ ва рӯзи хатми тӯй барои кӯдакон дутоӣ ва барои калонсолон 7-9 тоӣ нон медоданд.  Азбаски дар 3-4 моҳ тӯй ҳаррӯз буд, дар хонаҳо нон аз ҳад зиёд ҷамъ мешуд ва онро хӯроки чорво мекарданд.  Ин ҳолат ба ҳизби коммунист ва ҳукумати бунёдкардаи вай писанд набуд.  “Нон барои инсон аст, онро исроф кардан дуруст не.  Ин амал нишони шикамсерӣ шуда наметавонад” фикр мекарданд, соҳибмансабҳо.  Мегуфтанд, метарсонданд, ки чунин накунед, ҳатто “ин гӯноҳ “мегуфтанд, коммунистҳо.  Аммо пеши роҳи анъанаи миллиро, бигузор зарарнок бошад ҳам, коммунистон ва қонун гирифта натавонист.

Замоне  милитсионере 1 сол раиси колхоз шуд.  Вай аҳли ҳамин деҳа буд.  Дар аввалин тӯйи он сол бо хоҳишу фармудаи вай 4 муллои калони мадрасахондаи деҳа дар сури чаҳор маҳаллаи калон фатво доданд, ки парвардигор исрофро ҳаром гуфтааст. Махсусан исрофи нонро, ки халқи тоҷик буридаашро, резаашро дар замин бинад, гирифта ба чашм мемолад ва мебӯсад. Баъзеҳо онро ба даҳон меандозанд, дигарҳо ба ягон ҷои тоза мегузоранд.  Мо бошем, дар мавсими сур халта-халта нонро ба мол медиҳем. Ин убол не, гуноҳ аст, ношукрӣ аст.  Мардум аксарият бо нишони розигӣ сар ҷунбонданд.  Баъзеҳо зид буданд, охир имсол навбати сури онҳо. Чи хел мешавад, ки аз тӯи дигарон нон гирифта бошию дар тӯи худат надиҳӣ. Барои он ки чунин шубҳаҳо ҷамоатро бераҳа накунанд, муллоҳо гуфтаи худро қонунӣ карданд: “касе ин тасмими маъракаро риоя накунад, нонаш ҳаром.  Ба тӯю мотамаш наравед. ” Тамом, масъала ҳал шуд.  Инак беш аз 50 сол аст, ки понғозиён дар тӯй нон мемонанд, аммо барои ба хона бурдан нон намедиҳанд.

Нони ҳалолу ҳаром

Аммо дар 30 соли охир ба иллати ҷангу нодориву кори дуруст пайдо карда натавонистан, махсусан дар охири асри ХХ дар ҳаёти иҷтимоии мо дигаргуниҳои зиёде, аз ҷумла дар ҳаёти маънавӣ рӯ заданд.  Яке аз онҳо фаҳмиши ҳалолу ҳаром аст.  Дар замони гуруснагӣ, дар нимаи солҳои 90-уми асри ХХ иддае аз волидайн фарзандони худро ба бозор андохтанд ва фармуданд,”рав, нон ёфта биёр”.  Мактаб дар канор монд, тарбия нодаркор шуд, чунки шикам гурусна буд.  Кӯдакони наврас баъзеҳо дар бозору мағозаю гузарҳо дастёрӣ карда, ароба кашида, нон меёфтанд.  Баъзеҳо роҳи дигар меҷустанд, масалан, дуздиву ғорат мекарданд, ё дигареро фиреб дода, нон пайдо мекарданд.  Мутаассифона, падару модар натанҳо ин нопокиро пешгирӣ намекарданд, балки ба ин нони ёфташуда шарик мешуданд.  Яъне, ин гӯё нони ҳалол буд.

Бачаҳо бадиро аз он калонсолтароне меомӯхтанд, ки аз чунин амал ҳазар намекарданд. Мутаассифона, дар байни онҳое, ки дар ҷанги шаҳрвандии  Тоҷикистон иштирок карданд, дар баробари фарзандони ҷоннисори миллат бадкешон ҳам буданд.  Боре аз 1 деҳқони картошкапарвари файзободӣ шунидам, ки силоҳдоре омада, деҳқононро маҷбур кардааст, ки ҳосили ғундоштаашонро, ки дар сари замин гирд оварда шуда буд, ба мошини овардаашон бор кунанд ва онро бурданд. Шояд одамони зиёде аз ин “неъмати ҳалоли деҳқонӣ” чашиданд.  Чунин ҳаромхӯрӣ дар он замон зуҳури андак набуд.  Бинобар ин намунагирӣ шуда, ба адабиёти бадеӣ дохил гардидаанд.  Инро аз ҷумла дар романи Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, повестҳои Мирзонасриддин ва Ато Ҳамдам дидан мумкин аст. 

Аммо инсонҳои пок дар ҳама давру замон ноолуда монданду мемонанд.  Масалан дар романи Абдулҳамид Самадов “Гардиши девбод”, ки воқеаҳои солҳои 90-уми асри ХХ-ро дарбар мегирад, персонаже дар хонаи дӯсташ ба нон даст намебарад, зеро медонад, ки ин чанд нонро соҳибхона барои кӯдаконаш бо чи заҳмате пайдо кардааст.  “Ин нон барои онҳо ҳалол аст”.

 

Доро дӯсти доро???

Баъдтар, вақте мулк осудаву дар хонаҳо нон пайдо шуд, гурӯҳи наве таборуз кард, ки соҳибпул шуданашонро ба дигарҳо нишон дода, ғурури хешро намоиш медоданд, ба гуфти Маъдан “Ғурури комронӣ дар бағал доштанд”. Кор ба ҳадде расид, ки байни оши суру оши мотам фарқ намонд.  Сардори давлат маҳз барои пешгирӣ ва қатъ кардани ин оини нав масъалаи танзимро пеш гузошт, ки он барои гирифтани пеши роҳи чашмгуруснаҳо хеле нақш дорад. Ҳамчунон аксарияти кулли ҷомеа ҳам аз масрафи нолозимӣ озод шуданд. Ҷои зикр аст, ки имрӯз суроғи худнамоӣ бо роҳҳои дигар идома ёфтан мехоҳад.  Якеи он хайру худоӣ, қурбониву маъракаҳои шабеҳи он.  Президенти Тоҷикистон борҳо ба хайру хайрот даъват намуда ва ҳар даъфа зикр мекунад: ба ятиму ясир, ба беваву бечора хайр кунед.  Бисёранд чунин одамон, ки ҳамин имконро доранд ва кам нестанд онҳое ҳам ки ин даъватро бо мақсади дигаре пеш мегиранд ва барояшон ятиму бечора арзиши инсонӣ надорад.  Дар натиҷа дар кишвари мо ҳам, чун дар иддае аз мамлакатҳо баъзан  хешиву ақрабоӣ дар ҳамхуниву инсонигарӣ не, дар дороиву нодорӣ зоҳир мешавад.  Доро дӯсти доро, нодор хеши нодор бошад, фарқи байни ҳарому ҳалол аз байн меравад.

Оқибаташ чӣ мешуда бошад? Халқ мегӯяд “Доро хеши зиёд дораду нодор ятим аст”.  Нашавад, ки... ятим монем.

Иброҳим Усмонов,

нафақахӯр

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter