Аз СССР: 05.05.1992, расо 30 сол пеш, Муродалӣ Шерализода, сардабири Садои Мардумро дар саҳни ҳавлии Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон парронданд. Бисёриҳо инро кори дасти оппозитсия хонданд, бархе аз «қувваи 3-ум», вале журналистон Додоҷони Атовулло ва Отахон Латифӣ ин кушторро ба майдони Озодӣ нисбат додаву гуфтанд, журналистро бо амри С.Кенҷаев куштаанд…
Сафаралӣ Кенҷаев вокеан ҳам аз чеҳраҳои маъруф, махуф, интригант ва сиёсатбозу иғвоангези он даврон маҳсуб мерафт. Бархе ӯро дашном медоду зумрае чун бут мепарастид, гурӯҳе қотилу фитнагар мехонду тарафе адолатхоҳ ва «Катании Тоҷик». Матлаби мазкур мурури шодихӯрда ва ҷонибдори С.Кенҷаев ба зиндагиномаи ахирист ва ҳақиқати мутлақ нест. Вале ба хотири чандандешӣ ва равшансозии боз 1 гӯшаи торики таърихи ҷанги гражданӣ мо онро нашр мекунем. Мо метавонем!
Шаҳрзоди Амин дар мақолаи худ бо номи «Юриши Катании тоҷик ба Душанбе», ки 29.10.2021 газетаи мардумии «СССР» нашр гардид, навиштааст, ки «Сафаралӣ Кенҷаев барои ғасби ҳукумат ба Душанбе даромада, бо қудрати кӯлобиҳо, мардуми шаҳру навоҳии турктабор ва фронти халқӣ худро Президенти кишвар хонд. Аммо «ҳукумати ӯ» 24 соат давом накард!». Ин навиштаи Шаҳрзоди Амин мутлақо ғалат аст. Ғасби кадом ҳукумат? Оё ҳукумати Акбаршоҳ Искандаров қонунӣ буд? Сафаралӣ Кенҷаев на барои ғасби ҳукумати қонунӣ ба Душанбе ворид шуд, балки мақсадаш аз дасти ҳукумати лӯхтакмонанди А. Искандаров озод кардани Душанбе ва барқарор намудани Ҳукумати конститутсионии Тоҷикистон буд. Ин дар асоси нақшаи фронти халқии Тоҷикистон амалӣ гардид.
Иҷлосия дар Хуҷанд ва хатми ҷанг
24.10.1992. Соат ба вақти Ҳисор 07:00 дақиқа. Ман яке аз шоҳидҳои асосии ба шаҳри Душанбе дохил шудани С.Кенҷаев будам. Он замон ман ба ҳайси директори МТМУ №58-и шаҳри Ҳисор кор карда, ҳар рӯз соати 6-и пагоҳӣ ба муассиса омада радиоузели мактабро ба кор медаровардам. Рӯзи 24-уми октябр рӯзи шанбе буд. Соати 7-и пагоҳӣ радиоро ба кор даровардам. Радио кор кард, вале ягон садое нест. Пас аз 10-15 дақиқа аз карнаи радио садои тарақо-туруқ шунида шуд. Дар ҳамин вақт Рустами Абдураҳим микрофонро ба даст гирифта, худро шинос кард. Пас суханро ба Сафаралӣ Кенҷаев дод. Вай ба фикрам каме саросема шуд: ба ҷои Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон муаррифӣ кардан Раиси ҷумҳур гуфт. Аз ин шиносоӣ ғаразкорон суханро ба каҷӣ бурда, овоза карданд, ки ана, бинед, Рустами Абдураҳим Кенҷаевро Президент ва худро Сарвазир эълон кард. Шояд навиштаи Шаҳрзоди Амин ҳам аз ҳамин фикр пайдо шудааст.
Кенҷаев аввал ба забони тоҷикӣ, пас ба русӣ баромад карда, ҳамаи шаҳрвандонро ба оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ даъват намуд. Мақсади ворид шуданро ба шаҳри Душанбе фаҳмонда дод. Мақсад якто: Иҷлосияи Шӯрои Олиро дар Хуҷанд даъват кардану ба ҷанги бародаркушӣ хотима бахшидан аст, гуфт ӯ.
Истеъфо!
Ҳамин суханронии Кенҷаев дар китоби худи «Табаддулоти Тоҷикистон» навиштааст: «Пас аз вазъияти Душанберо фаҳмида дар ҳузури Ғайбуллоҷон Орифов, Амирқул Азимов, Рустам Абдураҳимов, Олмаҳмад Раҷабов, Тоҳирҷон Сафаров ва чанд касони дигар ба «сарвар»-и давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбаршоҳ Искандаров сим (занг) задам, ки дар ВКД бо вазири вақт М.Навҷувонов нишаста буданд. Ба вай гуфтам: муҳтарам Акбаршоҳ Искандаров! Утоқи кориатон дар Шӯрои Олӣ ва дар кохи раиси ҷумҳур холӣ, омада дар кадоме аз он курсии мансаб хоҳед нишаста, ҳамагӣ 1 талаби фронти халқии Тоҷикистонро ҳал намоед, мо Душанберо тарк менамоем. Барои ҷанг ва рехтани хуни якдигар ФХТ ба ин ҷо наомадааст.
Дар ҷавоб Искандаров гуфт: «Ба таклифи ФХТ пурра ҳамақида мебошам, ҳамаи ин ҳам ба дилам задааст. Сессияи Шӯрои Олиро дар шаҳри Хуҷанд даъват мекунем, лекин ба Шӯрои Олӣ намеравам. Бо фиреб мехоҳед маро дастгир карда, ба қатл расонед». Пас ваъдаи қатъӣ дод, ки 26 октябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Сессияи XVI-и Шӯрои Олиро даъват мекунонад (Саҳ. 151-152.)
Аз ҳамин сабаб Кенҷаев шаҳри Душанберо холисона, бе ҳеҷ гуна тарсу ҳарос ва шикаст тарк кард, на он тавре, ки Ш. Амин мегӯяд, гӯё ӯ шикаст хӯрда бошад.
Сирри марги Рустами Абдураҳим
Дар бораи нобуд шудани Рустами Абдураҳим Амирқул Азимов ба Сафаралӣ Кенҷаев чунин мегӯяд: «Рустам Абдураҳимов тахминан 30 дақиқа пеш бо 1 ҷавонмарди кӯлобӣ, ки мошини сабукрави «Жигулӣ»-и 09 доштааст, ҳозир меоям гуфта, баромада ба куҷое рафтанд. (Саҳ. 171)
Сӯҳроб Раҳимов сарашро бардошта, ба ман нигариста гуфт: охир, шахсан ман ба он кас илтиҷо кардам, нараванд. Он кӯлобибачаро мо намешиносем. Вале гуфтаҳои маро ба ҳисоб нагирифта гуфтанд: «Ин бача кӯлобии худамон аст, ҳама ҷо ором, опозитсия гурехтааст, якҷо корай, рафта ҳозир меоям». (Саҳ. 173. «Табаддулоти Тоҷикистон» ҷилди III.)
Аммо Шаҳрзоди Амин чунин навиштааст: «Гуфта мешуд, Кенҷаев худаш Рустамро фурӯхта, ҷонашро ҳифз намуд». Дар ҳақи Кенҷаев ин туҳмат аст. Рӯзи 26-уми октябр Акбаршоҳ Искандаров Сессияи XVI Шӯрои Олиро ҷеғ назад, боз ФХТ-ро фиреб дод. Пас аз ин ҳам 3-4 маротибаи дигар рӯзи баргузоршавии Иҷлосияи Шӯрои Олиро эълон карда буданд, вале ба ваъдаи худ Акбаршоҳ Искандаров амал намекард. Дар охир ба хулоса омад, ки рӯзи 16-уми ноябр Иҷлосияи XVI-ро дар шаҳри Хуҷанд даъват мекунад.
Муҳориба дар дидбонгоҳи Шоҳамбарӣ
13.11.1992. Соат ба вақти Ҳисор 14:00 дақиқа. 2 рӯз пеш аз сар шудани Иҷлосияи XVI, қувваҳои нобакори Ситоди «Наҷоти Ватан», ҳизби наҳзати ислом, ҳизби демократи Тоҷикистон, ситоди масҷиди «Южний», ситоди автобазаи №3-и шаҳраки Шоҳмансур, ситоди масҷиди Авул, горди халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, артиши халқӣ-демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳам пайваста, бо ҳамдастии дастаи махсуси ВКД ҶТ, таҳти сарфармондеҳии мулло Абдуғаффор, Исматулло Ҳабибуллоев, Ҷумъа Бӯйдоқов ва дигарон зиёда аз 400 нафар ҷамъ омаданд.
Чошти ҳамон рӯз бо яроқу аслиҳаи гуногуни ҳозиразамон (гранатомёт, пулемёт, миномёт) 2 БТР, 2 танк бо мақсади ба хок яксон кардани ҷавонмардони ФХТ ба тарафи дидбонгоҳи Шоҳамбарии ноҳияи Ҳисор роҳ пеш гирифтанд. Ҳол он ки «Сарвар»-и бесари ҷумҳурӣ Искандаров оташбас эълон намуда, Сессияи XVI-и Шӯрои олиро дар шаҳри Хуҷанд даъват карда буд, ки бояд пас аз 2 рӯз ба кори худ оғоз мекарду масъалаҳои сиёсӣ ҳалли худро меёфт.
Ҷавонмардони дидбонгоҳ ҳамагӣ 15 нафар буданд. Сардорашон раиси ноҳияи Ҳисор Ҷамолиддин Мансуров ҳамроҳони худро дилбардорӣ намуда, аз ҷавонони Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзода ёрӣ пурсид. Фавран ҷавонони даъваткардашуда ба дидбонгоҳи Шоҳамбарӣ ҳозир шуданд.
Ҷанг сар шуд. 1 мошинаи зиреҳпӯш ва 1 КАМАЗ бо одамонаш оташ гирифт. Мухолифин аз тарси ҷон ба гурехтан сар карданд. Қумандонҳои хонашеру майдонғариб: Мулло Абдуғаффор, Саидакбар Раҳмонов, Ҷумъа Бӯйдоқов, Исматулло Ҳабибуллоев аскарони худро пеш андохта, аз мошинҳо нафаромада рӯ ба гурез шуданд. Дар ин муҳориба аз аскарони мухолифин зиёда аз 100 нафар ҳалок гардиданд. Аз муҳофизони Шоҳамбарӣ ҳамагӣ 6 нафар ҷон ба ҷонофарин супорид.
Ба ҷавонмардии Ҷамолиддин Мансуров қоил шудан зарур. Ӯ корнамоии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Матросовро иҷро кард. Дар он шабу рӯз хизматҳои Ибодулло Бойматов, Раҳматҷон Холматов, Саъдулло Мирзоев, Абдумалик Солеҳов, Шамил Толибов, Зокирҷон Наҷмиддинов, Давлат Муродов, Толибҷон Исроилов, Абдуманнон Зокиров, Ҷамолиддин Мансуров, Бобосубҳон Мирзоев, Ҳабибулло Насруллоев, Файзулло Абдуллоевро фаромӯш кардан носипосӣ мебошад.
Релсҳои тақдирсоз
1 факти асосиро фаромӯш кардан нобахшиданист: агар релсҳои роҳи оҳанро аз Турсунзода, Шаҳринав ва Ҳисор-деҳаи Дурбат аз хати роҳи оҳан ҷудо намекарданд, Акбаршоҳ Искандаров ҳеҷ гоҳ Иҷлосияи XVI-ро рӯзи 16-уми ноябр даъват намекард. Бошандагони Душанбешаҳр, Ҳукумати мухолифин фаҳмиданд, ки дар Душанбе хӯрока барои аҳолӣ 2-3 рӯзи дигар мерасаду халос. Пас Акбаршоҳ маҷбур шуд, ки рӯзи 16-уми ноябр Иҷлосияи XVI-ро дар Хуҷанд даъват намояд.
Хайрулло Олимов,
омӯзгори МТМУ №58,
шаҳри Ҳисор