ХАБАРИ ДОҒ

1 млн раису раисаву раисбачаро кӣ мехӯронад???

  • Чоршанбе, Июл 27 2022

Масъалаи барқарорсозии колхозу совхозҳои дар замони советӣ шуҳратманд борҳо тавассути мухбирон ва муаллифону хонандагони доимии газета дар саҳифаҳои СССР матраҳ мешавад. Воқеан ҳам бо назардошти вазъи имрӯзаи ҷаҳону минтақа, таҳримҳои сиёсиву иқтисодӣ, нарху навои бозор ва мушкилоти деҳқони тоҷик Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки дар ин ҷода ҷиддӣ андешад. Зеро новобаста аз мамлакати аграрӣ будан, ҳиссаи бештари маҳсулоти ниёзи аввалия-орду гандум ва шакару равған ба мо аз хориҷ ворид шуда, кишварҳои содиркунанда, алалхусус Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар шароити феълӣ худ бо мушкили иқтисодӣ рӯбарӯ шудаву барои содироти маҳсулоти номбурда ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудият ҷорӣ кардаанд. Ва муҳимтарин омил-захираи давлатии стратегии ҷумҳуриро барои на танҳо 2 соли оянда, балки даҳсолаҳо (!!!) кӣ бояд матраҳ кунад? Сари ин проблема, имрӯз бояд ҳарчи бештар андешид ва хеле чуқур...

 

193 000 хоҷагии деҳқонӣ

Агар нахустин колхозҳои советӣ дар кишвари мо солҳои 1920-1930 ташкил шуда бошанд, расо пас аз 80 сол, шуруъ аз соли 2010, масъалаи таҷдиди онҳо бардошта шуда, муҳимтарин такягоҳҳои давлати ҷавони аграрии мо ба таври бесобиқ зуд ва осемасар фурӯхта шуда, ҷамъияти саҳҳомиву хоҷагиҳои кӯчаке дар ҷои онҳо таъсис ёфт. Ҳолдонҳо мегӯянд, он замон ин тавсияро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон институтҳои молиявӣ ва созмонҳои байналхалқӣ бор карданд, ба хотире, ки давлатҳои пасошӯравӣ ҳаргиз ба сохти коллективӣ барнагарданд.

Колхозҳои машҳури давраи советӣ пас аз таҷдид рӯ ба нестӣ оварда, бинову фермаву клубу китобхона ва дигар биноҳои зертобеи колхозҳо имрӯз қариб ба пуррагӣ аз байн рафтаанд ё даст ба даст шуда, дар ҳолати ҳузнангез қарор доранд.

Дур намеравем, дар ин бора қариб ҳар шумора мухбирони мардумии газетаи СССР менависанд. Бархе к/зу с/зҳоро шахсони доротар харида, ба ҷамъияти саҳҳомиву дигар иттиҳодия табдил дода, то ба ҳол нигоҳ доштаанд, вале ин шумора хеле кам аст. Хушбахтона дар ҷумҳурӣ имрӯз чанд колхоз мондааст, аз он ҷумла дар Исфараву Конибодом, ки ҳини фармоишҳои давлатӣ, ҳукумат маҳз ба онҳо такя мекунад.

 

Наздики 1 млн раису раисаву раисбача…

Дар ҷамъ, ҷойи 300 колхозу совхози калони советӣ, тибқи итиллои Вазорати кишоварзии мамлакат, имрӯз 193 000 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият доранд. Яъне дар кишвари кӯчаки мо 193 ҳазор раису 193 ҳазор зани раис-раисаву (агар 2 фарзандӣ дошта бошанд) 386.000 раисбачаи ҳатман мошиндор ба сар мебаранд. Суоле посух мехоҳад, ки барои ин армияи бузурги раисон, ки бо зану фарзандон, теъдоди минималияшон 772.000 нафар асту максимилашон аз 1 млн нафар убур кардааст, кӣ хизмат мерасонаду ким заминкорӣ мекунаду кӣ пахтаву зироат мекорад???

 

Деҳқон профессионал нашуд

Колхозҳо таҷдид шуда, ба 193 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ тақсим шуданд. Ҳоло нафаре, ки 1 га замин дорад раиси хоҷагӣ шудаасту нафаре, ки 30 ҳазор га замин дорад ӯ ҳам раис. Кори раисӣ то ҷоест, ки хоҷагие, ки ҳамагӣ 35-40 сотих замин дорад, низ табақаи қонун ва асноди доштааш…Раис аст, раиси хоҷагӣ.

Аммо проблема он аст, ки деҳқони тоҷик пас аз таҷдид шудани колхозҳо ва гузаштан ба фаъолияти нави кишоварзӣ ҳирфаӣ, яъне профессионал нашуд.

Тавре Ҷаббор Носирзода, муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суҳбат бо мухбири мо гуфт, деҳқони тоҷик имрӯз кишти маҳсулотро ба набзи бозор дида, анҷом медиҳаду бас:

   - Бубинед, соли гузашта нархи сабзӣ дар бозор гарон шуда, то ба 15 сомонӣ сари ҳар кило баромад.  Имсол аксари деҳқонони мо ба хотири ин сабзӣ коштанд! Аммо имрӯз нархи сабзӣ дар бозор 2 сомонӣ аст. Ман аллакай медонам, ки деҳқонони мо соли оянда чӣ мекорад? -Пиёз!!! Чунки нархи пиёз имсол гарон шуда, аз 5 сомонӣ ҳам боло рафтааст. Мутаассифона, деҳқонони мо аз рӯи дурнамо киштукор намекунанд…

Ва аҷобат ин аст, ки касе чизе дар ин маврид ба деҳқон гуфта наметавонад, зеро ҳама 1 посух доранд:

«Иқтисоди бозаргонӣ!»… Худам шоҳу табъам, яъне занам-вазир!!! Чизе хоҳем ҳамонро мекорем.

  

Маркетингу менеҷмент

Чуноне ки Ҷефри-Ҷамшед Диллон, фермери тоҷик аз н.Зафаробод, раҳбари ҶДММ «Ҷаҳида» дар суҳбат бо мухбирони газетаи мардумӣ ҳафтае пеш гуфт:

 -Деҳқону хоҷагидор бояд ҳамқадами замон бошад, аз навовариҳои технологияи муосир, аз маркетингу менеҷмент бохабар буда, тавонад бозор ва талаботи харидорро омӯзад, дурнамо дошта бошад, ба бозори чанд моҳу соли оянда нигоҳ карда, маҳсулоти кишт кунад. Мутассифона ин чиз дар ҶТ кам дида мешавад…

Деҳқонони тоҷик дар ин маврид мегӯянд, ки сол аз сол кам шудани заминҳои кишт, хушксоливу гоҳо беобӣ, нархи гарони маводи сӯхт ва нуриҳои минералӣ, тухмӣ, хоса заҳрохимикатҳои аз хориҷи кишвар воридшаванда, андозу молиёту садҳо пардохту харҷҳои зиёд ба деҳқони тоҷик имкон намедиҳанд, ки бо дурнамо рушд кунад. Деҳқони тоҷик имрӯз маҷбур аст он чизеро корад, ки аз ҳосилаш оҷилан фоида бубинад.

 

Кластеризатсия-шакли нави хоҷагидорӣ?

Бо ин ҳама радду бадалҳо, ба назар мерасад, ки дар долонҳои ҳукумат низ акнун бар андешае мерасанд, ки колхозу совхоз ҳам набошад, хоҷагиҳои бузурги агросаноатӣ бояд тавлид шаванд. Дигар роҳе раҳоӣ аз вартаи муфлисшавии хоҷагии қишлоқ нест!

 Саъдӣ Каримзода, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба барқарорсозии колхозҳо мегӯяд, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи аграрии кишвар кластеризатсия сурат гирифта, то соли 2040 шакли нави колхозҳо дар намуди ассотсиатсияҳо, иттиҳодияҳо ё ҷамъиятҳо ҳатман пайдо шуда, тавассути ин шакли нави хоҷагидорӣ имкон мешавад супоришҳои давлатиро барои захираи давлатӣ пиёда кард.

   - Сабаби таҷдид шудани колхозҳо пеш аз ҳама дар он аст, ки то солҳои 2000-ум аксарияти колхозу совхозҳо бесоҳиб монда, миллионҳо қарздор гашта, рӯ ба муфлисшавӣ гузоштанд. Бинобар ин таҷдид он замон беҳтарин роҳи нигоҳ доштани соҳа буд. Ҳоло Ҳукумати кишвар дар бораи шакли нави хоҷагидорӣ андешида истодааст ва то соли 2040 ҳатман колхозҳои нав дар шакли ҷамъи хоҷагиҳои деҳқонӣ-ассосиатсияҳо таъсис дода мешаванд. Яъне кишти маҳсулоти кишоварзӣ тибқи нақша ва дурнамои фармоишӣ анҷом хоҳад ёфт, - афзуд Саъдӣ Каримзода.

Дар мавриди он, ки кластеризатсия чи гуна мегузараду чи ба кластерҳо ҷудо мешавад, вазири кишоварзӣ дигар маълумоте надод. Мисли он, ки суол дар бораи супоришҳои давлатии стратегии кишварро имрӯз кӣ бояд иҷро кунад, низ бе посух монд…

 

Бузак, бузак намӯр…

Кластеризатсия ё худ омӯзиши умда ва алоҳидаи сохторҳои собиқи колхозӣ, ки гуфтем ба 193000 (!!!) хоҷагии хурду бузург табақабандӣ гаштаанд, то соли 2040 оё ба поин мерасад ё на, маълум нест. Ваъдаҳои Саъдӣ Каримзода ҳамон масали маъруфи бобоиро ба ёд меорад, ки мӯсафеде шиками холии бузи лоғарашро молида, танҳо бо сухан дилбардориш мекунад, ки «бузак, бузак намӯр, Баҳор меояду эхххх алаф мечарӣ!!!». Зеро муовини вазири кишоварзӣ дар бораи 18 ҳафта ё моҳ не, роҷеъ ба 18 сол-6570 рӯз сӯҳбат мекунад. Дар ин 18 сол, маҳз дар 2 соли ахири тақвимӣ, ки роҷеъ ба он дар олам бонги изтироб задаву мардумро аз хатароти гуруснагии эҳтимолӣ ҳушдор дода истодаанд, ҳоли мардуми мо чӣ мешавад? Ва оё 18 сол пас афроде барнамехезад, ки чӣ будани колхозу совхозҳоро фаромӯш кардаасту зидди ҷамъиятҳои бузурги агросаноатӣ мешӯранд?

Ба пиндори сирф фардии мо, ки метавонад муғаййири назари 1 млн фермеру раисаву раисбачаву раисбобоҳои муосир бошад, колхозу совхозҳо БОЯД оҷилан эҳё шаванд. Ақаллан дар шаҳру ноҳияҳо 1 донаӣ.

Мо медонем чӣ мегӯем! Ва дар шумораи баъдӣ баҳси худро бо мадрак аз сӯҳбатҳои раисони номии даврони советӣ, махсусияти колхозу совхозҳо, вежагии гос-закази маҳсулоти стротегӣ-пахта, гандум, ғалла ва ғ. ва ҳ. давом медиҳем. Гӯшбақимор бошед, ки Мо метавонем!

 

Давом дорад

С.Достиев, Ҷ.Ҳусейнова,

А.Собир, аксбардор

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter