ХАБАРИ ДОҒ

Табибони чинӣ моро ғорат мекунанд!

  • Чоршанбе, Июл 27 2022

 

Ҷамол Икромӣ, хонандаи ҳамешагии СССР аз н. Сино ба идораи СССР занг зада (тел 918152636), шикоят намуд, ки табибони чинӣ мардуми содаи тоҷикро бо ҳаргуна табобат ғорат мекунанд.

 Табибони чинӣ дар 1,5 млрд аҳолии худ бемор намеёбанд, ки омада 10 млн тоҷики содаро бо ҳилаю найранг, гӯл зада ғорат мекунанд? ВАО ба хусус телевизиони мо дар ҳама шабакаҳо шабу рӯз, кору фаолияти «шифобахшӣ»-и  онҳоро таблиғу тавсиф мекунанд. Гӯиё табибони чинӣ бо алаф ҳама дардро даво мебахшанд ва ҳатто аз марг низ ҷилавгир мешаванд...

Ба ин рекламаҳо бовар кунем, ягон роғу суроғи одам бе табобати инҳо намемондааст. Рекламаи аъзои бадани маризро аз песиву ифлосӣ то роғи миёни пову пешу паси бадан дида, табъи кас хира мешаваду иштиҳо мепарад. Хитоиҳо даъво доранд, ки ҳатто саратонро шифо мебахшанд. Ин таблиғу ташвиқ дар ҳоле, ки Хитой бо сабаби марги беморон, дар дунё, дар ҷои 2- ум меистад. О, кал бошӣ, сари худатро таобат кардан гир. Равед хитоиҳои худро шифо бахшед! Ё шуморо чун шарлатан шояд аз Хитой пеш кардаанду шумо омада, тавассути рекламаҳои арзони ТВТ халқи моро ғорату мариз мекунед?

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter