ХАБАРИ ДОҒ

Маскуну алимент роҳи ҳал нест

  • Чоршанбе, Июн 29 2022

 

Азизибек Боймуродов, хонандаи ҳамешагии СССР аз н. Носири Хусрав ба идораи СССР занг зада (тел: 905954575) гуфт, ки на ҳамаи судяҳо бо касбият кор мекунанд.

   - Дар даврони СССР ҷудошавии оилаҳо кам ба назар мерасид ё умуман набуд. Ҳоло чӣ? Занҳо чунон эрка шудаанд, ки пас аз таваллуди 1 ё 2 фарзанд бо ҳаргуна баҳонаҳо оилаи солимро ҷудо намуда, бо тариқи суд ақди никоҳро бекор карда, ҳам аз шавҳарашон алимент талаб мекунанду ҳам худашонро маскун ба ҳамон хонаи зист. Ман намегуям, ки мардҳо гуноҳ надоранд, доранд! Аммо камбудӣ аз ҷониби занҳо бештар ба назар мерасад.

Тибқи қонун барои пардохт накардани алимент мардро то 2 сол аз озодӣ маҳрум мекунанд. Оё занҳо фикр намекунад, ки бо 2-3 фарзанд касе онҳоро ба занӣ мегирад? Оё онҳо метавонанд фарзандонро танҳо ба воя расонанд? На ва ҳеҷгоҳ! Маскун кардану алимент пурсидан ин ҳалли масъала нест. 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter