ХАБАРИ ДОҒ

Боғи ҳайвонот ва ҳайвонҳои мурда

  • Чоршанбе, Май 11 2022

 

Довудхӯҷаи Худойдод, хонандаи ҳамешагии СССР аз ш. Душанбе ба идораи СССР занг зада (тел: 208080403), дар бораи боғи ҳайвоноти пойтахт ибрози назар кард.

   - Давоми 2 рӯз мешавад, ки аз назди истгоҳи Донишгоҳи миллӣ то назди истгоҳи боғи ҳайвонот рафтан комилан мушкил шудааст. Сабаб дар он аст, ки дар боғи ҳайвонот кадом ҳайвоне мурдаасту бӯйи бадаш тамоми минтақаи боғ ва гирду атрофи онро фаро гирифтааст. Дар бало боз донишҷӯён мондаанд. Дар ҳамин моҳи Рамазон, ки одамон аз гармии тоқатфарсо роҳи гурез мекобанд, боз бӯйи бади ҳамин ҳайвонҳо намерасид. Аз кормандони боғ ва масъулони ҳифзи муҳити зисти пойтахт хоҳиш менамоем, ки ба ҳамин мушкилии кӯчак расидагӣ кунанд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter