ХАБАРИ ДОҒ

Биҳоҷал Раҳимова, муовини Сарвазири СССР

  • Чоршанбе, Июл 20 2022

Биҳоҷал Раҳимова аз муваффақтарин бонувони на танҳо РСС Тоҷикистон, ки куллияи республикаҳои советии сотсиалистии шӯравист, ки аз коргари оддӣ рушд карда, то ба вазифаи муовини сарвазири Иттифоқи Советӣ расидааст. Хонум Раҳимова 2 бор муовини сарвазири СССР таъин шудааст. То ГКЧП ва баъди ГКЧП то пошхӯрди СССР. Тасмим гирифтем, хотироти намояндаи аршади Тоҷикистон дар Кабинети вазирони СССР-ро манзури хонанда созем. Вале қабл аз он, ба чӣ будани Кабинети СССР, кӣ будани сарвазири он, ки дар солҳои бозсозӣ бо номи «Кабинети Павлов» маъруф буд рушноӣ меандозем.

 

Кабинети вазирони СССР

  26.12.1990. Дар ҷои Шӯрои вазирони СССР Кабинети вазирони Иттифоқи Шӯравӣ таъсис дода шуд, ки бевосита ба Президенти СССР, Михаил Сергеевич Горбачёв итоат мекард.

14.01.1991 Сарвазири ин кабинет Валентин Павлов таъин гардид.

Павлов, баъдан барои наҷоти СССР ба ҳайъати ГКЧП (18-21 август) шомил шуда, баъди табаддулоти бебарор, дар таърихи 22.08.1991, бо укази Горбачёв аз вазифа сабукдӯш шуд. Ҳоло бисёриҳо бар назаранд, ки агар путч ё худ табаддулоти ГКЧП пирӯз меомад, СССР аз байн намерафт. Вале Елтсини хоини амрикоӣ кайҳо корҳоро пухтаву давлатро барҳам зада буд.

28.08.1991. Шӯрои Олии СССР Павловро ба истеъфо равон карда, зимнан кабинети вазиронро низ барҳам зад. Чанде ба баъд, аъзои кабинети вазирон, акнун бидуни Павлов, то декабри соли 1991, то пурра аз байн рафтани абарқудрат СССР амал карда, аз нахустинҳо шуда, коллапси шӯравиро тасдиқ намуд.

Дар ин гирудори таърихӣ, 1 бонуи Тоҷик низ шомили ин ҳукумат буд, ки мутаассуф, тӯли 30 соли ахир аз назарҳо дур мондааст. СССР тасмим гирифт, ин хаторо рафъ сохта, бо иштирокчии бевоситаи гирудорҳои маскавӣ, баҳсу ҷанҷолҳои номенклатураи коммунистӣ, хархашаҳои Горбачёву Елтсинӣ ва узви ҳукумати шӯравӣ сӯҳбат орояд.

Бо мо бошед, ки Мо Метавонем!

 

Аз насли ҷанговарон

Дар ҳақиқат ман фарзанди насли он нафароне ҳастам, ки Ҷанги Бузурги Ватаниро диданд. Ҳанӯз ман таваллуд нашуда, ба падарам даъватномаи ҷангро мефиристанд, он кас ба военкомат рафта, мегӯянд, ки 2-3 рӯз фурсат диҳед, то завҷаам таваллуд кунад, баъд меравам. Ҳамин тавр ҳам мешавад, 27 декабри соли 1941 ман, фарзанди 5-уми оила таваллуд мешаваму падарам 3 январи соли 1942 ба ҷанг мераванд.

Падарам то охири ҷанг, то рӯзи Ғалаба ҷангида, расо 9 майи соли 1945 ба Ватан баргаштанд. Бародари калониам ҳам, ки аз падару модар пинҳонӣ ба ҷанг гурехта рафта буд, моҳи августи соли 1945 ба хона расида омад. Ҳар ду дар 2 фронт ҷангида, бародарам пас аз ғалаба дар госпитал монда, захмҳояшро муолиҷа карда, баъди 3 моҳ меояд.

Мо дар маҳаллаи Кӯпруки Баланди Хуҷанд зиндагӣ мекардему падарам зодаи маҳаллаи Чорбоғ буданд. Бобову бибии модариам писар надоштанд, ва барои ҳамин падарамро ба назди худ барои зиндагӣ даъват мекунанд.

 

 Зиндагонии даврони ҶБВ

Албатта зиндагии он солҳо мушкил буд, сериву пурӣ набуд, вале мардум ҳам гурусна намемонданд, зеро ҳама баробар аз хурд то калон меҳнат мекарданд, касе бекор набуд. Модарам ҷомаву фуфайка медӯхтанд, ҳамонро бозор бурда, фурӯхта, ба пули ҷамъшуда ба нисфаш хӯрока мехариданду ба нисфи дигараш матоъ. Модарам танҳо набуданд, аксари занҳои гузар ҷомадӯзӣ мекарданд, шояд барои ҳамин маҳалаамон маҳаллаи Ҷомадӯзон ном дошту гузари дигар Чармгарон-мардуми он кӯча бо чарм сарукор доштанд, гузари дигар Ҷиякдӯзон ном дошт. Мардум ҳама саргарми кору меҳнати ҳаққу ҳалол буданд ва аз ин нон меёфтанд.

1 ҳолат хуб дар ёдам мондааст, вақте маҳсулоти дастиро ба бозор бурда мефурӯхтем, «шумо спекулянт» гуфта, моро ба қавле «гонять» мекарданду ҳама мегурехт. Модарам маро дар 1 гӯшаи дуртаре шинонида, ба дастам 1 дастовезро бо фуфайкаву рӯймол медоданду худашон рафта, пинҳонӣ харидор мекофтанд, харидорро оҳиста оварда, дар пеши ман ҷомаву рӯймолро нишон медоданд. Ана ҳамин хел рӯзҳо буд…

 

Хуҷанди интернатсионалӣ

Дар маҳаллаи мо-Кӯпруки Баланд дар баробари мардуми таҳҷоӣ русҳову немисҳо низ зиндагӣ мекарданд. Инҳо немисҳои асир не, немисҳои баъди инқилоби Октябр ва пеш аз ҶБВ омада буданд. Дар маҳаллаи мо Масҷиди Сурх ном масҷид буду то ба ҳол ҳаст. Онҷо «ЛикБез», курси маҳви бесаводӣ ташкил карда буданду русҳо ба мардум дарс медоданд. Аксари немисҳо аз Поволже омада, агар гӯем, ки немисҳои худамон буданд, хато нест. Онҳо асирафтода набуданд.

Баъдан вақте ба кор сар кардам фаҳмидам, ки дар шаҳраки Табошар, имрӯза Истиқлол, немисҳои асирафтода мезистанд. Онҳо хонаҳое месохтанд, аз рӯи хонаҳои немисии сангин, ки то ҳол хеле зебоянд, кору пайкорашон низ аз рӯи одоб ва вақту соат буд, яъне ҳамон «пунктуальность и точность»-и немисиро ман аз ҳамонҳо дидаму ёд гирифтам.

Пасон чандин маротиба ба наздашон рафта меҳмон шудаву ҳатто забони немисиро низ омӯхтам, агар ҳоло ҳам сӯҳбати 2 олмониро шунавам, забони немисӣ ба ёдам меояду гап зада ҳам метавонам. Муаллимон низ дар мактаб ба мо забони немисиро хуб меомӯзониданду ман имрӯз тарҷумаи ҳоли худро бо забони немисӣ озод гуфта метавонам.   

Бачаҳои немисҳо ҳам хеле меҳнаткаш буданд, зеҳнашонро ба хондан ниҳода, ҳама вақт пешсафу пешқадам мешуданд. Тоҷику урусу ӯзбеку немис бо ҳамигар самимӣ будему дӯстиву рафоқат, эҳтирому меҳр буд.

 

Аз Хуҷанд ба Душанбе ва Хуҷанд

Соли 1948 бародарамро ба ш.Душанбе ба идораи «Тоҷикпотребсоюз» ба кор даъват карданд. Бародарам таклиф мекунанд, ки маро низ бо худ ба пойтахт биёранд, то ба модарам сабуктар афтад. Таҳсилро дар мактаби миёнаи №2-и русӣ сар кардам. Модари ман русиро намедонистанд, вале ман аз мактаб сар карда то донишгоҳу пасон дигар мактабҳои олии партиявӣ фақат русӣ хондам. Ин албатта тақозои он замон буд. Ҳатто вақте ки ман депутати СССР будам, аз ман зиёд мепурсиданд, ки ман дар ҳақиқат русам ё тоҷик?!

Вақте ман дар ш.Душанбе ҳамчун котиби аввали Комитети партиявии коммунистии н.Фрунзе кор мекардам, дар пойтахт пленуми партиявии республикавӣ баргузор мегардад. Р.Ҳоҷиев, котиби 1-уми Комитети партиявии вилояти Ленинобод буданд, суханашон ҳамеша буррандаву масъалагузориашон мушаххас буду ҳама аз сиёсаташон меҳаросиданд. Коммунисти асил ва Сурх!

Он кас маро даъват карда гуфтанд, ки «Биҳоҷал, то кай дар инҷо мегардӣ, рафтем Ленинобод, якҷоя мекунем!».

Дар посух гуфтам, ки 1 бор бо модарам маслиҳат кунам. Модарам инро шунида, хеле хурсанд шуда, гуфтанд, «Вой номи Худова гардам! Вой аз забони Хоҷиев мегардам! Хезу био, ки пазмонат шудаам!!!». Ин охири соли 1983, солҳои ахири ҳукмронии Л.Брежнев буд…

 

Аз Хуҷанд ба Маскав

Ман аз рӯи ихтисос инженер-электрикам. Хидмататон арз кунам, ман физикам на лирик. Яъне сухандониву суханбозӣ карда наметавонам. Чун коммунисти асил, коммунисти сурх, ҳамеша ҳақиқатро мегӯям. Дар куҷое, ки набошам!

Аз ман борҳо мепурсиданд шумо кӣ, падаратон кӣ, худатон аз кадом авлоду маҳалла, ин хел пурсупосҳо хеле зиёд буданд. Барои ҳама аҷиб буд, ки ин духтараки чаққон аз куҷо пайдо шуду болобардор гашт. 6 сол дар вилояти Ленинобод кор кардам.

Он солҳо дар Маскав Комитети занҳои шӯравӣ буд, ки ба он Валентина Терешкова роҳбарӣ мекард. Пеш аз интихоботи депутатҳо қарор баромад, ки ба ғайр аз тақсимоти ҳудудӣ бояд боз аз рӯи рӯйхати Комитети занҳо низ нафареро депутат бояд интихоб кунанд. Аз Тоҷикистон 6 нафар номзад будем, аз он ҷумла чемпионка Зебунисо Рустамова, шоираи Мавҷуда Ҳакимова, Адолат Қосимова, 1 механизатор аз Қурғонтеппа буданд, ки пасон унвони Қаҳрамони меҳнатро гирифтанд.

Маро аз Шӯрои занҳои вилояти Ленинобод пешниҳод карданду гуфтанд, ки ба худ шахсони боэътимод дарёбем. Шахсони бовариноки ман Ибодат Раҳимова ва Низорамоҳ Зарипова шуданд, ҳарду маро хеле дӯст медоштанд. Бояд гӯям, ки кору масъулиятро ман маҳз аз ҳамин 2 зан омӯхтам ва ҳардуи инҳо буданд, ки маро дар ин интихоби нахустинам дастгирӣ карданд. Ман инженери ҷавон 40 сол доштам ва депутати Шӯрои Олии СССР интихоб шудам. Он замон давраи роҳбарии М.Горбачев буд…

 Дӯстӣ бо Валентина Матвиенко

Маро Валентина Матвиенко хеле хуб мешинохт, ӯ он солҳо ба ҳайси котиби комсомолии вилояти Ленинград кор мекард. В.Матвиенко ҳамеша ба ман мегуфт: «Биходжал, мы с тобой одногородки, ты с Ленинабада, я с Ленинграда!». Маҳз Матвиенко, ки ба раисӣ дар Шӯрои Олӣ пешбарӣ шуда буд, маро ба ҳайси ҷониши худ интихоб кард. В.Матвиенко ҳамеша дар сафару конфронсу маҷлис буданду кори асосӣ ба зиммаи ман буд, ин аст, ки маро ҳама мешинохтагӣ шуд. Ҳамчун депутат низ аз номи Тоҷикистон баромадҳои зиёд карда масъалаҳои ҷидиро мебардоштам. Ҳоло бубинед Валентина Матвиенко, дугонаи ман то ба куҷоҳо расид.

  1 рӯз Қаҳҳор Маҳкамов ба Маскав омада, маро ба назди худ ҷеғ заданд, гуфтанд, ки «биёед равем дар Тоҷикистон якҷоя кор кунем». Он замон бароям дар Рублевка 1 хонаи 4 ҳуҷрагӣ дода буданд. Он хонаи хизматӣ буду бо шавҳарам ҳамроҳ зиндагӣ мекардем.

Моҳи сентябри соли 1990 ман ба гапи Қаҳҳор Маҳкамов гӯш карда, 1 ҷомадон гирифта ба Тоҷикистон омадам. Вале баъди чанде М.Горбачев занг зада ба кор ба Шӯрои Вазирони СССР дубора даъват кард, ман ба ӯ гуфтам: «Михаил Сергеевич, ну почему я? Я только что маму похоронила, но есть ещё свекровь!», Горбачев дар посух гуфт: «Биходжал, что СССР только мой дом!? Это дом всех 15 республик. Все члены Политбюро пришли к выводу, что нужно остановиться на вашей кандидатуре!». Қаҳҳор Маҳкамов ҳам гуфтанд, ки «Равед, шуморо ба кор даъват карда истодаанд, шуморо муовини сарвазир карданӣ!». Маҷбур шудам боз ҷомаонамро гирифта, ба Маскав сафар кунам.

 Дар муқоиса бо Л.Брежнев, ки ман ӯро аз наздик надида будам, М.Горбачеви ҷавон бисёр мехост тағийрот кунад, мардуму ҷомеа меҳнати ҳалол кунанд, дуздӣ набошад, азнавсозӣ-перестройка шавад. Ҳамеша дар ҳаракату такопӯ буд ва ба ҳамаи кору рафтораш маъқул буд, аз он ҷумла ба ман. Вале имрӯз ман метавонам гӯям, ки давлати абарқудрати СССР-ро маҳз Б.Елтсин ва М.Горбачев барҳам доданд, зеро ҳамеша дар муборизаву задухӯрди ҳам буданд.

Ман инро ҳис мекардам, ҳатто раиси Комитети кор бо ҷавонони СССР, ки он замон Р.Аушев буд, яке аз аввалинҳо шуда ба ман ҳушдор дод, ки «Все! Страна разваливается!».

Ман, коммунисти асил аз ин гап хеле сахт ранҷидам ва ҳатто зимни баргашт ба Ленинобод ба дӯстам Оқил Оқилов ҳам гуфтам, ки наход СССР-и абарқудрат пош хӯрад. «О ман чи хел равам ин хел бошад?»- гӯям, Оқил Ғайбуллоевич посух доданд: «Равед, Биҳоҷал, СССР пош хӯрад ҳам, номатон дар таърих мемонад, ки 1 зани тоҷик муовини сарвазири СССР буд гуфта!» афзуданд он кас.

Он замон алакай Прибалтика ҷудо шуда, дар Грузия ҷанҷолҳо сар шуда Борис Елтсин Президенти СССР интихоб шуда буд. Ҳатто ҳамон вақт ҳам украиниҳо русҳоро бад медиданд, «Москали» мегуфтанду ман ҳайрон мешудам, ки чаро 1 славянӣ 1 славянии дигарро бад медид.

Пункти 1-уми Конститутсияро дар бораи СССР низ тариқи раъйпурсӣ бардоштанд ва ин алакай нахустин гом аз барҳамхӯрии СССР буд.   

 Хабар дар бораи ГКЧП-ро ман тариқи радио дар мошини хизматӣ шунидам. Ба бинои Шӯрои Вазирон бо роҳи пинҳонӣ даромадем. Мани ҳайрони бехабар ба кабинети корӣ даромада хап шиштам. Агар он рӯз Б.Елтсинро мегирифтанд вазъ дигар мешуд, ӯро гурезонданд, ҳатто мегуфтанд, ки Елтсин дугоник ҳам дошт. Б.Елтсин ба майдон баромаду Горбачевро пачақ кард гӯем хато нест. Ҳарду мехостанд президент шаванд.

Он бегоҳ ҷаласаи Шӯрои Вазирон баргузор гашт, 3 нафар аз ГКЧП омада алакай қарору оинномаву дигар санадҳояшон омода буд. Кабинети вазиронро барҳам доданд, новобаста аз раъйпурсии ҳифзи СССР, ки барои ин беш аз 99% мардум овози мусбат дода буд.

Пас аз барҳамхӯрии Шӯрои Вазирон аксариятро ҷавоб доданд, вале намедонам чаро маро нигоҳ доштанд, раиси Комиссия байнидавлатии СССР ва Полша таъин намуданд, баъди он раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии ИДМ таъин карданд, бе ман. Баъди он Беловежская пуша сурат гирифту мо ҳам охири кор гуфта, бо шавҳарам баромада бо ҳамон 1 ҷомадон ба Ленинобод рафтем. Хонаи хизматиро ҳам бо 2 дасти адаб супоридем, агар аксар депутатҳои тоҷикистонии Шӯрои Олии СССР хонаҳои хизматии худро баъдан шахсӣ карда бошанд, ман ин корро накардам, зеро коммунистаму виҷдонам ба ин кор иҷозат надод.

Вақте ба Тоҷикистон баргаштем, дар ин ҷо низ вазъият хуб набуду мардум бар зидди Қаҳҳор Маҳкамов бархеста буданд. Қаҳҳор Маҳкамов бисёр инсони тоза ва ростқавлу ҳалолкор буд, вале шояд ба ӯ ҳушёрӣ ва ҷасорати сиёсӣ намерасид, то ин ки баъзе ҳолатҳоро ба таври дипломатӣ ва сиёсӣ ҳал кунад. Ба фикри ман сабаби канора кардани Қ.Маҳкамов ва ба сари қудрат овардани Р.Набиев ин гурӯҳбозӣ буд.

Раҳмон Набиев то ин вазифа дар мансабҳои хеле калону баланд кор карда, обрӯманду сарватманд низ буд. Мушкилаш он буд, ки вақтҳои ахир ба нӯшидан сар карданд ва ин хатои маҳз дар карераи сиёсиашон шуд. Вақте номзадиашонро ба курсии президентӣ гузоштанд, ман ба акоям, ки занашон ба Набиев хешӣ дошт, гуфтам: «Ако, гӯед номзадиашонро намонанд, он кас наметавонанд, тайёр нестанд, аз лиҳози сиёсӣ пухта нестанд!», вале касе маро гӯш накард. Оқибаташ чи шуд дидем.

Муросоӣ байни минтақаҳои Тоҷикистон суст буд, баланси кӣ аз куҷо вайрон шуда, маҳалгароӣ авҷ гирифт. Р.Набиев дар ин самт сустӣ кард. Дар замони советӣ вилояти Ленинобод ширу гӯшт дошту, вилояти Хатлон пахтаву боғу меваю сабзавот, вале ин чизро ҳам Р.Набиев нафаҳмид, ин буд хусусиятҳои нозуки минтақаҳо-баланси ҷтимоӣ ва иқтисодӣ!

 

Хуҷандӣ кист?

Хуҷандӣ инсонҳое, ки аз нуқтаи мавқеи географӣ дар саргаҳи Роҳи Абрешим қарор доштанду аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ дорои шароити беҳтаре буданд. Яъне Хуҷандӣ ҳамеша серу пур буду ҳунарманд буд. Сокинони Хуҷандшаҳр дар додугирифту савдо моҳир буданду таъсири муносибатҳои иқтисодӣ ба шуурнокию ҷаҳонбиниашон ҳатман таъсиргузорӣ мекард. Хуҷандиҳо агар ба дигар ҷо мерафтанд, дертар забон ёфта, худро озод ҳис намекарданд, вале фарҳанги хонадориву рафтуомади авлодиро дар худ ҳифз карданд. Ҳамеша тарафдори сарҷамъиву суҳбат, яъне ҳамон гап буданду ҳоло ҳам ҳастанд. Шояд натавонистам барои шумо дуруст фаҳмонида тавонам, ман физикам, мисли шумо лирик-забондон нестам.

Услуби одаму одамгарӣ дар Хуҷанд хеле пойдор аст, одитарин чиз, дар ин ҷо касе ба касе «Ту» гуфта муроҷиат намекунад, дар Хуҷанд ба хурду калон, бегонаву шинос ҳамеша «Шумо» мегӯянд ва ин воқеан ҳам хоси мардуми хуҷандист. Мардуми хуҷандӣ танбал нест, меҳнаткаш аст.

Мардуми Хуҷанд ноҳияи Б.Ғафуровро ҳамчун Хуҷанду сокинонашро хуҷандӣ қабул мекунанд, вале мардуми Мастчоҳу Истаравшану Зафарободу Конибодому Исфараро не. Ин бештар ҳангоми хостгориву духтар додану келин кардан дида мешавад.

 

 

Ба Эмомалӣ Раҳмон бовар надоштанд!

Ба Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сессияи 16-уми моҳи ноябри соли 1992 ягона номзад буд, дар аввал боварӣ намекарданд. Мегуфтанд, ки хеле ҷавон аст, агроном будаасту аз минтақаи Кӯлоб баромадагӣ нест, вале Худодод будааст, аз ӯҳдаи давлату давлатдорӣ баромад. Ман поёни 1 давлати абарқудрати СССР ва оғози 1 давлати нави ИДМ-ро дидааму шоҳиди бисёре аз воқеоти сиёсии таърихӣ будам. Аз ин хотир 100% гуфта метавонам, ки нн марди бузург тавонист! Тавонист мардумро дар гирдаш сарҷамъ намояд. Ҳар гоҳе, ки ба вилояти Суғд меоянд мардум аз шодӣ ашк мерезанд, ин қадар мардум Эмомалӣ Раҳмонро дӯст медорад, эътимод дорад ва медонад, ки Сарвараш бо ӯст!

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter