Қарсаки депутатҳо садо надорад

  • Чоршанбе, Авг 03 2022

Абосалӣ Ҳамроев хонандаи ҳамешагӣ ва фурӯшандаи газетаи мардумии СССР, аз ш. Ваҳдат ба редаксия СССР занг зада (935005093), нигаронӣ аз Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ҶТ кард.

Ману писарам маъюби гурӯҳи 2 ҳастем. Соли 2020 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ гуфт, нафақаи маъюбони гурӯҳи 1 ва 2 то 25 % зиёд карда шавад. Инак 3 сол боз нафақаи мо зиёд нашудааст. Тӯли 3 сол мешавад, ки ба ниҳоди мазкур муроҷиат мекунем, ки чаро нафақа зиёд намешавад? Посух медиҳанд, ки ягон қонун нест, ки нафақаи шумо маъюбон зиёд шуда бошад. Аҷиб магар дастуру супориши Президент мамлакат қонун нест!? Дар ҳар маҷлисҳои раиси ҷумуҳрӣ, ки супориш медиҳад, ки дар фикри маъюбону ятимону нимятимон бошед, депутатҳо аз ҷой хеста, қарсақ мезананду халос, аммо дастурро иҷро намекунанд. Лоақал дар фикри маъюбону ятимон бошед. Нони худро аз газетфурӯшӣ меёбам, ба ҳамин ҳам шукр, ки шумо матлабҳои хонданиро омода мекунеду СССР-ро мехаранд ва мо 2 маъюб нон мехӯрем…

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase