Ба гузашта салавот ё респект???

  • Чоршанбе, Авг 03 2022

Пролог: Аз куфри Абдуқодир то кофирии ҷамъияти мо...

18.07.2022. Соат ба вақти СССР 18:58 дақиқа. Ман ин матлабро, ки дар зер мехонӣ (ну, куда вы денитесь, читатель?!) расо 8 сол пеш навиштаам. Соате, ки Зиё Абдулло-шоири пурдониши нозанин ва Комил Бекзода-файласуф аз олами улвро КОФИР эълон карда буданд. 8 сол, яъне 96 моҳ пеш. 2880 рӯз муқаддам. 69120 соат қаблтар аз ҳамин рӯз.

Дар ин маҳдуда, бе муҳобо, дилхоҳ крокодилро сурудхонӣ меомухтему бегемотро пианинонавозӣ ва филро рақсу харро усул. Агар мехостем!!! Вале мо чӣ кардем? Пеш рафтем? Пас гаштем? Ист фармудем? Ё чӣ???

 «Ё чӣ?»-суоли калидии ҳамкасбони собиқи ман аз радиои Озодист. Чаро «собиқ»? Зеро дар ин радио, мутаассуф, ман на танҳо касбият, ки ҳатто рӯҳи ватанфурӯшӣ дигар намебинам. Намегӯям нестанд. Ҳастанд! Вале чун Соҷидаи Мирзоро бо иллати «ҳукуматпарастӣ ё худ ватанхоҳӣ» барканор карданд, боқӣ фикр доранд, агар муҳаббатат ба ватан, миллат, давлати Тоҷикон эҳсос шуд, «қартаи кабирӣ» ба гардиш меояду ту ҳам аз Прага мепарӣ. Гагаринвор, вале бо усули пробкаи шампон. Аз улв ба зери стул. Ва кӣ мешавӣ? Оре, аккурат, ҳаммол, грузчик ё ҳадди ниҳоӣ кирокаш. Бархеро барои тарси дигарон ҳамингуна кардаву дар кӯчаҳои Аврупо сар додаанд…

 Ман ба 1 чиз ҳайронам. Ин мардум, чун ба Аврупову Амрико рафтанд, фикр доранд, таҳқиру танқиду таҳдиди миллату давлат ба онҳо «бонус» медиҳад? Хоки думушта-гуфти Бобои Ғулом. Пагоҳ боз дар кӯчаҳои Душанбе бо сари хам мебинематон. Ҳамонгуна, ки дигаронатон омадаву рафтед. Ужас!!!-барои шумо чӣ буд? Ин ки дидед, ки ба касе лозим нестед. Касе парвои буду набудатон надорад. Мурдаатонро агар ба ватанатон наоранд, худатон ба касе лозим нестед. Мисле, ки имрӯз аз тамоми гӯшаву канори кишвар, агар 1 рагчаяки хурди модару падар 1 сӯ, риштаи хешии язнаву домодатон часпад, мурдаҳоятонро вардошта, ба 1 деҳаи баландкӯҳи номии Хатлон мебаред. Мурда-ку фикри қиёмат дорад!!! Вале мурдадорон дар фикри мансабанд, типа «ака, туғрияй, мо аз ҳамин ҷо…вақти тақсимот ба назар гирифта шавад». Мурдафурӯш ҳам шудаем, эмону мазҳаб 1 сӯ…

 

Руҷуъи лирикӣ

Замоне 1 нафар, ки мехост дар Союз «президенти мардумӣ» шаваду нашуд, баъдан 1 қабри кӯҳнаеро ёфтаву болош санге гузошту ному насаби падарашро навишт ва худро аз ҳамун ҷоҳо хонд… Мутаассуф, шафоат накард, гӯри лжепадарӣ. Ҳабс шуд ва ҳамон ҷо фавтид…

 

Вале дар бораи куфри Абдуқодир (ниг. ба акс)

 Ба пиндори фардии ман, «Куфри Талбаков» эътироз аст! Эътироз ба фанатизми хазанда, экспансияи экстремизм, рушди таассуби миллатғофилгир. Ба мо ҳатто «исломизатсияи Афғонистон», ки дар асл фашизме беш нест, дарси ибрат нашуд. Мо аз исломгароии Эрону Покистон хаста нашудем. Мо фикр дорем, ғайри мо-арабпарастакони мусалмон, дигар тамомии дунё кофир аст, дӯзахист, маҳкум ба азобу уқубат аст. Дилхоҳ муллоро пурсед, 95% чунин нагуфт, «Рӯша сия мекна!»-гуфти Бобои Ғулом…

Ва ана дар ҳамин маҳдудаи 8-сола, пас аз кофирии Зиё Абдуллову Комил Бекзода 1 нури дигар туннели тасаввуроти моро равшан намуд. Ва ин нур ном дорад, номе, ки вирди забонҳост:

