Ҳошим Гадоев 10. 05.1937 дар ш. Кӯлоб, маҳаллаи маъруф бар “Гузари Зовуд” таваллуд шуда, аз хӯрдӣ ятим, сағера монда, худаш худашро сохта, то сатҳи Артисти халқии РСС Тоҷикистон (1979). Артисти халқии СССР (1988), барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ (1972), барандаи Мукофотии давлатии СССР (1987) расонидааст, ки ҳалолаш бод!!!
ҲОШИМ ГАДОЕВ ВА “ӮЗБЕКФИЛМ”
Дар зарфи 30 сол (1964 - 1994) дар 12 филми ҳунарии синамогарони хориҷӣ бозӣ кардааст. Танҳо дар “Ӯзбекфилм” дар 9 филм нақш офаридааст: “Ситораи Улуғбек” (“Звезда Улуғбека”, Абдулатиф, 1964), “Дар раъду барқ таваллудшуда” (“Родившаяся в грозу”, 1965), “Дар пайроҳаи сарҳад” (“У границы”, Туркон, 1975), “Ба Ватан хизмат мекунам” (“Служу отечеству”, Бобо Паштунӣ, 1980), “Бедоршавӣ” (“Пробуждение”, Қудрат, 1985), “Задухӯрдӣ 3 шоҳаншоҳ” (“Битва трёх королей”, 5 -серия, 1990...), “Суғдиён” (“Согдийцы”, 2 – серия, 1993), “Тӯрони бузург” (“Великий Туран”, Гурек, 1994) ва “Сарҳад” (“Рубеж” 1974, “Ӯзбекфилм”).
Кастинги Улуғбек
Ба иқрори забардаст вай тамоми умр нақшҳои асосии худро тавассути кастинг (озмун) ба даст овардааст. Дар рафти чунин озмунҳо Ҳошим Гадоев бо ҳунармандони маъруфи Иттифоқи Советӣ ғолибият ба даст оварда буд. Яке аз имтиҳонҳои ҷиддӣ, кастингҳои нахустини вай дар “Ӯзбекфилм”, дар филми ҳунарии “Ситораи Улуғбек” ба вуқуъ пайваст. Таҳиягарон барои иҷрои нақши Абдулатиф (писари Улуғбек) чанд моҳ актёри мувофиқ ҷустанд ва ниҳоят актёри тоҷик Ҳошим Гадоевро ба Тошканд хонданд. Бо иқрори ҳунарманд, вақте ба толор ворид гашт, шунид, ки мегуфтанд, о, охир ӯ ба урус монанд аст-ку? Ҳошим Гадоев ба раҳи омадааш пас гашта, ба ҳуҷраи гримёркунӣ даромад ва худро пардоз дода, либос пӯшид. Чун такроран ба толор ворид шуд, шунид, ин ӯзбек кист?...
Шароф Рашидов:Он будет играть!!!
Баробари аз имтиҳони аввал гузаштан, Ҳошим Гадоев дар ғавғои навбатӣ дармонд. Ҳамаи ҳуҷҷату матолиби зарурӣ марбут ба филмро масъулон ба КМ ҲК Ӯзбекистон, ба котиби якум Шароф Рашидов бурданд. Роҳбари аввал пурсон шуд:
- Ин ҳунарпеша кист?
- Тоҷик, аз Тоҷикистон...
- Чӣ муаммост?
- Ӯ набояд ин нақшро бозад, вай аз дигар миллат аст. Барои ҳамин баҳс дорем. Назди шумо омадем, ки ба баҳс хотима гузоред...
Шароф Рашидови мутафаккир ба муаррифӣ ва аксҳои ҳунарпешаи бомаҳорати тоҷик Ҳошим Гадоев зеҳн монда, боварӣ ҳосил кард, ки ӯ воқеан тоҷик асту аз Тоҷикистон, чун шахси фарҳангӣ, дурандешу оқил, хулосаи нек баровард:
- Вот этот таджик и будет играть!...
Филми “Ситораи Улуғбек” дар сафи филмҳои маъруфтарини Ӯзбекистон мақоми арзандаро касб кард. Пас аз он режисёр Л. Файзиев ҳунарпешаи тоҷик Ҳошим Гадоевро барои иҷрои нақши Низомиддин дар филми ҳунарии “Наташа хонум” ва филми “Ба Ватан хизмат мекунам”, даъват карда, ба ӯ иҷрои яке аз нақшҳои марказии филм - сардори балвогарони афғонӣ Бобо Паштуниро бовар намуд.
Пирӯз
Услуб, бозигарӣ, типажи ҳунарпешаи мумтоз Ҳошим Гадоев мақбули синамогарон буд. Соли 1985 коргардон дар филми ҳунарии 2 - сериягии хеш “Бедоршавӣ” дар нақши асосӣ - қаҳрамони халқи ӯзбек, инқилобчӣ Қудрат Ҳошим Гадоевро мақбул донист. Боиси зикр аст, ки дар ин филми таърихӣ ҳунарпешаҳои маъруфи советӣ Инокентий Смоктуновский ва Кирил Лавров нақш офаридаанд.
Ҳамон овон Артисти халқии СССР Кирил Лавров навишта буд:
- Ман чунин ҳунарпешаро бори аввал мебинам. Ҳошим актёри ҳайратоварест. Бо ӯ нақш офаридан роҳат аст. Фирк мекунам, ки ин актёр ояндаи дурахшон дорад.
Нақши дигари ҳунарманд дар “Ӯзбекфилм”, филми режиссёр Эдуард Хачатуров буд. Нақши Туркан дар филми ҳунарии 3 - сериягии “Дар пайраҳаи сарҳад” (“У границы”) низ бо кинопроба ба Ҳошим Гадоев насиб гардид.
Қабл аз оғози банаворгирии филм ва ҳини нақшофарӣ лаҳзаҳои аҷоибу ҳайратовар зиёд буданд. Баъди ба шаҳри Тошканд ҳозир шудан ӯ дарёфт, ки барои кулли нақшофарони филми мазкур сарулибос дӯхта будаанд, ба ҷуз Ҳошим Гадоев. Чун вай ба ҳодисаҳои ногаҳонӣ - “сюрпизҳо” омӯхт буд, худро гум накард. Озодона ба ҷиҳозхонаи киностудия даромада, аз яке попушӣ аз дигарӣ галстук ва аз савумӣ пироҳан дархост карда, бо “либоси иҷоравӣ” баромада, образи худро дар баробари Артисти халқии СССР Набӣ Раҳимов чунон мароқовару хотирмон бозид, ки коргардон ва ҳатто душманони пасипардагияш ангушти ҳайрат газида, ба ӯ каф куфтанд...
Умар АЛӢ
05.05.2022