ХАБАРИ ДОҒ

 

Ман дар хонаам 5 ҳазор китоб доштам, 90 фисади ин китобҳо классикаи хориҷа. Як  ҳазорашро гӯед, ба  китобхонаи донишгоҳи Кулоб тӯҳфа кардам. Ҳоло 4 ҳазор китоб дорам, тасаввур кунед, ки ман ҳамаи ин китобҳоро хондаам. Ҳамагӣ мақолаҳои бисёр ва 4 китобамон аз чоп баромадагӣ гӯед...

Дар масҷиду дар каъба ба дунболи чӣ ҳасти?

Аввал ту бубин қалби касеро нашикастӣ?

СССР-ро дӯст медорам, аз ҷумла ҳафтавори СССР-ро. Дар нашри 17 апрели соли 2022 мақолаи Омиронаи Сайёф “Таҳқири миллат то ба кай?”-ро хондам, обмурии аз боғ калон. Муаллиф қайд кардааст, ки хонандаи газетаи мардумии СССР Мубориз Достиев дар 1 матлабаш дар бораи бархурди ҳукуматдорони Аморати Мутаҳидаи Араб ба ҷӯгиҳо чунин навиштааст:

-Дар Дубай агар касе талбандагӣ кунад, 30.000 дирҳам ҷарима карда мешавад ва агар пардохт карда натавонад, 3 сол зиндонӣ хоҳад шуд.

 

Ҷӯгӣ бар шумо ғалаба мекунад!!!

Ё рузноманигори дигар, Мирасаид Сатториён  дар СССР№13 аз 31.03.22 дар бораи 3 -4 ҷӯгибачаи 3- 4 сола, ки бо якдигар ҷанҷолу фиғон карда, якдигарро ҳақорат мекарданд, фоҷеаи В.Шекспир карда менависад, ки  рафтори ин ҷӯгибачаҳо  “хиёнати бузургтарин ба ояндаи ин давлату ин миллат аст”.

Аҷабо, СССР ба ҷӯгиҳо “амалиёти махсус” оғоз кардааст ё ба кардаи Худо розӣ нест? Ин оқибати нағз надорад. Кӣ ғалаба мекарда бошад? Албатта ҷӯгиҳо!!! Чунки ҷӯгиҳоро Худованд ҳаминхел офаридааст ва пуштибонӣ мекунад. Чи СССР дигар кор надорад, ки таъқибу дунболагирии ҷӯгиҳоро пеша кардааст?

Ман дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунам. Ягон ҷӯгӣ барои талбидан дар пеши дари хонаам ояд, ёрӣ мекунам. Чаро ман бояд амали арабҳоро бипазирам? Ман соли 2005 Ҳаҷ рафта, гадоеро дидам, ки мисли кунда истода буд, бе дасту бе по. Ин ҳодиса барои мо бояд дарси ибрат бошад.

 

Тоҷики ғоратгару ҷинояткор...

Мо бисёр вақт дар воситаи ахбори омма мебинем ва мешунавем, ки тоҷик даст ба ҷиноят зада, якеро куштааст, якеро ғорат кардааст, таҷовуз ба номуси пайванд ва ноболиғ кардааст, ҳаққи мардумхурӣ ва дуздӣ кардааст ва ғайраҳо. Воқеан на дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, на дар Руссия ягон ҷӯгиро барои ҷиноят содир кардан маҳбас накардаанд. Ҷӯгиҳо таҷовузкор, ғоратгар, одамкуш, дузду ҷинояткору қалбшикан нестанд ва ба изати нафси касе намерасанд. Муносибати беҳтарин ба инсон доранд. Ақалан ҳамин муносибати ҳасанаро аз онҳо омӯзем. Мегӯянд, ки ҷӯгиҳо фолбину фиребгар ҳастанд. О, тоҷикон ҳам фолбину фиребгар доранд-ку! Агар сухан дар сари фоҳишагарию фисқу фуҷор равад, ҷӯгиҳо дар ин маврид истисноанд. Мо аз ҷӯгӣ бояд наҳаросем. Худованди бузург ин қавмро дар тақдираш аз азал ҳаминхел офаридааст. Ва дар ояти Қуръонӣ мефармояд: “Ман шуморо офаридаам аз як зан ва як мард ва тақсим кардам ба қабилаҳо то шумо дӯстӣ пайдо кунед”.

 

Талбандагӣ расми ҷӯгист

Талбандагӣ дар хуни ӯст ва ӯ ба ин эҳтиёҷ дорад ва касб шудааст. Обрӯи миллати шуморо ҳам дар хориҷа ва ҳам дар дохили кишар агар резонад, на ҷӯгиҳо, балки ана ин қабил ҷинояткорҳо резондаанд. Мисоли тоза: Ҳодисаи духтари Шаҳноз Комилзода, ки 20 декабри соли 2021 дар шаҳри Душанбе содир шуд (СССР N11 704 705 аз 17 марти соли 2022). Авбошон дар рӯзи равшан духтарчаҳои ноболиғро латукӯб карда, азоб доданд. Ана ин резондани обрӯи миллат аст, шармандагист ва ана киҳоро бояд зиндонӣ кард. Аммо онҳо дар озодӣ гаштанд... Дар бораи телефондузии бузбалаҳо дар бозорҳо ҳоҷати гап нест. То ҳол оҳи баъзе телефондорҳо тоза нашудаааст. Ҷӯгиҳо бошанд, ба ягон кас кор надоранд ва онҳоро даст расад, ёрӣ кардан даркор. Ёрдам накардӣ, ақалан кордор нашав:

Чу гиреҳе намекушоӣ, худ гиреҳ мабош

Чеҳракушода бош, чу дасткушода нестӣ.

 

Тоҷики талбанда...

Ман дар Руссия будам. Дар шаҳри Маскав занҳои тоҷик дар сари роҳҳо талбандагӣ мекунанд. Ман ба чанде аз онҳо сӯҳбат кардам, гуфтанд, ки аз рӯзи бад, аз зиндагии сахт талбандагӣ мекунем. Ҷӯгиҳо аз ин матлаб фоҷеа сохта, сару садо мебароранд? Дар рӯзҳои ҷӯмъахонӣ назди масчидҳои шаҳр мебинед, ки даҳҳо зани тоҷик бо кӯдакон талбандагӣ мекунанд. Шарм накунед, 1 маротиба рафта бинед. Талбандагӣ дар хуну пӯст, дар раги пайдою пинҳони ҷӯгиҳост, аммо дар шумо чӣ?

Соибо, айби худат гӯ, на айби дигарон,

Ҳар кӣ айби худ бигӯяд, аз ҳама болотар аст.

Агар ягон ҷӯгӣ оиди талбандагӣ ва фоҳишагарии баъзе тоҷик, ки дар Дубай, Туркия, Россия ва ғайра содир мекунанд, вокуниш баён кунаду пеши рӯ оварда, изҳори нигаронӣ кунад, пас СССР чӣ мегуфта бошанд? Ба қавли Сайёфи Мизроб то-та!

Дар ноҳияи Восеъ дар ҳамсоягии ҷӯгиҳо зиндагӣ мекардам ва бояд гӯям, ки бисёр чизҳоро аз онҳо омӯхтам (одобу ахлоқ, муносибат, муошират, қавмдӯстӣ ва ғайра). Ҳоло бошад онҳо дар саҳро кор мекунанд, мехонанд ва хизмати модар-ватанро иҷро мекунанд. Онҳо дар ҳама дунё ҳастанд ва бештар дар давлатҳои Молдовия , Ҳиндустон, Европа зиндагонӣ мекунанд, мехонанд ва ягон кас ба онҳо тангравишӣ намекунад. Дар конференсияи Женева аз 04 апрели соли 1950 дар банди 21,32 дискриминатсияи миллат манъ карда шудааст. Думболагирӣ кардани миллатҳои мухталиф, бадгӯӣ ва тангравишӣ кардан, паст задан, озор додан, таҳқир кардани 1 халқ оини инсондӯстӣ ва ҷои ифтихорофаринӣ нест.

Саиди Тарма,  ш.Душанбе,   тел: 918152636

Аз СССР: Агар хато накунем, Шумо, муҳтарам Саиди Тарма худ ҷӯгиед, ки борҳо дар ин бора  навиштаву мо назаратонро нашр ҳам кардаем, ҳарчанд ба назар мерасад, ки матлабро Шумо зери диктаи кадом тоҷике менависед, ки калавишҳо дорад. Ба Шумо танҳо таҳсин мефиристем, қанд занед!!! Вале гӯед, ки агар ин қадар саводу донишу сарват доред (ҳар кас ҳаҷ рафта наметавонад), пас чаро миёни қавматон таблиғу ташвиқ намебаред, ки аз роҳи талбандагӣ баргарданд ва думболаи ҳунар, касб, илм, дониш шаванд? Ягон кас ҷӯгиро дар газетаи СССР тӯли 14 сол ин қадар сақату ҳақорат накардааст, ки Шумо дар ҳамин 1 мақола Тоҷиконро кардед (дузд, ғоратгар, таҷовузкор, фоҳиша, педофил, гадо ва ғ. ва ҳ.), вале ин ҳамаро мо ба хотире нашр мекунем, ки Шумои соҳибдонишу маърифатнок, борҳо дар ин мавзуъ “менависед”. Ва мо фикр дорем, касе Шуморо таҳрик медиҳад!!! Воқеан ҳам пас аз оне, ки арӯсакони кабирӣ дар Аврупо сари ин моҷаро бонги изтироб заданд, Шумо низ сар кардед. Аҷиб не? То-та!!! Онҳо-ку душмананд ва аз зери нохуни ҳукумати мо чирк меҷӯянд. Вале ба Шумо чӣ расида, ки дар ҳамин ҳукумат зиндагонӣ кардаву сарвату дониш ғун карда, ҳатто ҳаҷ рафта, ин қадар хусумат ба ин миллат доред??? Ғараз аз нашри матлабҳои мо, ки Шумои гиром ва “босаводи 5000 китобхонда” дигар хел фаҳмидаед, ин аст, ки ҷӯгиҳо, сиганҳо, лӯлиҳо чун Одам зиндагонии шарафмандона дошта бошанд. Барои ин чӣ бояд кард? Дар навбатии аввал бояд садди роҳи тайёрахӯрӣ, яъне гадоии ишон шуд. Шумои “дӯсти ҷӯгиҳо” бошед, тавъам бо идеологҳои ТЭТ ҲНИ мехоҳед, ҷӯгӣ то ҳаст гадову талбандаву дарбадар монад. Ин аст оини ҷӯгипараститон? Шумо ва евро-муллоҳо ҳич вақт ба мақсад намерасед. Мо ба ҷӯгиҳо зиндагонии шоистаи бидуни каҷкули гадоӣ таҳия месозем. Зеро Мо-Тоҷикон ва Ҳукумати Тоҷикистон Метавонем!

Ҳар беша гумон мабар, ки холист,

Шояд, ки паланг хуфта бошад!!!

 

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter