ХАБАРИ ДОҒ

Темур Зулфиқоров, адиби рус: 1 РӯЗИ КӮДАКИИ ПАЙҒАМБАР МУҲАММАД (С)

  • Чоршанбе, Май 04 2022

Бахшида ба рӯзи таваллуди Пайғамбари Ислом, Муҳаммад (с.) дар таърихи 20.04.570…

 

Ба номи Худо!

Он пири хиради оламгир Хоҷа Насриддин савори маркаби бемаргаш шабона дар хиёбонҳои Ар-Риёз ва баъдтар дар кучаҳои Маккаи Мунаввара сайругашт карда чунин гуфт: Чӣ зебоянд чароғони фурузони Ар-Риёз ва Макка ва дигар шаҳрҳои рӯйи замин. Аммо арзиши онҳо ба қимати он гулхани хурдакаки чупонӣ, ки Пайғамбар Муҳаммад дар он дастони сармохурдаашро гарм карда буд, баробар намешавад. Тамоми чароғони руйи замин гармӣ намедиҳанд, вале фавҷи гармии гулхани ҳамешафурузони Пайғамбар ҷовидонист.

Он пири хирад боз гуфта буд:

-       Пайғамбар Муҳаммад охирин пайғамбари руйи замин буд, баъд аз авлиёҳо Мусо ва Исо. Аён аст, ки падар писари хурдии хешро нисбат ба дигар писарон бештар дуст медорад. Аз ин рӯ, Пайгамбар Муҳаммад азизтарин расули Парвардигор аст. Бигзор Ӯ мудом дар паноҳи Аллоҳ бошад.

Ва он пири хирад боз мегуяд:

-Салибе, ки бар он Пайгамбар Исоро кашида буданд, шамшерест нукаш халида бар Голгофа, Пайғамбар Муҳаммад ин шамшерро аз синаи ороми Голгофа берун кашид, то ки иблисҳоро бо он ҷазо бидиҳад! (Дарвеш Хоҷа  Зулфиқор)

... 0х, айёми бачагӣ худ уқёнуси эҳсосот аст. Вале фасли бачагии ман биёбон аст, саҳрост. Биёбон ҳам ба навъе уқёнус аст. Вале пур аз per.

Субҳи қадре гардолуда, вале беғубори рӯз, субҳи ёсуманӣ, субҳе ки бо лаппиши беисти думҳои ҳафтранги товус оғоз мешавад. Пас он хуршеди тобон ин ҳама манзараҳоро сухта маҳв месозад. Бачагӣ субҳи пару думҳои ларзони товусҳост. Наврасбачае дар тан пироҳани дарози ба ном бедошт, пойи луч болои теппаи peг истода, чашм аз биёбоннамеканад.

Ӯ пайғамбар аст. Пайғамбар ку чун уқоб мепарад, сода ҳарфе намегуяд, балки сухане баён мекунад, ки гуӣ руйи санг барои қарнҳо  ҳаккокӣ шуда... Бубин: корвони шохаву мушк ҷониби Шом - Сурия мениҳад гом. Ин корвони амуи ӯ Абутолиб аст.

...Амуҷонам, аму, маро бо худ бигир...

Бин, дар Макка ҳама хобанду ман бедор...

Зеро аз сабоҳ рафтани қофилаи корвон огаҳӣ дорам...

Ҳис мекунам, руйи регистони беканор ҳануз шабнам хуфтааст.

Айёми бачагӣ магар ҳамон шабнами саҳро нест - руруӣ регҳои биёбон! Чӣ роҳатест пойлуч тохтан руруйи реги пурнаму равон. Реги равон аз фишори кафи поям мерезад. Регҳо пойҳои маро молиш медиҳанд. Чӣ қадар дуст дорам ман ин регҳоро, ки мисли саги бовафо пеши поям хуфта, меҳрубонӣ мекунанду навозиш. Мисли он модарам Омина бинти Ваҳҳоб, ки аз қабилаи қадимаи кӯчиҳои паррони Саъд буду маро аввал дар гаҳвора, пасон дар катчаи хоб андар Макка лутфу меҳрубонӣ мекард. Ё Аллох! Баъдтар маро ба тарбияи доя Ҳалима бинти Абузуайба доданд. Оҳ, чи ҷонбахшанд пистонҳои пур аз шири ӯ.

Оре, ана ҳамон вақт ман ҳис кардам, ки дар олам пистонҳои бегонаву шири бегонаву одамони бегона нестанд. Балки ҳама ҳамзоданд, аъзои ҳамдигаранд. Умма Омина вақти шашсолагии ман аз олам гузашт. Ба peг бадал шуд. Падарам Абдулло ибни Абдулмуталлиб аз ин пештар, вақте ки ман дар батни модар будам, фавтида ба peг табдил ёфт. Ҳануз дар батни модар ман нимятим мондам.

Оре, ҳануз пой ба руйи реги замин наниҳода, нимятим гаштам. Хеле баъд, бо гузашти солиёни дароз пухта гардидаму гуфтам: «Биҳишт дар зери пои модарон аст». Ё Аллоҳ! То расидан ба синни шашсолагии умри заминиам дар биҳишт мегаштам, пеши пои гуҳарафшони модарам Омина. Баҳбаҳ! Ҳайҳот! Баъдтар ӯ ҳам табдил ёфт ба peг. Пойҳои гуҳарвори биҳиштии ӯ ҳам шакли регро гирифтанд. Алҳақ пойҳое, ки руйи peг мегарданд, оқибат ба қаъри peг мераванд...

Биёбон чист? Ин 1 корвони беканораву беҳадди мазорҳост, ки дар бағалаш устухонҳои уштурон бо устухонҳои одамон омехта шудаанд. Марг ҳамаро баробар яксон мекунад. Ҳаёт - на...Метавон хулоса кард, ки марг нисбат ба Ҳаёт адолатбахшу авлотар аст? Ва ҳам биёбон аз бустон гуворост? Аз ин рӯ, ман моили биёбонам, моили марг, майли кишвари адл мекунам?.. Аммо! Қабл аз ҳама мехоҳам, ки устухонҳои уштуронро аз устухонҳои одамон ҷудо созам. Аммо пеш аз он ман бутпарастону суннатгароёни фониро аз имоновардагони мутлақ ба Аллоҳи яккаву ягона ҷудо созам.

Ҳастанд суханоне, ки метавонанд мурдагонро ҳаёт бахшанд. Инҳо суханони Аллоҳанд, оё ҳамон суханҳоро ӯ ба ман хоҳад гуфт? Ва он гаҳ мурдагони регшударо эҳё метавонам кард? Ё Аллоҳ! Кай мерасад он дам? Чунин шуд: бобоям Абдулмуталлиб ибни Хошим маро ҳам ба ҷойи модар буду ҳам ба ҷойи падар. Чанде баъд вай ҳам рафту ба peг табдил ёфт, оқибат ӯро ҳам биёбон ба оғуши худ хонд. Ё Аллоҳ! Ё Аллоҳ! Он замон ҳануз мани ҳаштсола андар миёни уллоси шағолону оҳу нолиши уштурон ва шаввоси реги равону шевани модарони ҷанговарони шаҳиди қурайшӣ сарсону ҳаросон будам, ҳануз нашунида будам, ки падари ҷовидонаву парвардигорам Туӣ... Ту низ ҳануз суҳбате бо ман надоштӣ... Балки аз осмонҳо зери лаб оҳиста ҳарф мезадӣ, аммо мани оҷиз ҳоло тавони шунуфтани ҳарфат надоштам...

...Эҳ, амуҷонам Абутолиб, азизи ман... Задам раҳгум бе Аллоҳ,... Шабзиндадор будам ман тамоми шаб, задам раҳгум, хастаам акнун. Корвон мегузашт, аммо модауштури дунёдида назди хаймаи ман омаду истод ва бо чашмони пуробаш суям нигарист, раҳмаш меомад ба аҳволи ман. Воқеан, пас аз он ки модар, падар ва бобоям маро падруд гуфтанд, ғами маро кӣ мехурад? Дили уштур ба ҳолам сухт...

Эй, аму Абутолиб, ҳамин уштур маро бо худ бурданист, вале ту розӣ нестӣ. Алиф-Лом-Ра. Ё Аллоҳ!...Мебинам: пистонҳои сершири ба сони меваи анористон суп-сурхи модауштур шаҳодат бар он медиҳад, ки вай дар ҳолати ҳамлу бачадорист: мисли токҳои сершираи ангурзорони ваҳоикуҳсори назди шаҳри Ҳара айёми баҳорон, ҳамон ҷойҳое, ки баъдтар Азроил наздам фуруд омаду номаҳои Аллоҳро бар ман дод...

Аё амуям Абутолиб, маро ба корвонат ҳамроҳ, гир. Ай, амуям Абутолиб, охир ситораҳо чистанд, онҳо номаҳраманд, аломатҳо, ҳарфҳои тобони ҳамин рузгорон, ҳамин ҳастӣ ва ҳамон нестиянд. Доди бедод, аммо таваҷҷӯҳ мебояд: кӣ номаҳоро дар фарохии майдонҳои кайҳон, мисли дона пош дода, сабт карда, нақш сохта? Ман медонам ин кори кист! Агар падару модарам зинда мебуданд, шояд намедонистам. Асрори корашро Офаридгор ба ятимон зудтар мекушояд. Аллоҳи ятимонро дуст дорад. Алиф... лом... мим... ра.

…Ман-ку медонам, ин кор кори кист… Оҳ, амуям Абутолиб. Маро ҳамроҳи корвонат гиру ба суйи биёбонҳо, суйи мулки регзорон бубар... Ҳамон суе бубар, ки дар он ҷоҳо падарам Абдулло ва модарам Умма Омина ва бобоям Абулмуталлиб ибни ҲОШИМ ҳастанд. Бобоям, ки маро ба оғуш мегирифту китфамро аз ҳамон ҷое, ки дар он нишони пайғамбарист, сила мекард ва бо риши қатрониву хушбӯяш, ки дарак аз атрҳои ливонӣ ва мушкҳои барбарӣ меовард, сару руямро навозиш мекард.

Эй войе, амуҷонам Абутолиб, маро ҳамроҳи корвонат бубар. Охир, аз ҳамон рузе, ки падарам афтоду ба peг табдил ёфт, ман нимятим гаштам. Нимятим кист? Ин 1 чӯҷаест, ки 1 панҷаву 1 қанот дорад ва ӯ маҷбур аст дар ҳамин сарзамини пур аз санги Макка ҷисми нимҷонашро аз санге то санги дигар марговар харош дода, паридаву хазида, монеаҳои мушкилро паси capкунаду зиндагӣ ба capбарад. Аламовар чист? Ҳамон аст, ки мурғони солим ба ҳолаш механданд. Барои ҳаргуна хазанда ҳам вай ҳадафи тайёр аст. Мурғони ҳавобаланд ба ҷисми нимҷонаш ҳатман нул мезананд. Ҳайҳот, вой дод. Алиф, лом, ра.

... Алиф... лом... ра... Оҳ, амаки Абутолиб, маро ба корвонат гир, бубар ба мулки регзорат, ба ҳамон сӯе, ки падару модарам ва ҳам бобоям рафтаанд...

Дар ёд нигаҳ, дор: агар онҳо ҳамон су рафтаву ба peг табдил гардиданд, рузе мерасад, ки боз баргашта меоянд, ба сурати инсон меоянд...Ҳаст зери гардун Каломе, ки онҳоро аз peг ба одам табдил медиҳад... Ин Каломи Аллоҳи Муқтадир аст... Вале... Он ҳарфҳоро ба гуши мо хоҳад гуфт?... Оҳ,...

… Парвардигор давру замонаҳоро ба ҳам махлут месозад... ва он гоҳ, ояндаву гузашта ба ҳам меоянд ва бадал мегарданд ба имрӯз... Он гоҳ, об мешавад дили Абутолиб. Ва ашки шодӣ аз дида мешорад, агар чи вай сарбози чашмонаш беашк аст - мисли биёбони беоб. Он гоҳ, Абутолиб ба эҳсоси ваҳми гуворое меандешад: агар ихтиёри уштурҳо, корвонҳои уштур дар дасти ӯ бошад, дар итоати ӯ бошад, аз дасти инсонҳо чӣ ҳам меояд алайҳи ӯ?

Абутолиб пичиррос мезанад:

- Муҳаммад... азизам... писарам... Ин суханҳоро ба ту кӣ гуфт?... Муҳаммад бо ангуштони ларзон суйи осмон ишора мекунаду мегуяд: - Ӯ гуфт.

Он гоҳ, ба ҳайрат афтода Абутолиби бечора нидо дармедиҳад:

Пайғамбар-Пайғамбар-Пайғамбар...

... Ҳануз бачаи навхат бошад ҳам, Пайғамбар аст...

Суханони модари Муҳаммад Омина бинти Ваҳҳоб ҳам ба ёди Абутолиб омаданд: ҳамин ки ӯ дар батни ман пайдо гашт, дидам, ки аз вуҷудам ҳолаи нур берун омад. Ва роҳамро то дуртарин кушкҳои Бусаи Суриё рушан сохт. Хастагии гуворое аз тобиши он нур вуҷудамро фаро гирифт.

Абутолиб ҳамчунин ба ёд овард, ки соати зода шудани Муҳаммад кушки Хусрави Анушервон - Хусрави Ка­бир, ки 47 солу 8 моҳ хукмронӣ мекард, ҳамон қасри Хусрав, ки дар Тайсафун буд, чун аз заминларзаи мудҳиш ба чунбиш омад ва чаҳордаҳ бурҷи он дарҳам шикасту хоку туроб гардид. Агар чаҳордаҳ бурҷи қасри шоҳ ба хок яксон шуда бошад, пас ҳоли мани бечора - 1 инсоне бо ин тани ларзон чӣ гуна сурат мегирад?

Он гаҳ вуҷуди Абутолиб бо 1 ларзиши бофароғату бехудона чун шахси маҳкумшуда, вале эҳсоси саодатраҳонокардае руйдоди ҳайратовари дигареро ба ёд овард. Дар рузи таваллуди Муҳаммад оташи муқаддаси габрҳо - оташпарастон кушта шуд. Ва ба ҷаҳду талошҳои бемисли муғон нигоҳ накарда, ки сарулибос ва баъзеҳо ҳатто сарутани хешро бар он меафкананд, ба тадриҷ бимурд... Оби кули ҳазорсолаи Савва низ кам шуд ва оқибат хушкид, ба як кулмаки куҳсори Ҳара табдил ёфт...

Мубади бузурги Орён хоб дида буд, ки аспону уштурони араб дашту дамани кишвари Форсро зери пой монда, қадами зафаровар куфтаву мегузаранд ва аз суми чаҳорпоён шуълаҳои алмосии оташ бармехезад.

Маҳз ҳамин лаҳзаҳо Абутолиб суханони баъд зикр кардаи Пайғамбарро ба ёд овард:

- Рузе, ки ман ва бародарам дар пушти деворҳои хонаамон галаи барраҳоро мечаронидем, наздам 2 марди дар тан либоси сафед мисли Регистони Рубалхалӣ ома­данд. Чунин либосҳоро дар тани ягон инсоне надида будам то ҳол. Дар даст ташти заррини пур аз яхпораҳои мадҳушкунанда доштанд. Онҳо ҷисми маро ба назокат пора карданд. Шиками маро чун китобе бар кушоданд, диламро ба даст оварда, чок карданд ва аз даруни он 1 лахта хуни сияҳеро гирифтанду ба реги сокити таги пой партофтанд... Пасон дили маро ба ҳамон яхпораҳои обшоранда пок шустанд - чун бо давои ҷонбахш. Баъд яке аз онҳо гуфт: «Акнун вайро дар мизон бо сад нафар аз аҳди ҳамзоташ баркаш»... Чунин кард ва паллаи тарозуи ман гаронтар буд ва онгаҳ вай гуфт: «Қасам ба номи Аллоҳ, агар ту ӯро бо тамоми халқ баркашӣ, бораш боз ҳам гаронтар биёяд».

Он гоҳ, Абутолибро ба ёд омад, ки дояи Муҳаммад - Ҳалима бинти Абузуайба вақте ба даҳони вай пистонҳои пур аз шири равонбахши хешро мемонд, айёми хушксолӣ ҳукм меронд. Баногаҳ! Якбора! Пистонҳои модауштурҳо, модагӯсфанду модааспон, ки мисли шуразорону хушаи хушкидаи ангур буданд, пуршир гардида, аз серғизоию ҷонфазоии шир варамиданд. Худо дод бар гуруснаҳо: бузғолаву барраву курраву дигар бачаҳои ҳайвонот ва ҳам одамизодагони нимҷонро. Аммо кашондани ин алтасинаҳои пуршир мушкиле буд ба он бечорагон. Бад-ин сон пистонҳои хушкида пур аз шири серғизову хуштаъм мегаштанд.

…Ва он гаҳ, Абутолиб чунин муъчизаҳоро ба ёд меоварду пеши пойи бачаи навхат ба зону афтода, нидо мебаровард:

- Пайғамбар! Ман ин корвонро барои ту таҳия кардаам... То ки ту боз баргардӣ ҷониби муъҷизоти Худовандӣ. Зеро ҳаёт бидуни муъҷизот чанг асту ғубори паррон, хокистару хори мағелон, алафи бегона. Баргард, то дар ин паҳнои регистон падар, ҳам модар, ҳам бобои худро ва низ дигар реҳлаткардаҳоро дида, лаҳзае аз фикри ятим будани хеш фориғ бимонӣ.

Абутолиб ба ҳароси софи ниҳоние дар дил ба ҷисми лоғари бачаи пойлуч, ки дар тан пироҳани нимдошти домандарозе дошт, чашм андохт.

... Аё уштурбача, бо ҳамон дусаду чилу ҳашт устухони чарси банду басти хеш ва ҳам рагу пайвандҳои нозукат ин сон бори гарони ҳама корвонҳои руйи заминро чигу­на мебардорӣ?... Ҳайронам: чӣ тавр мешавад, ки 1 инсони худаш фонӣ Оташи ҷовидонии он гулхани то Абад фурузони Аллоҳро бардоштаву бурда тавонад?

Аммо бинед! Оинаи чашми писарак Фурузон буд аз қандили оташафкани кулли ситорагони осмон. Ва забонаҳои дарози ангуштмонанди оташ то домони ситораҳо мерасиданд ва ба тамоми инсонҳо ва корвонҳо роҳ нишон медоданд, роҳ ба суйи осмонҳо, осмонҳо...Ҷониби Аллоҳ, суйи Аллоҳ, суйи Аллоҳ,... Ё ҳууу - Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар... Аллоҳу Акбар... Аллоҳи Ка­бир чун Падари ҷовидон ҳар яки мо инсонҳои фониро интизорӣ мекашад. Ин аст, ки фонӣ ҳам ба Ҷовидон меравад. Ё ҳууу...

...Ниҳоят, писарбачаи навхат савор шуд ба модауштур ва корвон ҳам ба роҳ даромад. Алиф, лом, ра... Оҳ! ...Мо танҳо 1 рӯзи Ҳаёти Пайғмбарро ба қалам овардем. Бигзор аз Каромоти Илоҳӣ бархурдор бошад Арвоҳи Покаш. Дар асл хеле сершумор буданд чунин рузҳо. Ҳар 1 рӯзи рӯзгори Пайғамбар ҳамин рӯзро мемонд. Омин, алҳамдулиллоҳи рабилоъламин!

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter