Ҳошим Гадо… Марди баландболое, ки ба як дидан қаҳрамонони устураҳои Юнони қадимро ба хотир меорад: пайкари паҳлавононаю китфони васеъ, мӯи зардранги омехта бо сафедӣ ва хамида ба қафо, нигоҳи вазнину ороми файласуфона ва дар чеҳраи андешамандаш нишонаи навмедӣ… Шояд ин андеша аз Ҳошим – Эдип ба ман «сироят» шуда бошад ва шояд Ҳамлету Эдипу Спартак худи ӯро «сироят» кардаанд…
Санъатшинос К.Клюткин низ ба ҳамин ақида наздик буд: «Суперактёри итолиявӣ В.Гассман, намедонам ба дигарон чӣ хел, ба ман бисёр Ҳошим Гадоевро ба ёд меорад ва баръакс. Ҳар ду дорои ҳиссиёти баланди артистӣ ва ҷавҳари мардони ҳақиқӣ мебошанд». Доктор Ҷалолиддин Сиддиқӣ (аз Кобул) бошад чунин зикр карда буд: Ҳунарманди бузург Ҳошим Гадо…бо тамоми вуҷудаш бо тамоми эҳсосоташ дар сиришти Эдип дар баданаш ҳулул карда бошад».
Эҷодкори ҳақиқиро хеле кам мефаҳманд. Ва ҳатто «гуноҳаш»-ро низ ҷустуҷӯ мекунанд. Лекин аз таҳлили ҳамин «гуноҳ»-ҳо низ дарёфтан мумкин, ки эҷодкор чӣ мехоҳад. Шукур Султонов, доктори илми таърих, профессор, «Дар бораи ӯ (Ҳошим Гадо – Д.Н.) мегӯянд, ки «вай хаёлпараст» аст. Вале дар асл ин суханҳо дилбастагии беинтиҳо, хидмати фидокоронаи ӯро ба санъат ифода мекунанд. Бисёр рафиқони Гадоев ҳанӯз дар солҳои студентӣ ба ҳайрат меафтоданд, ки ӯ бо шавқу завқ фалсафа ва адабиёти антиқаро мутолиа мекард, ҳарчанд, ки онҳо ба театр бевосита алоқа надоштанд. Оре, дар байни худомӯзии актёр ва образҳои дурахшону зиндаи қаҳрамонони ӯ – Темур, Фердинанд, Сӯҳроб ва дигарҳо робитае мавҷуд аст».
Самари меҳнати ӯ чист? Он чи ки аз тамоми гӯшаву канори дунё дидаву гирифтори санъаташ, ҳунараш, шахсияташ шудаанд.
Албатта, офаридани асар дар ин сатҳе ки ҷаҳон эътирофат кунад, соддаву осон нест. Ин ҷо истеъдод ҳам камӣ мекунад,балки меҳнати беохири арақрез мебояд. Ҳамсоя ва шиноси деринаи Ҳошим Гадоев духтур Б.Бицоев дар бораи баъзе лаҳзаҳои заҳмати ӯ чунин навишта буд: «Шояд Шумо филми «Достони модар»-ро, ки аз рӯи асари М.Горкий таҳия шудааст, дида бошед». Дар он Ҳошим Гадоев нақши Темур – «Ланги ҷонсахт»-ро офарид.
Офаридани ин нақш ниҳоят сангин буд. Ӯ зиндагии Темур ва таърихи ҳамон давраро хуб омӯхт. 22 номгӯй китоб, чандин мақола ва рисолаҳоро мутолиа намуд. Дар охир навиштаи Ибни Арабшон, ки бо чашмони худ Темурро дидааст, ба дасташ меафтад. Ӯ менависад; «Ӯ шахсе буд қоматбаланд, рухсорааш ба шамшери зангзада монанд, чолокии баброна ва нерӯи шерона дошта». Сафири Испаниё Рио-Де Гонзалес Де-Клавдио низ ин андешаро тақвият додааст. Баъди хеле ҷустуҷӯ ва андешаҳо симои қаҳрамонашро сохт.
Ҳошим бисёр ҷонканӣ намуд, ки ҳуҷҷатҳои кушодани қабри Темурро дар Самарқанд ба даст оварад. Ӯ бисёр мехост, ки аз рӯи ҳуҷҷатҳо дар бораи устухони шикастаи дасту пои рост ва қомати Темур маълумоти аниқ гирад. Ӯ чандин бор ба назди табибони шикастабанд рафта хоҳиш намудааст, ки беморонро ба ҳамин гуна дардҳо нишон диҳанд. Ба роҳгардии беморон бодиққат назар меафканад, аз онҳо хоҳиш мекунад, ки чандин ҳаракати дигарро низ нишон диҳанд. Ӯ ҳар як қадамзании онҳоро меомӯхт, машқ мекард. Се моҳ дар паи ин кор сипарӣ шуд.
Ба боғи ҳайвонот мерафт ва соатҳо ҳаракатҳои бабрро мушоҳида мекард; роҳгардӣ, нигоҳаш, хӯрокхӯриашро. Шерро дуру дароз зери мушоҳида мегирифт. Ҳамаи намоишҳоеро, ки дар цирк бо иштироки шеру бабр нишон медоданд, тамошо мекард.
Дар саҳнаҳое, ки Темур дар чазодиҳии қурбониҳояш иштирок мекунад, Ҳошим Гадо то андозае ба нақш ворид мешуд, ки «ҷаллодон» аз иҷрои нақш даст мекашиданд.
Рӯзе аз Ҳошим пурсидам, ки чӣ гуна марди қадаш қариб ду метр баланд нақши ҷосус Ризоро офарид. Охир Ризо марде буд, кӯзапушт ва қоматаш миёна.
- Ин нақшро хеле ҷустуҷӯ намудам. Рӯзе дар кӯҳсор чашмам ба дарахте афтид; ниҳоят хурд, кӯзапушт, каҷу тобхӯрда. Бо ин сифатҳояш аз дигар дарахтон фарқ мекард. Агар онро рост менамудем, аз дигар дарахтон хеле боло мешуд.
Корро аз «кӯтоҳ» кардани қади худ оғоз намудам. Барои ин машқи дуру дарозе барои дар ҳолати камоншакл нигоҳ доштани сутунмӯҳра ва пойҳо лозим буд. Дар чунин ҳолат хеле ҳаракат мекардам, то ба ин роҳ бо ҳаракати барои ман ғайриоддӣ ва ноқулай одат намоям.
Ба он ноил шудам, ки қадам аз ним метр «боло набуд». Овозамро низ тағйир додам, хиррӣ шуд. «Хирросӣ» шудан осон набуд, дер гоҳ бо ин овоз китоб мехондам.
Гадоев нақши Ризои ҷосус, ҳилагар ва бераҳмро чунон реалӣ офарид, ки актёрро дар саҳна фарқ кардан номумкин буд». Дар зал дар байни тамошобинон яке «ин Ҳошим Гадо аст», дигаре «ин Ҳошим Гадо нест» гуфта бо ҳам шарт карда гов бой додаанд, гӯсфанд буриданд. Ҳатто дар берун баъди хотимаи намоиш тамошобинон дар бораи кӣ будани актёр баҳс мекарданд ва аксар бар он буданд, ки «ин Ҳошим Гадо нест»… Дар ин ҷо бояд қайд кард, ки эҷодиёти Ҳошим Гадо дар ролҳои характерӣ – образи Ризо дар «Орзу»и М.Назаров, дар роли вазир дар «Дасти дӯст»-и М.Назаров, роли Темурланг дар «Достони модар»-и М.Горкий, Иброҳимбек дар «Тӯфон»-и Ғ.Абдулло ба қуллаи баландтарини эҷодӣ расидааст.
Давлат НАЗРӢ Собиқ сардабири ҶТ, сафири Тоҷикистон дар Украина