«Рӯйхат. Номи гуруҳе аз қурбониён ва гумшудаҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон»-таҳти ҳамин унвон радиои амрикоии Озодӣ матлабе нашр кардаву феҳристи фавтидагонро, ки аслан факту далели собит надорад, пешкаш кард. Дуруст аст, ки ҳама фавтидаҳо Тоҷик, тоҷикистонӣ ва бародарони моянд. Вале ба маҳаллаҳо ҷудо кардани мурдаҳо, ба вежа ба шаҳру ноҳияҳои Бадахшон табақабандӣ кардани онҳо, иғове беш нест, ки масъулини Радоии Озодӣ нек медонанд, ин амалкардашон, дар пасманзари ҳодисоти ВМКБ ба ҷароҳат намак пошидан аст. Ва муҳимтар аз ин, Озодӣ рӯйхатро тавре пешниҳод кардааст, ки агар дағал карда гӯем, дар ин ҷанг гӯё ягон сокини вилояти Кӯлобу Ленинобод намурдааст. Мантиқан гӯиё маҳз сокинони ин маҳаллаҳо, ки такягоҳи ҳукумат буданд, намояндагони дигар маҳаллаҳоро кушта бошанд… Ай-яй, муҳтарам ҳамкасбон. Кай шумо талаботи журналистикаи ҳирфаӣ-«бидуни филтр ва ғараз»-ро ёд мегиред??? Гуфти қаҳрамонҳои «Лаҳзаҳои гуворо», шуморо «падаратон ҳай мӣ?». Пеши мардум ҳам не, пеши Худо (агар бовар доредаш) ва ё виждон (агар доредаш) шарм намедоред, магар? Газетаи мардумии СССР дар арафаи Рӯзи Ваҳдат, дар пасманзари иғвои навбатии ҳамкасбони хориҷии амрикоии худ, аз забони шоҳидон қатлу кушту азияту азоб дар конслагерҳои ҲНИ-ро, ки ба назар мерасад, дар Озодӣ «кормушка» ёфтааст, нашр мекунад. Мо 1 ҳарф каму замм накардаем. Мо Метавонем!
Боби 1. Фашизми ҲНИ дар «облисполком»-и Қӯрғонтеппа
Дар мактаби ронандагии маҳаллаи Ломоносови ш.Қӯрғонтеппа аз фанни одоби мошинронӣ ва қоидаҳои он дарс мегуфтам. Он шабу рӯзи даҳшати ҷанг дар хонаи шогирдам, зани рус-Лилия Муродова (шавҳараш тоҷик буд) пинҳон шудам. Рӯзи 26.09.1992 бачаи бобои Исмат – Акбар Исломов муаллими мактаби миёнаи №26-ро парронданд. Мусаллаҳони оппозитсия (ҳамагӣ рӯкаш – маска доштанд, ки маълум буд, наёмник-зархаридони хориҷии исломиҳоянд!) мурдаи муаллимро дар берун партофта, аз мардум даъват карданд:
«Мурдаи муаллимро гиреду комилан аз Ломоносов бароеду равед, агар зистан мехоҳед!».
Ин воқеа дар назди бинои 3-уми истиқоматӣ (паҳлӯи девори дивизияи Россия) рӯй дод. Вақте барои мурдаи муаллимро гирифтан назди бино ҷамъ шудем, яке буд, ки моро мусаллаҳони ваҳҳобӣ иҳота карда, ягон касро берун баромаданӣ нагузоштанд. Ин дам мошинҳои боркаши ГАЗ-53 ва Камаз оварданду борамон карданд ва бурданд ба таҳхона (подвал)-и «облисполком» ва якто-якто бо дашному ҳақорат фаровардан гирифтанд. Сардори гурӯҳи мусаллаҳи ваҳҳобии наҳзатӣ дар таҳхона мулло Маҳмадҷон-сокини совхози Туркманистон (баъдан дар Афғонистон кушта шуд-ред.) буд, ки ҷелаку дастори калон дошту риши дароз. Ҷелакро бошад бо «тасма»-и низомӣ баста буд. 2 даст дар қафо, мисли раиси маърака («маърака»-и одамкушӣ!!!) амр дод: «1-та, 1-та буфрорен ва ба подвала бубарен!»
«Сагони бӯгир»и ҲНИТ
Тасаввур мекунед, дар 1 таҳхона қариб 200 нафарро мисли гӯсфанд тела дода, дари таҳхонаро аз берун бастанд. Подвал тиреза надошт, худро ба «потолок» часпонданӣ мешудем, зеро дар баландӣ ҳаво тоза буд. Инро дида, ҳамраҳи мо-Алиев Ҷӯрахонро берун бароварда, бо қундоқи автомат мурданӣ шапиданд ва бо сару рӯи хунолуд дарро кушода, бозпас ҳаво доданд. Ҷӯрахонро дигар шинохта намешуд: Даҳану бинӣ шикаста, дандонҳояш рехта…
Мо он ҷо 1 чиро мушоҳида намудем: Ҳар нафари боздоштшударо вақте аз мошин мефароварданд, дасти ӯро бӯ мекашиданд. Аз ҳамин амалашон пай бурдем, ки ин «сагони бӯгир» 100% зархаридони афғону арабу чечен буданд. Яъне бӯ кашида мефаҳмиданд, ки «дар дастат автомат қапидаӣ, ё не!»…
Дари подвал такроран во шуду Муҳаммадулло-бачаи бобои Ёфтакро аз даруни «толпа» аз гиребонаш кашида, берун бароварда, автоматшап карда, боз даруни подвал бо шатта зада, тела доданд. Ёдам ҳаст, он рӯз ҳаво аз 40 градус гарм буду ҳамагӣ ташнаву 1 чакра об намедоданд!
1-фурт об барои 200 нафар
Нохост, кадом силоҳбадасте дар дил «раҳм» кард-чӣ, ки аз берун дар 1 қарабоӣ обро дароз карду дар сару рӯи мо шапид: Албатта бо борони ҳақорат! Вақте аҳамият додам, сдаои шинос, дарро тақ-тақ кардам.
Дарро кушод ва гуфтам:
-Шогирд, илтимос, дар ҳамин қарабоӣ 1 то об биёр.
Обро оварду боодобона ба дастам дод. Ҳамин 1 қарабоӣ об ҳамагӣ 1-қултӣ ба мардум нарасид. Одамони дарун беоб монданд. Қарабоиро дувумбора ба «шогирд» дароз ва хоҳиш намудам:
-Моро бигзор бипаррон, аммо то дами марг ақаллан даҳонамон нахушкад, ташна мондем...
Ин дам Ҳомидҷон-додари Асади ҳаммаҳалламонро шикамдард гирифт ва дигар бетоқат шуду дод зад, ки дарро кушоянд. Ин дар ҳолест, ки дигар ҷои нафаскашӣ намондаву бадани мардум аз тарсу гармӣ арақ кардаву бӯи безеб паҳн шуда. Аз «шогирд» хоҳиш намудем, ки «ин мардак ҳоҷатхона рафтанист». Ҳомидҷонро ҳоҷатхона бурданд, аммо вақти баргашт мурданӣ кӯфтанду боз мисли тӯб ба болои мо ҳаво доданд…
Гӯши Нуруллоро буриданд!
Пештар аз мо, яъне дарунтар, 1 нафар шиноси мо-Раҷабов Нурулло қарор дошт. Дари подвал кушода шуду 1 ниқобдор даромаду дасташро сӯи Раҷабов дароз карду аз гӯшаш маҳкам қапида, пеши дар кашида оварда, бо корд гӯши Нуруллоро бурриду баромада рафт! Хун фаррас мепарид. Дастро ба киса бурдаму рӯмолчаро гирифта, ҷои бурридаро доштам, то хунравиро манъ кунам. Аммо аз куҷо? Соҳиби гӯш аз ҳуш рафт!!!
Баъдтарак касеро, ки оча, ё падар, ё бобову бибияш, хуллас, ягон рагаш дарвозиву ванҷиву вахёчӣ… буд ва албатта бо таҳпурсии маҳал, озод карданд. Дар қатори онҳо маро ҳам назди дар оварда, яке аз «шогирдон» гуфт:
-Маълим! Озодат мекунем, лекин бо 1 шарт: Саратро хам кун, дастонатро мебандем ва бо ҳақорат пеш-пеш мебарем. Дигар роҳи озод кардан нест! Ҳушёр шав, ки агар бифаҳманд, аз пушти ту моро ҳам мепаронанд…
Хуллас, бо ҳамин усул 2 автоматчик аз пеш ва 2 нафар аз пушт маро бо дашноми қабеҳтарин ва дастону чашмони баста берун бароварда, пеш-пеш бурдан гирифтанд. Яке буд, ки аз дур садои мулло Маҳмадҷонро шунидам, ки мепурсид:
-Куҷо мебаренуш?
Гуфтанд:
-Паронданӣ!
Мулло афзуд:
-Барен, бпаронен, паата!!! Ай подвал ягон касаш зинда намона! Ҳамаша сари тир кунен!!!
Хуллас, маро бурданду дар совхози Туркманистон руст намуданд. Ва ҳамун «наҷотгарон»-ро хоҳиш намудам, ки дар подвал 1 нафар амабачаам низ ҳаст, ягон илоҷ карда, баровардан даркор…
Ин ҳамон Қорӣ Муҳаммадҷонест, ки дар садорати ҲНИТ паҳлӯи Нурӣ кору фаолият мекард ва аз қатолтарин, бераҳмтарин қумандонҳои ин ҳизб буд!!!
Боби 2. Моро нокушта мекуштанд!
Чанд тан аз «наҷотбахш»-и гуруҳи мухолифин ба хоҳишу илтиҷои ман раҳм кардаву ҳам амабача ва низ 1 нафар ҳамроҳи ман-Шоҳмардов Амиршо Саидшоевичро аз таҳхонаи бинои Ҳукумати вил.Қурғонтеппа гурезониданд.
Нурулло Раҷабов (кадри Институти тарбияи ҷисмонӣ буду ҷуссааш варзишӣ!)-ро, ки гӯшашро дар таҳхонаи «облисполком» бо ваҳшонияти том буррида буданд, бо ин ҳам иктифо накарда, мухолифини бераҳму бадтар аз фашистони немис, қатл карданд…
Хулосаи хотироти ман аз ун даврони ҷанги бародаркуш ҳамин аст, ки кулли асирони «подвал»-ро ба 2 қисм ҷудо намуда, гуруҳеро ба «заҳбур» («сброс»)-и кожзаводи шаҳр ва қисмеро ба ҳаммоми Туркманистони ноҳияи Вахш бурда, бо даҳшати тамом нест карданд: якеро бо «автоген» сӯзонида, дувумиро аз даҳонаш бензин рехтаву «зажигалка» зада, чашму гӯшу бинии савумиро бо «паялник» канданд, дасту пои чаҳорумиро бо табар ҷудо ва қисм-қисм карданд…
Тибқи нақли Қодиров Комил-сокини Қурғонтеппа, бархе аз «пленик»-ҳоро дар пушти корхонаи чарми Қурғонтеппа, дар лаби чоҳи химикати кожзавод парронида ва иддаеро зинда ба зинда ба чоҳ тела дода, бо масхара куштаанд!!!
Наемникҳои наҳзатӣ бо паспорти плостикӣ
Баъди аз «блокада»-и баромадани поселкаи Ломоносов ман ихтиёран ба сафи Фронти Халқӣ пайваста, ронандаи танк ва ҳамзамон телехи бобои Сангак Сафаров шуда, дар чандин амалиёти ҷангӣ ширкат кардам.
Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, паспорти плостикиро бори аввал дар Тоҷикистон ҳамун овони ҷанги гражданӣ дидам: 2 афғони силоҳбадасти ниқобпӯш (дар тан формаи ҳарбии советӣ!!!)-ро паррондем ва ҳине даст ба ҷайбҳояш бурдем, корти пластикиро бо навиштаҷоти арабиасос дарёфтем. Чун кортро ба махсуми маҳалла нишон додем, хонда гуфт, ки ин ID-корт-шиносномаи ҳайвонҳои одамсурат аст! Оре, ана ҳамин кортҳои плостикие, ки дар мо нав баромадаанд, онҳо дар соли 1992 чунин паспорти ID доштанд!!!
Ҳама арабу паштун буданд, ки ҳатто забони тоҷикиро намедонистанд. Онҳо бедодгарие мекарданд, ки имрӯз мо дар ДИИШ мебинем. Яъне маълум мешавад, ки ҲНИ қабл аз шуруъи ҷанги гражданӣ, ҳанӯз вақте ки дар Тоҷикистон майдоншиниҳо идома дошт, барвақт «наемник» овардаву ҷангро мунтазир будааст.
Боби 3. Сурат-факти қатли оми ҲНИ дар ҳаммоми Туркманистон
Қатли омми мардуми бе силоҳ, мулкӣ ва бе гуноҳро дар қонунгузории дунявӣ «Ҷинояти низомӣ» мегӯянд. Каллабуррони ҲНИ, ки имрӯз Кабирӣ аз номи ин ҳизб дар Аврупо ҷавлону Озодӣ аз онҳо пуштигирӣ дорад, беш аз 200 нафарро танҳо аз 1 мавзеъи Ломоносов ва наздикиҳои ш. Қурғонтеппа, бе ягон ҷурм, гуноҳ, хатое ба «Баняи Туркманистон» ва «Подвали Обком» бурда, ба таври ваҳшиёна қатл карданд. Имрӯз мо-шоҳидони ин моҷарои нангин, онҳое, ки аз ҳаммом-Гестапои зодгоҳи Нурӣ, аз шиканҷаи зархаридони ҲНИ раҳидаем, аксу тоблуҳои чанде аз кушташудагонро, ки аз 100 гулашон яке ҳам нашкуфта буду дар ҷамъ ҷавонони 17-20-25 солаанд, дар чанд шумораи газетаи мардумӣ, ба дасти нашр медиҳем. Ба умеде, ки ин фоҷеа такрор нашавад ва пои шуми ҲНИ дигар ба ин кишвар нарасад!
Сафаралӣ Назаров,
сокини маҳаллаи Ломоносов, ш.Бохтар
Боби 4. Муаллимонро бе навбат мекуштанд!
1 чизи дигарро бояд хотиррас шавам, ки исломистони зархарид дар навбати аввал муаллимони мактабро, чун кофири мутлақ, бе пурсу пос ва бераҳмии вежа қатл мекарданд. Пеш аз ҳама Салоҳ Самариддинович Самаровро, ки муаллими аввалини мо дар мактаби миёнаи №7 дар маҳаллаи Ломоносов буд, аз таҳхона бароварда, дар пеши назари ом, ваҳшиёна ба қатл расониданд!
-Ҳамчунин муаллим Нурулло Шарипович (язнаи полковники фирорӣ Маҳмуд Худойбердиев, собиқ директори мактаби миёнаи №7-и ш.Қурғонтеппа, ки ҳоло ин мактаб ба номи ӯст)-ро низ аз подвал бо дастону чашмони баста, бурда парронданд… -Гӯши Солеҳ-муаллими фанни физика, сокини поселкаи Ломоносовро айнан мисли Нурулло дар пеши издиҳоми мардум буррида, баъдан бо «издеватся» куштанд!
Маро рӯҳан қатл карданд!
Сари ҳар 20 дақиқа 5 касро дар пеши назари мо аз подвал гирифта мебурданду гӯшу биниашонро мебурриданду сипас мепарронданд!!! То қарибиҳои бегоҳ дар подвал ҳамагӣ 15-16 нафар боқӣ монд ва мо-боқимондаҳо дигар дар қатори мурдаҳо будем, зеро аниқ медонистем, ки моро низ айнан бо ҳамин усул - чашмону дастони баста, дар хок ғелонида, гӯшу биниамонро буррида, сипас мекушанд! Вақте навбат ба ман расид, дар ибтидо маро берун бароварда, бо қундоқи автомат заданд ва аз тарс дарди шаттаву зарбаи калтаку арматураро эҳсос намекардам ва аз чашмонам шуъла мепаррид! Бовар мекунед, ин манзараро вақте мебинед, худи шумо аллакай барои мурдан тайёред ва аллакай рӯҳан мурдаед, зеро ёду ҳуш надореду аз гап мондаед ва бо пои худ, бо чашмону дастони боз ва нӯг-нӯги автомати наҳзатиён сӯи марг меравед ва номаълум: ба ҳаммоми Туркманистон, ё «сброс»-и кожзаводи шаҳр???!!!
Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, баъзе аз асирон пеши автоматдорони наҳзатӣ ба по афтода, зораву тавалло мекарданд, ки «анде маро парронед, аммо бо ин тарз назанед, ки азоб кашидам!». Яъне марг осонтар буд, аз дидану хӯрдани зарбу лату кӯб!...
Ҷавону кӯдаку пиру барно, ҳар касе дар подвалу ҳаммом буд, ҳамаро «издеватся» карда мекуштанд. Ягон кас бовар надошт, ки зинда мемонаду ин даҳшат, ин ужас, ин ситам, ки немисҳо ҳини ҶБВ дар ҳаққи қавми яҳуд раво намедиданд, поин меёбад…
Амиршо Саидшоевич Шоҳмардов,
ронандаи таксӣ, маҳаллаи Ломоносов, ш.Бохтар
Рӯйхати нафароне, ки бевосита каллабурони ҲНИТ куштаанд
Абдуалим Баротов с.т.1954 - вафот 1992
Абдуғаффор Сафаров с.т.1967-вафот 1992
Абдукарим Абдуллоев - қорӣ Карим. с.т.1951-вафот 1992
Абдуллоев Наимҷон. - 10.10.1971-16.09.1992
Абдуллоев Содиқҷон. с.т.28.03.1964
Абдурауф Ҳалимов с.т 1957-вафот 27.09.1992
Абдуғанӣ Пулотов с.т.1970-27.09.1992
Абдукарим Шодов, муаллим. с.т.1962-вафот сентябри 1992
Аҳмад Сатторов с.т.23.06.1965-вафот 1992
Азизқулов Муҳаммадалӣ. с.тав.1977.
Санаи қатл 21.09.1992
Акбар Исломов, муовини директории мактаби №7. с.т.1964-вафот
сентябри 1992
Акбар Маҷидов с.т.1959- вафот сентябри 19922
Акрамбоев Анвар. с.тав.28.06.1963
Аламуродов Холмурод. с.тав.1963. Санаи қатл 1992
Алиев Иброҳим. с.тав.22.06.1972
Алимов Раҷабали Абдуллаевич. с.тав.1967
Азизулло Гулов с.т.1970-1992
Амир Раҳимов с.т.1961-вафот 1992
Атоев Сулаймон. с.т.1961. Санаи қатл 27.09.1992
Баҳриддин вафот 1992
Бегиҷон Маҳмадалиев с.т.1969 вафот 1992
Бояков Асадулло с.т.1962. вафот 1992
Бояков Зафар с.т.1962. вафот 1992
Вася вафот 1992
Владимир Балакиров вафот 1992
Ғуломалӣ Ҷабборов с.т.1940 вафот 1992
Гулов Дилшод с.т.1967, вафот 1992
Ёфтак Алиев с.т.1951 вафот 1992
Жеребёв Евгений с.т.1961 вафот 1992
Зимин Александр с.т.1962 вафот 1992
Зубайдуллоев Саидҷон с.т.1966 вафот 19922
Ибодов Худойдод вафот 1992
Ибрагимов Абдуҳамид вафот 1992
Иззатулло Қосимов с.т.1950 вафот 1992
Исматуллоев Юсуф Саидович с.т.6.07.1949 вафот 1992
Қабилҷон вафот 1992
Баҳриддин вафот 1992
Бегиҷон Маҳмадалиев с.т.1969 вафот 1992
Бояков Асадулло с.т.1962. вафот 1992
Бояков Зафар с.т.1962. вафот 1992
Гулов Дилшод с.т.1967, вафот 1992
Ёфтак Алиев с.т.1951 вафот 1992
Ибодов Худойдод вафот 1992
Ибрагимов Абдуҳамид вафот 1992
Кабиров Валихон вафот 1992
Камолов Баҳриддин с.т.1969 вафот 1992
Каҳҳоров Абдуҳамид с.т.1976 вафот 1992
Каримов Рустам с.т.1966 вафот 1992
Комил Пустов с.т.1968 вафот 1992
Мамадқул Сатторов с.т. 6.09.1969 вафот 1992
Мамедов Рашид с.т.1972 вафот 1992
Маннон Пустов с.т.1961 вафот 1992
Мирзоев Эмом с.т.1965 вафот 1992
Миров Хайрулло вафот1992
Миров вафот 1992
Михаил Емохонов с.т.1974 вафот 1992
Муродали Файзуллоев с.т.1972 вафот 1992
Муродалӣ Мирзоалиев с.т.1964 вафот 1992
Муҳаммадиев Маҳмуд с.т.1969. вафот 1992
Муҳиддин Сафаров вафот 1992
Навруз Раҳимов с.т.1962 вафот 1992
Назаров Қурбон вафот 1992
Наимов Анвар Ҷалолович.
с.т.13.01.1963 вафот 1992
Нуралӣ Ғуломов с.т.1958 вафот 1992
Нуриддин Ҳабибуллоев с.т.1975 вафот 1992
Нурулло Шарипов-директори мактаби миёнаи №7 вафот 1992
Обидҷон Солиев с.т.1968 вафот 1992
Одил Маҳмадалиев с.т.1965 вафот 1992
Олейник вафот 1992
Равшанов Ҳасанбой с.т.1967. вафот 1992
Раупов Тагай вафот 1992
Раҷабалӣ Алимуродов с.т.1965 вафот 1992
Раҷабалӣ Маҳмудов с.т.1965 вафот 1992
Раҷабмурод Сангинов с.т.1962 вафот 1992
Раҳимов Малах вафот 1992
Раҳимов Мирзокарим с.т.1970. вафот 1992
Раҳмадулло Абдуллоевич
Олимов с.т.1957 вафот 1992
Раҳматулло Маҳмадалиев с.т.1963 вафот 1992
Раҳматулло Холов с.т.1960 вафот 1992
Раҳмонов Файзулло вафот 1992
Рачаб Наимов с.т.1967 вафот 1992
С.Белацерковский вафот 1992
Убайдулло вафот 1992
Убайдулло Муминов с.т.1959 вафот 1992
Умар Каримов с.т.1970 вафот 1992
Умаров Баҳриддин. с.т.12.03.1952 вафот 1992
Усмонов Сафаралӣ вафот 1992
Файзиддин Раҳимов с.т.1966 вафот 1992
Фатҳулло Гулов с.т.1966 вафот 1992
Ҳайбуллоев Иброҳимҷон. 24.05.1956 вафот 1992
Ҳомид Солиев с.т.1968 вафот 1992
Ҳусейналӣ Бобоев с.т.1966 вафот 1992
Хайриддин Баротов с.т.1963 вафот 1992
Хайриддин Шарипов с.т.1961 вафот 1992
Хайруллоев Начбуддин. 21.12.1967 вафот 1992
Холматов Султон. с.т.10.10.1960 вафот 1992
Холмирзо Давлатов с.т.1967 вафот 1992
Холмирзо Таушев. 10.11.1959 вафот 1992
Холов Абдулмадуд. с.т.1967 вафот 1992
Холов Рамазон. с.т.1969 вафот 1992
Худойназаров Ибодулло с.т.1972 вафот 1992
Ҷобиров Мамараҷаб с.т.1964. вафот 1992
Чобиров Гулмурод. с.т.16.03.1958 вафот 1992
Чумъаев Рачабали. с.т.1956 вафот 199292
Шамсиддин Қурбонов с.т.1956 вафот 1992
Шарипов Бахтиёр вафот 1992
Шарифамоҳи Кишвардухт с.т.1951 вафот 1992
Шераков Шарифҷон с.т.1956. вафот 1992
Шовалиев Бозор.с.т.1960 вафот 1992
Шомардов Муродалӣ с.т.1962 вафот 1992
Шукур Маҷидов с.т.1965 вафот 1992
Эгамбердиев Абдувалӣ с.т.25.08.1969 вафот 1992
Эдуард Серебраков с.т.1965 вафот 1992
Яъқубов Маҳмадҷон с.т.1958 вафот 1992