ХАБАРИ ДОҒ

Буд набуд будгор буд,

Кулӯх набуд, шудгор буд,

Дар 1 замон (фарзи мисол дар соли 2022 ва даҳаи дувуми асри ХХI),

дар 1 макон, ну типа, 1 вилояти бузургтарини саноатии кишвар,

сардабири 1 газетаи бонуфуз 1 физик таъин шуд!!!

…Давоми афсонаро мехоҳӣ шунавӣ, т.е. хонӣ, хонанда? Пас чойи гарми каб-кабудакро пешат гузоштаву тӯпиро каҷ ниҳодаву лӯлаболиштро таки каш мондаву энг мӯл йомбош зада, гапа гӯш кун…

25.06.2022. Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати Миллӣ бо бонуи пирӯз, муваффақ ва хеле шахсияти вораста, Биҳоҷал Раҳимова сӯҳбати фардӣ доштам. Ин сӯҳбатро, ки баъдан дар газета низ нашр мешаваду ҳоло дар Ютуб-канали СССР ТВ, дар интернет, гузошта шудааст, ҳатман тамошо кун ва хон (Рекламаи худамон чи хел шуд-а? Мо Метавонем-дия!!!).

Биҳоҷал Раҳимова нахустин бону аз Тоҷикистон ва агар хато накунам, аз тамомии республикаҳои советии сотсиалистии Осиёи Миёна аст, ки ба ҳайси муовини Сарвазири давлати абарқудрат-СССР, дар соли 1991, то коллапси Иттифоқи Советӣ, кор кардааст ва дар Маскав дафтар ҳам дошту хонаву дар низ. Вале чун коммунисти матин ва асил, ҳамаи ин давлату сарватро, ки моли СССР буд, гузошта, ба Ватан баргашт. Бо 1 ҷомадон рафт ва бо ҳамон ҷомадон омад… Воқеан ҳам, демократҳои ватанвайронсози мо бошанд, хонаҳои давлатиашонро дар Маскав «прихватизатсия» карда гирифтанд, ки то ҳанӯз дар ихтиёрашон асту бо ифтихор мегӯянд:

-Ман дар Москов хона дорам!

Мегӯянд ва фаромӯш месозанд, ки ин хонаи унҳо не, ки хонаи тамоми халқи РСС Тоҷикистон аст, ки чун депутати Шӯрои Олии СССР, ба орият ба ишон дода шуда буд. Ҳар хеле набошад, хуб карданд, ки соҳиби хона шуданд, вагарна ин утоқҳоро низ русҳо мегирифтанду ба мо чизе намерасид!

Чизе гуфтед? А!...

… Ҳини сӯҳбат муаллима 1 сухани ноб гуфт:

-Ман физик ҳастам, на лирик, сухан камтар медонам, мисли шумо журналист нестам ва даъвии сухандонӣ ҳам накардаам…

STOP! Ин ҷо руҷуъи лирикӣ хоҳем кард. Вақте мо кӯдак будем, Бозор Алиев ном ҳамсинфамон ба лагери пионерӣ рафт! Рафту омад ва фукаш дар осмон шуд. Мегуфт ман ҳама чиро медонам, Зеро «современный» шудагӣ ман, ман бо болоҳо кор кардагӣ, «отдых» кардагӣ ман. Ва мо ӯро то он рӯзе иззат мегузоштем, ки ана ҳамин нишони сарироҳӣ ё худ «дорожный знак»-и STOP (ниг.ба акс)-ро дидаву аз ӯ пурсидем, ин ҷо чӣ навишта шудааст? Бо фахр гуфт:

-Хуб бесаводед-дия! Зеро дар лагер отдых накардаед, ҳамнишини калонҳо шудагитон неъ! Ин ҷо ГТОР навишта шудааст…

Ман ҳарчанд мефаҳмонидам, ки неъ, ГТОР неву СТОП навишта шудааст, касе боварам намекард. Зеро ман бо калонҳо отдых кардагӣ набудам-ку?!

Физик воқеан ҳам бояд лирик набошад… Ба шарте, ки таъинаш накунанд!!!

Физикро танҳо бо 2 плюси ғафс, «зодаи шаҳраки худамон ва дар ҳизб кор кардагӣ!», гирифтанду муҳимтарин ниҳоди ҷанги иттилоотӣ-газетаи сертирожтаринро «тақдим» кардандаш. Акнун дидӣ, хонанда, ки мо чаро дар набардҳои иттилоотӣ варшикастаему дилхоҳ блогер 1 смартфон гирифт, 1 кишвареро бузакбозӣ медозад? Зеро мо то ҳанӯз журналистикаро ба ҷидд қабул накардаем! Фикр мекунем, «ҳа хоп, шудан мегирад!». Дар марказ бошад, «гапуш қоқай, мешава!». На-ме-ша-вааа!!!

Ва мутаассуф инро дар шуъбаи кадрҳои ҳукумати марказӣ касе дарк накард, ки накард. Вагарна дар раъси кумитаҳо, оҷонсиҳо, расонаҳо профессионалҳо сари кор меомаданд. Профессионал, ки нест, ҳайронем, ки чаро миллионҳо харҷ мекунему расонаҳои электронии моро на мебинанду на гӯш менанд, вале 1 блогери бесаводу бе каллаву бе хирад, даҳҳо млн «подписчик» дорад.

 Ҳоло, шукр гӯед, ки «душмани иттилоотии мо» ҳамин блогерони  бе каллаву бе хираданд ва ғайри смартфону ноутбук чизе надоранд. Мабодо, фарзи мисол, чун алайҳи Россия, давлатҳои муқтадир, бо тамомии иқтидори иттилоотияшон сари мо турктоз кунанд, медонед чӣ мешавад? Гуфти Бобои Ғуломи таърихиву тавсифӣ «колхози Шатал-обчакорӣ». Бобои Ғулом фикр дошт, ҳамон рӯзе колхози пахтакори вилояти собиқи Кӯлоб обчакор шуд, охирзамон мешавад (гап байни худамон ҳоло чунин шудааст! Охири замон неъ, колхоз ба обчакорӣ гузашт…).

Ҳафтаи пор бошад, генерал Богдасаров, дар барномаи машҳури Владимир Соловёв, 1 шабакаи ҷайбии Кремл, ба Тоҷикистон таҳдид кард, ки бе иҷозати ФР бо Амрико 1 корхонаи СП доштааст. Ӯ гуфт:

-Тоҷикистон, ки сеюмин истихроҷкунандаи сурма баъди Чин ва РФ дар дунёст, бо рақиби стратегии мо Амрико дар вил.Суғд корхонаи муштарак сохтаву дар истеҳсоли муҳимоти ҷангӣ, яъне тир, ки бе ин модда имкони таҳияаш нест, мусоидат мекунад, ҳарчанд 34% буҷаи давлаташон аз ҳисоби муҳоҷират дар Россия аст. Шояд Сангтуда-1 ро диҳему корхонаи сурмаро аз онҳо гирем?...

 Семён Аркадевич, чун коршиноси масоили Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик (кишварҳои мусалмоншин) шинохташуда аст. Овозаҳост, ки ин индивид дар ҷанги граждании Тоҷикистон низ даст дошт (худаш дар ин бора бо ифтихор сӯҳбат мекунад). Ин ҳам гӯрба! Бачаи бобои Аркадий бо вазири мудофиаи Россия, бачаи бобой Кужугет дӯстӣ дорад (ниг.ба акс).

«Намек не понятен-мӣ?». Нафаҳмидӣ хонанда? Сухани Богдасаров таҳдиди рӯирост аст. Фарзи мисол, вақте дар соли 2010 барномаи дӯсти ман, «Вечер с Вл.Соловёвым» роҳандозӣ шудаву дар он перомуни мушкили Қрим, Донбасс Луганск баҳс мерафт, фикр доштем, «шов-шови мардумист». Вале чун Қрим ба ФР пайвасту ЛНР ва ДНР худро мустақил эълон карданд, гуфтем, «э, бача, э бача, худаш чӣ гап?». Вақте сӯҳбатҳои дӯстона дар ин барнома сари ҷанги Украина рафту баъд шоми 24.02.2022 фаро расид, бонг задем, «Бги дега!!!»…

Ва дар баробари ин ҳама хатарот ва ҳатто пас аз оне, ки Ғарб камари расонаҳои иттилоотии Росияи абарқудратро шикаст, дар Тоҷикистон касе сари касбияти журналистика андеша накард, ки накард, ки на-кар-ддд... Бо ин ҳама, шахсан ман фикр доштам, ки «шояд, бояд, хоҳад»…мешавад… Ва аммо соате физикро сардабир монданд ва ин дар ҳоле, ки муовинаш номзади илм асту дар факултаи журналистика рисолаи илмияшро ҳифз кардааст, гуфтам, «дар ин кишвар, дар ягон давру замон нахоҳанд дарк кард, ки физика лирика несту журналистика адабиёт». Мутаассуф чунин буд, ҳаст ва мемонад!!!

Шумо тонистед! Қанд занед. Ман дигар сари ин мавзуъ барнамегардам. Мо (ҳам) Метавонем! Чаро ин матлабро навиштам? Гуфти Бобои Сафват, худаш неъ, бобояш, яъне рафиқ Бурҳониддин, «бо бааа нагӯед, ки нагуфтааа будаматон!»…

PS: Ва аммо баъди баъди баъд, гуфти Бобои Ғулом «последний ақлакӣ» кунаматон? Как-никак аз ҳамин касб нон хурсосем:

-Ба пиндори сирф фардии ман, ки метавонад ғалат ҳам бошад, тем более дар ин шабу рӯз ва барои масъулини соҳа (агар чунин соҳа умуман вуҷуд дорад), барои иззат аз рукни давлатдорӣ, номзадии ҳар нафаре, ки ба ҳайси сардабир, раиси Кумита ё Оҷонсиҳои расмии давлатӣ пешбарӣ мешавад, БОЯД ақаллан бо ИЖТ мувофиқа карда шавад. О, мана, фарзи мисол, ФИО раиси филиалҳои ИНТ дар вилояту водиҳоро устод Низом Қосим мебинад-ку? Вагарна миссияи ИЖТ чист??? Вақте бо ин ниҳод ақаллан, гуфти ҷавонони креативи имрӯза, «зангават намекунанд», ба кӣ ва чӣ лозим аст он?

1 кали айёр буд,

Доим дар бозор буд…

ГТОР, яъне СТОП! Ман дар бораи чӣ? А, аввали матлаб ёдам омаду 1 гуптем-дия! Вагарна мансабҳои калидии иттилоотӣ ба бозору мазор ягон бастагӣ надоранд.

Мо Метавонем!!!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter