ХАБАРИ ДОҒ

Шабнаму Фарзонаву Фирӯза «гум» шуданд?

  • Чоршанбе, Июл 13 2022

 

Мадина Ҳамидова, хонандаи қарини СССР аз н.Панҷ ба идораи газета занг зада (тел: 903030374), пурсид, ки чаро ҳунармандони оламшумули тоҷикро, ки дунё мешиносад, аз ТВ-ҳои тоҷик дур кардаанд?

   - Чаро дар шабакаҳои ТВ сарояндагони шинохтаи тоҷик Шабнами Сурайё,  Фарзонаи Хуршед ва Фирӯза Ҳафизова ба якбораги «гум» шудаанд? Чаро консертҳои онҳоро дар рӯзҳои иду ҷашн намоиш намедиҳанд? Бо кадом сабаб онҳоро дар «руйхати сиёҳ» ҷой кардаанд, барои кадом кору гуноҳашон?

Ба ҷойи «гум» кардани инҳо аз ТВ хуб мешуд, ки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шабакаҳои иҷтимоӣ ба мисли Фейсбуку Инстаграму Ютуб диққат медоданду медиданд, ки чӣ қадар ҳофизаҳои нав баромадаанду дар баробари ғалат хондану ғалат сароидан, сурату сираташон низ «мелангад»!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter