Алихон Шарипов, дӯсти газетаи мо занг задаву аз гармиҳо нолидаву сипас суолгузорӣ кард, ки дар кадом дараҷа бояд кор накунем?

-Бинед, дар даврони советӣ, беш аз +42 градус мешуд, ё кор манъ мегашт ва ё ширу ҷурғот-ҷубронпулии ҳамонрӯза пардохт. Рӯзи кор ҳам 1 соат кам мешуд. Қанд занад раисеву нисбат ба коргари оддӣ зулм кунад. Шӯравӣ сағерапарвар буд!

Ҳоло гармии ҳаво, фарзи мисол, дар Кӯлобҷони мо 44-45 дараҷа дар соя аст! Аксарияти одамон дар роҳи асфалт, дар кӯчаҳо, ҷодаҳо, хоҷагиҳо, дар офтоби сӯзон кор мекунанд. Дар зери офтобе, ки гуфти падари раҳматиям Бобои Ғулом «Сари кали Ятим дар 6 сикунд об мешавад!». Ман бисёр мехоҳам, ҳамин шабу рӯз, 1-2 вазир ҷавонмардона, ба роҳи асфалт, саҳро, кӯча… бароянд-кор накунанд, ҳамту 22 дақиқа рост истанд, баъд ба қадри халқи худ мерасанд.

Вале мардум кор мекунад. Пурсиданиям, ки кору фаолияти мо-меҳнаткашони оддӣ дар ин ҳолат аз сӯи ягон корфармо ва ё ҳукумат ҷуброн мешавад ё на? Ба мо ҷубронпулӣ, ширу ҷурғот барои ҳифзи саломати коргар дода мешавад ё ин ҳама фаромӯш шуд? Чаро инро менависам? Зеро шояд ин имтиёзот бошанд, вале русҳо ҳаққи худро аз корфармову раису вазир талаб мекарданд. Мо-тоҷикон сар хам мекунему кор… Касе ҳаст ба ин суолоти ман посух гардонад?

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase