Салом СССР-и ба дилу ҷон наздик! Чаро ҳамсояамон Ҷумҳурии Қирғизистон моро пайваста таҳқир мекунад, вале мо аз маҳсулоти онҳо истифода мебарем? Кани нангу номуси тоҷикӣ?
Барои 1-2 сомонӣ арзонтар будан чаро аз маҳсулоти онҳо харидорӣ мекунем? 1 роҳ марзи Тоҷикистону Қирғизистонро тақсим мекунад. Дар тарафи қирғизӣ нуқтаҳои сӯзишворӣ ҷойгир асту мо аз нуқтаҳои сӯзишвории онҳо гази моеъ харидорӣ карда, аз интернети арзонашон истифода мебарем.
Саломи Абдусалом,
ш.Бохтар
Аз СССР: То ҷое мо медонем, Тоҷикони боғурури Суғди Бостонӣ тӯли 1 соли ахир аслан аз бензину гази арзони қирғиз харидорӣ намекунанд, ки ҳалолашон бод!!! Фикр дорем, дар ин бора худи Исфараву Конибодому Қистакӯзиҳои гиром менависанд ва моҷароро шарҳ медиханд. Мо чоп мекунем. Мо Метавонем!