ХАБАРИ ДОҒ

 

Муҳимтарин пешниҳоде, ки шахсан маро нимаи дуввуми моҳи июл таҳрик дод, ин «дифоъи Вазорати Мудофиа аз обрӯи Армия ва афсаронаш» гардид. Биёед аввал бинем, ки ВМ бо 1 пешниҳоди дар назари аввал содаву одиву дӯстрӯяк чӣ мегӯяду дар асл, агар Худое накарда, ин пешниҳод қабул шавад, моро чӣ катаклизмҳои эҳтимолии равониву рӯҳиву сиёсӣ мунтазиранд. Хотиррас мешавам, шахсан ман «обрӯи ВМ»-ро резонданӣ нестам ин 1.

2 ин ки ин назари фардии мани журналистест, ки 31 сол  мӯяшро дар геополитика сиёҳ, т.е. сафед кардааст (Сиёҳ чаро гуфтем? Зеро ман низ мисли бархе аз генералҳои муҳтарам мӯямро ранг мезанам. Фаҳмо?)… ва аз ҳама охир-

Пункти 3… Ҳоло, ки ин пешниҳоди ВМ қабул нашудааст, бояд назарамонро гӯем, зеро қабул, ки шуд «под колпаком закона» хонда шавад «под шевроном солдафонов» меғалтем.  Сароғоз пешниҳоди булаҷаби ВМ ҶТ, ки дар шакли булаҷабтаре дар агентии миллии иттилотии «Ховар» нашр шуд:

Вазорати мудофиа: «Нисбат ба ашхосе, ки дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳ маълумоти бардурӯғ ва носаҳеҳ паҳн мекунанд, ҷазо дар намуди ҷарима ё ҳабси маъмурӣ татбиқ гардад»

12.07.2022. Соат ба вақти Душанбе 11:15 дақиқа. ДУШАНБЕ, 12.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирӣ намудан  аз паҳн кардани ҳар гуна маълумоти бардурӯғ ва носаҳеҳ тавассути  воситаҳои ахбори омма, интернет ё шабакаҳои дигари алоқаи барқӣ оид ба шарту шароити хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё оид ба раванди баргузории маъракаҳои даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, инчунин дигар ахбороту овозаҳои бардурӯғу бофташудае, ки боиси коста гардидани шаъну шарафи Артиши миллӣ  ва хизматчиёни ҳарбии он мегардад, аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва пешниҳод гардидааст…

            Воқеан ҳам биоед ба чанд нуктаи муҳими ин Лоиҳа назар дӯзем. Аввалтар аз ҳама, шумо дар ақсои олам Армияеро медонед, ки чун муқаддасоти қудсӣ ҳарам, дастнорас, адамуттанқид бошад? Ман надидаам. Вале медонам, Армияе, ки танқид намешавад, оқибаташ варшикастагист! Мисол мехоҳед? Марҳамат!

Руҷуъи лирикӣ

Соли 2006 бо ҳамкорам Ҷамила Ҳусейнова, дар Шветсия, курси маҳви бесаводӣ, бубахшед, такмили ихитисос мегузаштем. Ӯ, ки аксари дарсҳоро «пропускат» карда, дар Данияву Голландия мегашт, акнун муовин асту мани «фаол» сардабир. Акнун ман Данияву Голландия мераваму Ҷамила кор мекунад. Гуфти бобои Ғулом, ки ҳатто Ленин-боборо интерпретатсия мекард, «Хонед, хонед ва прогул накунед!». При чем тут Ҷамила? А, вот при чем: рӯзе, ки Ҷамила набуд, 1 муаллими ганда босавод омаду гуфт, «медонед падари Армияи Шветсия кист?». Гуфтем, «ягон фон дер ганс христӣ будагист?!», ки гуфт, ан-неъ! Падари Армияи мо Пётри 1 аст. Шоҳаншоҳи урус. Ва афзуд, «дар ҳамон солҳои қуд-қудусӣ афсарони шведӣ, ки аксарияти кулл ашрофзода буданд, қароре қабул мекунанд, ки танқиди Армия манъ аст (аккурат, мисли Лоиҳаи имрӯзаи мо) ва вақте ин Армияи таърифӣ бо Пётри 1 ба ҷанг медарояд, пуху прахаш мебарояд! Аз ҳамон рӯз инҷониб Армияи шветсия ҳамарӯза зери заррабини ҷамъият ва журналистон қарор дорад! Воқеа ин тавр рух дода буд:

Руҷуъи лирикӣ

27 июн (8 июл) соли 1709.Шикасти фавқ, ки бо номи «Полтавская Битва» маъруф аст, хатми ҷанги «Северная война» шуд. Карли XII бо 35000 сарбоз ва 32 туп чунон шикаст дид, ки давлаташро партофта ба Туркия гурехт!

Нафаҳмидед? То ин шикаст,  Армияи швед, дар соли 1700, дар «Ҷанги Нарва» дабдалаи Петрро бароварда буду дигар Армия набояд танқид мешуд. Ин аст, ки Артиш мувоҷеҳ ба шикаст гардид. Яъне Армия то ҳаст бояд танқид шавад! Армия шахси юридикӣ нест, ки «обрӯяш бирезад». Армия, лашкар, артиш бояд ҳамеша зери заррабини ҷамъият бошад. Табиист, ки танқид низ бояд созанда бошад, на сӯзанда...

Руҷуъи типикӣ

 Мавриди зикр аст, ки афзоиши шумораи хабарҳои бардурӯғи паҳншуда дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби баъзе кормандони ВАО ва дигар ашхоси дорои мақсаду нақшаҳои ғаразнок, ҷустуҷӯйи роҳҳои нави мубориза бо чунин маълумоти бардурӯғ, аз ҷумла ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақозо менамояд. Бояд тазаккур дод, ки раванди торафт паҳн шудани ҳар гуна иттилооти бардурӯғ дар миёни ҷомеа эътимоду боварӣ ва тарафдории мардумро нисбат ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон заиф намуда, ба қадру манзалат ва иқтидори мудофиавии кишвар таъсири манфӣ мерасонад-иқтибос аз Ховар

            Ин ҷо ман 100% бо муаллифони Лоиҳа розиям. Вале суоле дорам. Ким, кто, кӣ ва ктоҳо сирру асрори Армия ба вежа латукӯбу дедовшинаро ифшо менамоянд? Оё, на солдату афсарони ҳамин Армия???

 Чанд сол пеш, 1 корманди моро ҷавоне азияти телефонӣ медод, занг мезаду мелаққид, ҳол он ки ин бону шавҳар дошт. Хулласи калом, кофтему ёфтем, ки ин сакалту 1 сарбози қаторӣ будааст. Маълум шуд, сарбозон дар Армия телефон доранду дар бекорӣ ба ину ун ҷо занг зада, «ҷавонӣ мекардаанд». Воқеан ҳам маҳз ана ҳамин сарбозҳои тилфондор лату кӯбу «издеватсияҳояшонро» сабт карда, ба маъраз мегузоранд ва боиси коҳиши имиҷи Армия мешаванд. Ҳол он ки афсару сарбозон набояд телефони мобил ва он ҳам дар қисмати ҳарбӣ дошта бошад. Боз 1 мисол дигар. Чанде пеш Абдуқодир Талбакови маъруфу машҳурро 1 нафар таҳдид  мекард. Қапидандаш. Маълум шуд, ки афсаре будааст дар қисмати ҳарбии наздимарзие… Хулласи калом, пеш аз оне, ки ВМ мардумро тап-тапу таҳдид карда, даҳони журналистонро бандад, бояд дар ҷузъу томҳои худ назоратро пурзур намояд, то информатсияҳои обрӯрез ба интернет роҳ набаранд…

Руҷуъи типикӣ

Ҳамзамон бо назардошти сиёсати инсондӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қонуни мазкур ҷиҳати коҳиш додани шиддати бадномшавии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар марҳилаи кунунӣ танҳо ҷорӣ кардани ҷарима ё ҳабси маъмуриро барои вайронкунандагони он пешбинӣ менамояд. Аз ин лиҳоз, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар масъалаи коҳиш додани шиддати бадномшавии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад, ҳаматарафа дастгирӣ менамояд. -Хатми иқтибос…

… Армияе, ки зерри заррабин нест, хатарнок аст. Барои дилхоҳ давлат. Просто, ҳамту пурсиданиям, онҳое, ки ин Лоиҳаро роҳандозӣ карданиянд, оё медонанд, дар чанд кишвари олам табаддулотҳои давлатӣ бо кӯмак, добро ва сарпарастии Армия ба вуқуъ пайвастаанд? То-та же! Садҳо табуддулот шудааст, мешавад ва хоҳад шуд, ки усулан онро низомиён роҳандозӣ мекунанд!!!

