13.04.2022. Парлумони кишвар Шартномаи байни байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақаро ба тасвиб расонид. Пас аз нашри ин хабар дар матбуот хонандагони зиёди газета ба идора занг зада, дар бораи ин шартнома ва нафақаи ояндаи шаҳрвандони тоҷик, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия қарор доранд, пурсон шуданд. Кӣ метавонад аз нафақа дар Россия бархӯрдор бошад? Барои гирифтани нафақа чи бояд кард? Кадом авлавиятҳо ба назар гирифта мешаванд ва шаҳрвандон ба куҷо муроҷиат намоянд? Барои рӯшанӣ андохтан ба ин мавзуъ мо тасмим гирифтем бо директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Дилмурод Ашӯрбек суҳбати эксклюзив намоем. Мо Метавонем!
Собиқаи суғуртавӣ дар мадди аввал
Тавре Дилмурод Давлатзода мегӯяд, дар Шартнома дар самти маблағгузорӣ ва пардохти нафақа принсипи "бо таносуб" гузошта шудааст. Дар ин маврид, ҳар 1 кишвар барои ҳамон давраи фаъолияти меҳнатии шаҳрванд, ки дар ҳудуди он саҳмҳоро барои суғуртаи нафақавӣ пардохт намудааст, ӯҳдадор мебошад.
- Мо чунин муносибатро ниҳоят одилона меҳисобем. Дар Шартнома ҳамаи гурӯҳи ашхоси суғурташуда, ки расман фаъолият намудаанд, фаъолият намуда истодаанд ё ин ки дар ҳудуди Тоҷикистон ва Федератсияи Россия фаъолият менамоянд, фаро гирифта шудаанд. Ҳангоми муайян намудани ҳуқуқи ба нафақа баромадан минбаъд давраи кор, ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Россия ба инобат гирифта мешавад. Моддаи 9-уми Шартнома чунин ҳуқуқро ба шаҳрвандони ҳар 2 кишвар кафолат медиҳад. Дар моддаи 2-и Шартнома намудҳои нафақа ва кӯмакпулии таъингардида муайян шудаанд-ин нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол, маъюбӣ, аз рӯи гум кардани саробон, нафақаҳои иҷтимоӣ ва кӯмакпулӣ барои дафн мебошанд. Қаблан ҳангоми сафар кардан ба ҷои истиқомати доимӣ берун аз Тоҷикистон пардохти нафақа қатъ мегардид ва ба нафақахӯр зарур буд, ки аз нав расмиёти таъинотро дар маҳалли зисти нав дар кишвари дигар анҷом бидиҳад. Мувофиқи моддаи 5-и Шартнома, пардохт минбаъд сарфи назар аз он, ки шаҳрванд доимо дар Тоҷикистон ё ин ки Россия истиқомат менамояд, анҷом дода мешавад. Ин модда дар баробари татбиқи дигар ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон-ҳуқуқи озодона ва бе мамоният ҳаракат намуданро таъмин менамояд, - гуфт Дилмурод Давлатзода.
Нафақа аз рӯи фаъолият
Дар ҳолате, ки агар шаҳрванд чи дар Тоҷикистон ва чи дар Россия фаъолият карда бошад, пас дар ин маврид андозаи нафақаи ӯ ҳам барои давраи кор дар Тоҷикистон ва ҳам барои давраи кор дар Россия ҳисобӣ мегардад. Пардохт бошад дар ҷойи зисти воқеӣ аз рӯи корти бонкӣ, сарфи назар аз он, ки айни замон шаҳрванд дар кадом минтақа истиқомат мекунад, анҷом дода мешавад. Ғайр аз ин, бо ҷониби Россия тавофуқ карда шуд, ки нафақаҳои то эътибор пайдо кардани Шартнома таъиншуда бозбинӣ намешаванд, яъне ҳамаи андозаи нафақаҳое, ки чӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва чӣ ҳудуди Россия дар асоси Созишнома дар бораи кафолатҳои ҳуқуқи шаҳрвандони ИДМ аз 13.03.1992 сол таъин будӣ, бетағйир монда мешаванд.
Танҳо бо роҳи пардохти саҳмҳо
Бархе аз хонандагони мо, ки ҳамин ҳоло дар Федератсияи Россия қарор доранд, пурсиданд, ки оё ҳангоми гирифтани патент барои кор дар Россия давраҳои кор ба назар гирифта мешаванд? Дар робита ба ин суол Дилмурод Давлатзода гуфт:
- Патенти корӣ барои муҳоҷирон ба ҳар 1 шаҳрванди ИДМ, аз ҷумла барои шаҳрвандони Абхозистон, Озарбойҷон, Молдова, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Украина, ки ба Россия бидуни раводид сафар кардаанд ва ба таври қонунӣ фаъолияти меҳнатиро дар қаламравӣ Федератсияи Россия ба нақша гирифтаанд, ҳуҷҷати зарурист. Ҳамзамон, махсусан бояд қайд кард, ки шаҳрвандони Тоҷикистон набояд патентро барои кор бо патенте, ки барои низоми андоз ва додани ҳуқуқи машғул шудан ба тиҷорати хурд истифода мешавад, омехта кунанд, зеро онҳо гуногун буда, таъинот ва шартҳои татбиқи истифодаи онҳо фарқ мекунанд!
Шаҳрвандоне, ки собиқаи суғуртавӣ надоранд, вале дар қаламрави Тоҷикистон ё Россия иқомат мекунанд, метавонанд барои таъини нафақаи иҷтимоӣ муроҷиат намоянд. Бояд гуфт, ки андозаи нафақаи иҷтимоӣ назар ба нафақаи суғуртавӣ ниҳоят кам мебошад.
Кадом ҳуҷҷатҳоро бояд пешниҳод кард?
Ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам Россия намудҳои асосии нафақаҳои зерин таъин карда мешаванд: нафақа барои пиронсолӣ, барои маъюбӣ ва барои гум кардани саробон, инчунин нафақаи иҷтимоӣ. Номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки барои таъини нафақа пешниҳод мешаванд:
- Ариза тибқи шакли муқарраршуда;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, синну сол, ҷойи истиқомат, мансубият ба шаҳрванд: шиносномаи шаҳрванд, иҷозатномаи иқомат (барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд) ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мансубияти шаҳрвандӣ;
- дафтарчаи меҳнатӣ;
- ҳуҷҷатҳо дар бораи тағйир додани насаб, ном, номи падар;
- шаҳодатномаи таваллуди кӯдакон;
- оид ба мавҷудияти аъзои корношоями оила;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи дар парастории оила қарор доштани аъзои корношоям;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи собиқаи меҳнатӣ вобаста ба намудҳои дахлдори фаъолияти корӣ (барои пеш аз мӯҳлат таъин кардани нафақаи имтиёзноки суғуртавӣ);
- диплом оид ба таҳсилоти касбӣ (маълумот);
- билети ҳарбӣ (аз комиссариати ҳарбӣ) барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват ё тибқи шартнома адо кардаанд;
- дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мӯҳлатҳои фаъолияти корӣ то бақайдгирии шаҳрванд ҳамчун шахси суғурташуда дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ.
Ба куҷо бояд муроҷиат намуд?
Дар Тоҷикистон барои таъини нафақа шаҳрвандон бояд ба Дастгоҳи марказии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он муроҷиат намоянд. Дар Россия шаҳрвандон метавонанд ба Фонди нафақаи Федератсияи Россия ё марказҳои бисёрфунксионалии хизматрасониҳои давлатӣ ва коммуналӣ муроҷиат намоянд. Илова бар ин, дар Россия мумкин аст тавассути хидматҳои электронии Фонди нафақаи Федератсияи Россия https://pfr.gov.ru/grazhdanam/pensions/ ё ҳукумати электронӣ аз истиноди зерин https://www. gosuslugi.ru/115839. истифода баранд.
- Ба мақсади осон ва содда намудани муроҷиати шаҳрвандон дар моддаи 15-уми Шартнома пешбинӣ гардидааст, ки ариза ва ҳуҷҷатҳо вобаста ба таъини нафақа, ки ба Агентӣ пешниҳод карда мешаванд, дар як вақт муроҷиат ба Фонди нафақаи Федератсияи Россия баҳисоб меравад ва ҳамин гуна қоида дар Федератсияи Россия ҳам амал мекунад. Аз ин рӯ, барои шаҳрвандон ҳангоми пешниҳоди дархост дубора ба мақомоти дахлдори кишвари дигар муроҷиат намудан зарурат надорад, - зикр намуд Дилмурод Давлатзода дар поёни суҳбат.
Ҷамила Ҳусейнова,
СССР
Дар ҳамин маврид:
Танҳо 25% Тоҷикон пардохти саҳми нафақавӣ доранд...
Аз рӯи маълумоти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия, ҳоло дар Россия беш аз 1 миллион муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон қарор доранд. Дар раванди музокирот, намояндагони Фонди нафақаи Федератсияи Россия иттилоъ доданд, ки дар махзани маълумоти Фонди нафақаи Федератсияи Россия ба ҳолати соли 2021 беш аз 697,7 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд. Аммо пардохти саҳмҳои суғуртавиро танҳо 25% аз шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ, ки тақрибан 174,7 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, анҷом додаанд. Яъне аз 1 миллион нафар танҳо 174,7 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон метавонанд аз Россия нафақа бигиранд.