«Куфри Талбаков»…

 Аз байни матлаби фавқ то пешгуфтори имрӯза 8 сол гузашт. 8 сол Давлати дунявии мо рушд кард. 8-сол сохтем. 8-сол пеш рафтем. 8-сол обод кардем. 8-сол… Дар ин 8 сол 800 нафар зиёд ба ҷанги Ироқу Шому Мисру Афғонистон рафту мурду кушту нопадид гардид. 8 сол шаборӯзӣ бо экстремизм ҳарб кардем ва 8 сол пас Абдуқодири Абдуқаҳҳор "кофир" шуд. Пас мо бо кӣ пархош намудем? Оё на бо Осиёбҳои Бодии Дон Кихот??? Ҳар нафаре фикр дорад, Абдуқодирро кофар гуфтаанду ӯ канор мемонад, номаъқули барзиёд кардааст. «Куфри Талбаков» куфри Зиё, куфри Бек…ҳо оғози кор аст. Барои ин тӯдаи хом ҳама аҳли зиё, аҳли илм, аҳли дониш, аҳли ҳукумат…кофаранд. Зимнан ин равандро бояд решакан намуд. Чигуна? Бо қувваву қудрату нерӯи пиндору андешаи аҳли зиё. Фарзи мисол, чаро шоирони тавоно, афроди ҷоизаи давлатӣ дошта, медалу ордендорон, мансабу лготгирон, депутату профессорон, дар намозҳои ҷумъа рафтаву ваъз нагӯянду табли ифтихор аз Давлату Ватан накӯбанд? Равед!!! Зеро агар шумо намеравед, ун ҷо холӣ намемонад:

-Свято место пусто не бывает!!!-гоҳе урусидонӣ мекарду мегуфт Бобои Ғуломи раҳматӣ…

 

Руҷуъи типикӣ

Ҳар кӣ Абдуқодирро кофир мепиндорад, ин матлабро бори дигар ҳатман хонад. Ҳар касе ӯро кофир намебишмарад ҳатмани ҳатмани ҳатман хонад! Чаро? Зеро дарк месозад, ки аҳли дил, аҳли зиё, аҳли дониш кофир нестанд. Вале зиёӣ он дам зиёӣ мегардад, ки пеши аҳли риё, аҳли худнамоён, аҳли ҷаҳл, аҳли саводбакӯр сар хам намекунад, мисли собиқ кормандони радиои Озодӣ сархам дар кӯчаҳо қадам намезанад. Чунки аз кардаҳои худ малӯлу хиҷил нест, пеши ин миллат. Мо Метавонем!

 

Тафаккури ҷамъияти мо батар аз ҳазораи қаблист

Хез, то хирқаи сӯфӣ ба харобот барем,

Зарқу томот ба бозори хурофот барем…

18.07.2014. Соат ба вақти СССР 18:58 дақиқа.   Ҳар мисраъ ва байту порае, ки дар ин матлаб меояд, аз клоссикони адабиёти Тоҷику форс аст; аз онҳое, ки қории Қуръон ва ҳофизи комили Китоби Худо будаанд. Мо номҳоро ҳадафмандона инкогнито мекорем. Онҳоро ҷӯед, ёбед ва хонед! Зеро то клоссикони худро нахонем, дар гиле дармондаем, ки хурофот ном дорад. Вале дар ин матлаб сухан сари дигар чист:

-Чигуна ин ҳамаро дар тӯли ҳазорсолае беш ин миллат дар худ гунҷонидаву то даврони мо ҳифз карда, овардааст? Ба давроне, ки андеша танг, менталитет борик ва интеллект паст аст.

Шумо тасаввур карда метавонед, ки дари хонаи узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро дузданду дари масҷидеро оварда, ҷояш васл кунад ва чун сабаб пурсанд, гӯяд:

-Ӯ дуздро медонад, ки кист? Ва то номашро ба ман фош накунад, дарашро нахоҳам дод!

Дар асри 21 чунин завқи закиро агар сангборон накунанд, пас ҳатман террораш мекарданд ва кофараш мехонданд. Аммо ҳазорон сол пеш клоссикони мо ин корро кардаанд. Парадокси ҷамъияти 1000 сола пешро аз ҷамъияти имрӯза дидӣ, хонанда? Куҷо равонаем? Сӯи пас? Ҳаргиз на! Тазодди моҷаро ин аст, ки дар пас мо рӯшноӣ доштем; мо сӯи пеш, ҷониби торикӣ раҳ мепӯем ва касе намедонад, ки ҳодии мо ба ин сияҳии том кист! «Ну нет света в конце тоннеля!!!»-шояд бонг мезад, ҳамон Бобои Ғулом, агар имрӯз зинда будӣ...

 

Дар бораи кофархонӣ

Комил Бекзода ва Зиё Абдуллоро дар асри 21 кофар хондем (ниг.ба акс). Барои чӣ? Барои андешаи ишон, ки ба тафаккури полудаи мо монанд нест. Онҳо нагуфтаанд, «мо кофирем!». Вале чун мо тавони бардошти андешаи ғайр ва баҳси илм надорем, бо 1 ҳарф дилхоҳ оппонентро хати бутлон мекашем:

Кофир!!!

Аз клоссикон аст, ки мегӯяд:

- Хар бош, ки ин ҷамоа аз аҳли харист,

Ҳар, к-ӯ на хар аст, кофараш мехонанд!

Мантиқан, ҷамъияти харон индивидро аз пеши худ кофар мехонад. Клоссикони мо ба ин хурофот туф карда буданд. Аммо интеллигенсияи мо, ки интеллекти паст дорад, аз инчунин ҳукм чун дев аз садои Қуръон метарсад:

-Дев бигрезад аз он қавм, ки Қуръон хонанд!

Ростӣ, ман сароғоз фикр мекардам, ки ба бузургони миллат чӣ қадар мушкил буд дар он даврони тору танг бори андеша кашидан. Аммо ҳамакнун сари андешае қарор дорам, ки замонаи мо тангтару сияҳтар аз дилхоҳ маҳдудаи таърихии қабл будааст. Зеро агар имрӯз ин пораро шоире мегуфт, фахри масҷиду маҳофили рамазонӣ мегардид:

Ҳар узвро бидон, ки ба таҳқиқ Рӯзаест,

То рӯзаи ту Рӯза бувад назди кирдгор.

Аввал нигоҳ дор назар, то рухи чу гул,

Дар чашми ту наяфканад аз ишқи хеш хор.

Дигар бубанд гӯш зи ҳар ношуниданӣ,

К-аз гуфтугӯи ҳарза шавад ақл тору мор.

Дигар забони хеш, ки ҷои санои Ӯст,

Аз ғайбату дурӯғ фурӯ банд устувор…

Беҳтарин шеър аст. Аммо на пеши аҳли завқ. Зеро раддабандии оддии характери Рӯза аст. Ва аммо ана ин байт шоҳкорист:

Рӯзаро гар ҳаст пеши аҳли олам иззате,

Пас чаро аз рафтани ӯ … ид бар мардум шавад?

Ин андеша аст! Ин фикр аст!! Ин шеъррр аст!!!

Шеър, ки ҳаст, онро миллати ману ту, хонанда, қабул, дарк ва ҳифз намудааст. Тасаввур мекунӣ, ки имрӯз Бозору Лоиқ ё Қаноату Гулрухсор чунин мегуфтанд, бо ӯ чӣ кор мекардем?

Ва ё дигаре мегуфт, ки:

-Мо май Рамазон хӯрем, ки он хосаи мост!

Ва ё:

-Закоти ҳусн бидеҳ пеши маҳу Рӯза магир…

Ва ё:

З-он бода, ки дар мастабаи Ишқ фурӯшанд,

Моро 2-3 соғар бидеҳу гӯ: Рамазон бош!

Шояд хонанда нукта бигирад, ки клоссикҳои мо дигар чиро дар назар доранду ин Сайёф чӣ мегӯяд? Ман медонам, ки онҳо ЧИРО дар назар доранд! Вале аз барои савоб ҳамин мисраъҳоро шоире дар асри 21 гӯяд, магар террори маънавиш намекунем?

Эпилог: ҷамъияти мо мариз аст

Ман доиман ва пайваста меандешидам, ки чигуна аз қаъри қурун ин шоҳбайту шоҳмисраъҳо то даврони мо «зинда» расидаанд? Ва сари хулосаи фавқ ист фармудам:

 -Ҷамъияти имрӯзаи мо ғариқи хурофот гардидаву дар баҳри таассуб дармондаву мариз аст. Дар ҳоле, ки ҷамъияти гузаштагони мо вораставу зебо, озодаву таҳаммулпазир ва сиҳаттар аз имрӯз будӣ!

Ва дар ин моҳи Шариф ва Қудсӣ аҳли фикрро фарз аст, ки ба ин миллати дармонда закот диҳад;

1.    закоти андеша,

2.    закоти фикр,

3.    закоти интеллект,

4.    закоти менталӣ,

5.    закоти ворастагӣ…

Зеро ин ҷамъият фақиру камбағалу закотситон гардидааст:

Гар ту хоҳӣ закоти хубӣ дод,

Мо фақирему мустаҳиққи закот…

Тамом вассалом!

PS: 8 сол пеш, дар ҳамин шабу рӯз Рамазон ҳукм меронд ва матлаб дар ҳамон моҳи қудсӣ навишта шудааст, соате, ки ман, Худо қабул кунад, пои ботаҳорат доштаму рӯзадор будам. Вале ҳаргиз бо таассуб ҳампаймон набудаму намешавам. Ту ҳам, хонандаи ин сутур бо ман бош. Зеро  Мо метавонем!!!

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase