Салом СССР-и тавоно!
1 пешниҳод дорам ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон: дар даврони СССР ҳар шахсе, ки мефавтид, ӯро пеш аз гӯронидан аз зери ташхиси табибон- экспертизаи судӣ мегузарониданду сабаби марги ӯро муайян мекарданд. Ҳоло бо сабабҳои номаълум шахс мефавтаду оҷилан мегӯронанд. Соҳибони майит мегӯянд, ки фавтида 1 соат пеш ягон даъво аз саломатӣ надошт. Дар чунин ҳолатҳо табибон бояд сабаби марги ӯро муайян кунанд. Раваду зери фишору таҳдид ё латукӯби касе қарор гирифта фавтидаасту ҷинояткор дар озодӣ бошад?
Ҷурабек Азизов,
н. Ҷайҳун,
Тел: 904446033