Ман аслан генералитети имрӯза ва фаоли ВМ-ро дар назар надорам. Худо нишон надиҳад! Боз зери Лоиҳа наафтам??? Вале кӣ гуфта метавонад, ки раёсату фармондеҳии ВМ тағйир намеёбаду замоне не соле, моҳе не асре…ҷои инҳо, ки кайҳо марзи «ротатсияро паси сар кардаанд», худохоҳоне сари кор омадаву дар сар фикри табаддулот намекунанд??? Зимнан Армия, ВКД, Гвардия, Марзбонӣ… ва дилхоҳ ҷузъу томе, ки силоҳу муҳимоти ҷангӣ дорад, бояд зерри заррабини журналистикаи профессионалӣ қарор гирад. Бе ин намешавад!

Хатм-ул-Руҷуъ

Қариб фаромӯш кунаме. Бало гирад склерози баъдиковидиро. Афсонае хонда будаму ин ҷо дар аввал навиштанӣ. Гӯр пирӣ шавад. Хулласи калом, буд-набуд, дар 1 замон, дар 1 макон, 1 генерал-ҳоҷӣ-дунявӣ-наҳзатӣ буду дар Вазорати мудофиае генералӣ карда мегашт. Номаш ҳам булаҷаб буд: Ҳоҷӣ-генерал-майори наҳзатии ВМ. Баъзеҳо ӯро Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзодаи соҳиби «Саунаи шик» ва муовини Вазири Мудофиа ҳам мехонданд. Дар ҳамун афсонаи ким-кайҳо, ягон 200 сол пеш рух дода, дар моҳи сентябри соли 2015 ин генерал-ҳоҷӣ (ниг.ба акс), қариб 1 кишвари орому осударо ба хоку хун мекашид. Поёни афсона.

 Медонам, мееедонам, ки Ҳоҷӣ Ҳалимҳо дигар ягон вазоратхона нестанд. Вале ягон кас анализ карда бошад, ки дар Армияи мо чанд ҳоҷӣ-афсару ҳоҷӣ-генерал буда бошад? Инро ҳамтушба 1 пурсидем-да, ако?!

 

Дар шарҳи номи матлаб:ВМ ва ФМ

…ФМ-аббревиатураи Фаридун Маҳмадалиев (ниг.ба акс) аст-сухангӯи ин вазоратхона ва полковники асил. Шумо, муҳтарам масъулин, ҷои ин Лоиҳаҳои машкук, ба Фаридуни гиром имконият диҳед, худаш тани танҳо метавонад, тавассути репортажу очеркҳои низомӣ, обрӯи Армияро ба осмон барораду имиҷи лашкарро барқарор ва ҷавононро ба хизмат ба Ватан дилгарм созад. Отвечаю. Метавонад!!!

Ва дар зимн шумо дигар аз тарси фош шудани маъракаи обрӯреззи Облава ба ташвиш намеояду чунин Лоиҳаи қонунро пешкаш намекунед. Мо Метавонем!

PS: Ва аз ҳама охир. Агар ин лоиҳа дар пасманзари қонуну қарори армияи Россия гирифта шуда бошад, тамоман дарбеҳи ночаспон аст. Зеро Россия дар ҳолати ҷанг бо 40 кишвари абарқудрат ва блоки НАТО қарор дорад ва диверсияҳои маънавӣ, террори зеҳнӣ сари Армияи урусӣ афзудааст. Вале ин тамоман мавзуъи дигар аст…

PS;PS: Ин Лоиҳа имрӯз қабулу ВМ дигар танқид нашавад, пагоҳ ВКД, Амният, Коррупсия, Палата, Маҷлиси олӣ…ингуна пешниҳод кунанд, пас кӣ ва чиро бояд танқид кард? Танҳо дастгоҳи президентро???

Сари чашма бояд гирифтан ба бел,

Чу пур шуд нашояд гузаштан ба пил!!!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter