ХАБАРИ ДОҒ

Мактуби кушодаи Хоҷа Насриддин ба Билл Гейтс

  • Чоршанбе, Авг 10 2022

 

 

17.08.2022 Тимур Қосимович Зулфиқоров, адиби барҷастаи муосир, фарзанди Тоҷику Рус (муаррифии худи устод), шинохтатарин нависанда, шоир, филмноманавис (муаллифи бестселлерҳои “Белый рояль” ва “Ходжа Насреддин”), муддаии Ҷоизаи Нобел (пешбарии СССР) ва Инсон бо ҳарфи бузург, Хоҷа Насриддини асри XXI, гӯшанишини деҳаи суфиманзари Зимчуруди Варзоб ба синни мубораки 86 мерасад!!! Ин таронаи навинаш чун армуғони шоир пешкаши ҳаводорон мегардад. Мо Метавонем!

 

Дӯстони азиз! Аз Ҳиндустон мактуб гирифтам. Дар он омадааст: “Дар Тибет мегӯянд, ки низоми идораи тамоми ҷаҳон  дар ихтиёри 7 Ҳаким мебошад. Онҳо намегузоранд, ки  бадӣ бар Некӣ ғалаба кунад. Шумо яке аз онҳоед."
    Ман  миннатдорӣ кардам, вале гуфтам: ман не, лекин Пири Бузурги ман Хоҷа Насриддин, бешубҳа, аз зумраи ин 7 ҳакимон аст. Ин мактуби ӯ ба Билл Гейтс аст, ки манзуратон менамоям:

БАРОДАРИ АЗИЗ БИЛЛ! Ман бо шоҳ Сулаймон дар мавзуи Хирад сӯҳбат доштам…
Бо Ҳомер – оид ба Шеър…
Бо Конфутсий – оид ба Давлат…
Бо Чингизхон – оид ба
Ҷанг
Бо Сталин – оид ба Империя
Вале замонаҳое фаро расиданд, ки зарурати  гуфтугӯ бо Ту пеш омад...
Идея
и Ҳукмронии мутлақи Ҷаҳон дар замири инсон аз Рӯзи Азал меҷӯшаду, меҷӯшад...

Чингисхон ба ман гуфта буд:

- Дар осмон -- Худо…
Дар замин  – Ман…
Аз
ман  болотар фақат кулоҳи ман аст
Вале  куҷост кулоҳи ӯ ?...
Куҷо шуданд самандҳои кафколуд... шиҳакаш... мағлубнопазири ӯ ?...
Куҷо ҳастанд устухонҳояш?..
Ҳеҷ кас намедонадҲа!..
Вале идеяи ширинхаёли Ҳукмронии мутлақи Ҷаҳон, мисли каждуми заҳрнеш аз байни сангҳои гарми офтобхӯрда боз рӯи дунё хазида мебарояд...Ва ин каждуми глобалии марговар  ИМА аст… Ин Иёлоти Муттаҳидаи Ҷаҳаннам, ки аз ҷониби тӯдаи бонкирҳо- ноқисулақлҳо, соҳиби  триллионҳо коғази сабзи  муқтадир  идора карда мешавад... Ва онҳо дар таҳхонахои бонкҳояшон  гаштугузор карда,  хиштҳои тиллоиро навозиш  мекунанд...
Оё девона нестанд онҳо? ... Ё Аспсаворони нави Апокалипсисанд?... Ҳа…
Пештар кӯрон-ҳокимон Ҷаҳондории Мутлақро бо ёрии шамшер... тиру туфанг... бомби атомӣ... доллар  ба даст меоварданд... Акнун  – бо ёрии компутер, ВАО –ҳои и дуруғпеша ва коронавирус, ки яке аз ихтироъкоронашон ту ҳастӣ, бародари роҳгумкардаи ман Билл… Ҳа…
Ҳаким мегӯяд, ки итернет – ин манораи  Уфуқии  Вавилонист…
Ҳаким мегӯяд, ки дар байни сохмончиёни манораи Вавилонӣ худи шайтон ҳозиру нозир будааст…
Дар сохтани интернет ва коронавирус низ ӯ даст доштаааст…

Бародарам  Билл!..

Ту ӯро надидаӣ?..
Нафаси марговарашро эҳсос накардаӣ?... Ҳа…
Маълум аст, ки шайтон
маймуни ХудоШайтон гумон  мекунад, ки ӯ  Худост
Ки ӯхӯҷаини замин астҲокими ҷаҳон аст

  Бародарам  Билл!..


Ту дар ин бора чӣ фикр дорӣ?..
Ё ниятҳои дерини худро махфӣ медорӣ?..
Идеяи фарсудаи Ҷаҳондории мутлақро, ки дар гаҳвора ба гӯшат бо суруди алла даромада буд?... Ҳа…Аммо касе гумон дорад, ки ӯХудостОқибат чанги роҳҳои заминиву осмонӣ хоҳад шудҲа…

ИМА?..

Ин Иёлоти Муттаҳидаи Ҷаҳаннам, ки  он ҷо рекламаи дурӯғину кушанда чунон муқтадир аст, ки одамонаш дар дӯзах  буда, бовар доранд, ки дар Ҷаннат зиндагӣ доранд…Ба ростӣ!..
ИМА бошад
ин каждуми умумиҷаҳонии долларҷисмест бо чашмони ҳарис дар пушти сарВа ин чашмҳо ҳамеша ба ақибба Вавилони мурдаи фоҳишатабиат менигарандҲа…

Халқҳои лабфурӯбаста чӣ?..

Охир бо хомушӣ Худоро дарк мекунандХалқҳои гӯсфандвор ҳалимро чи гӯям?..
А?..
Вале хуроки дӯстдоштаи гӯсфандон... днликатеси онҳо - ин каждуми  тиллоранг аст!.. Ана ҳамин тавр халқҳо  КаждумИМА - ро…ва ҳокимони  махфии ӯро дар таҳхонаҳои бонкии пур аз хиштҳои тиллоӣ пок мехурандҲа!.. Ва ба онҳо ягон паноҳгоҳи зидди бомбаҳо.., ки мехоҳанд он  ҷо танҳои пӯсидаи худро, ки ба онҳо танҳо бутпарастони навбаромад эътиқод доранд, паноҳӣ диҳанд,  ёрӣ намерасонад...

 Бародарам  Билл!

Охир ту ҳам соҳиби чунин паногоҳ ҳастӣ!.. Воқеан, агар метавонистам, ман ҳама дарҳои чунин паногоҳҳои махфиро мехкӯб ва занҷирбанд мекардам, чунки онҳо сар задани Ҷанги Охирини Шайтониро имкон медиҳанд…

   Бародарам Билл!

Пуле, ки ту медиҳӣ, гӯё барои  доруворӣ аст... Гӯё барои таъмини Зиндагӣ... Дар асл – барои ҳаросонии мардум…Барои тарс…Барои марг…Пулҳои ту  – ин пулҳои марг аст…На пули Ҳаёт…Ҳа…
Пулҳои одамони бой
ин пули марг аст
Дороӣ ва боигарӣ  ин гуноҳ аст!...
Индуздист
Ин  марг
Индӯзах дар зиндагӣ аст
Ҳақ асту рост… Боигарӣ  ин роҳи аз ҳама тулонӣ ва даҳшатнок то расидан ба Худо Ва маълум нест, ки то ба Ӯ мерасида бошӣ ё неҲа…

Хамсӯҳбати мутафаккири ман  Конфутсий гуфта буд: « … Вазифаи ҳоким- тақсими  одилонаи боигариҳост…»… Дар рӯзгори мо боигариҳо чи гуна тақсим  мешаванд?.. Ана, миллиардер сохиби миллиарди шайтонии худ мегардад, муаллим, табиб, кишоварз – маоши ночиз мегирад... Магар миллиардер – миллиард даҳан ё миллиард меъда дорад?.. Ҳамин тавр роғи байни одами бой ва камбизоат торафт чуқуртару васеътар мегардадВа ба қаъри он хамаи бани одами гӯсфандхислат бо подабонҳои ҳариси молу ҷалол фурӯ меравандҲа…
Охир аз замони Спартаи 
Қадим маълум аст, ки  Ҷалолу Шаҳомат  империяҳо  халқҳоро мекушад... Мисле, ки пӯстхурак... ширинча дарахти ба марг маҳкумкумшударо мехурад... Беҳуда нест, ки дар Спарта чунин қонунҳои сахти Ликург бар зидди зиндагии боҳашамат қабул шуда буданд, ва то он вақте ки онҳо амал мекарданд, халқ ҳаёти шукуфо дошт ва Спарта мағлубнопазир буд.

 Куҷоянд Ликургҳои имруза?..

Дар кадом кремлҳо?.. Қасрҳои сафед?.. Дар қасрҳои Елисеӣ ва Букингем?.. Куҷоянд он одамони бетамаъ, ки фикру зикрашон дар бораи Ватан, на дар бораи киссаи худ будааст?.. Охир, Ҳокими Асил аслан нисбат ба молу ҷалол... ба пул... бепарвост. Ва тақдири кадом пиразане дар деҳаи дурдаст барои вай авлотар аз тамоми лимузинҳо, яхтаҳо ва қасрҳои боҳашамат аст... 
 Охир, Ҳокимияти Адолатпеша
худ Шаҳомати Худовандист…Шаҳомати кори нек ба ХалқШаҳомати БузургтаринШиринтарин, ки ба одами заминӣ аз ҷониби Падари Осмонӣ эҳдо шудаастҲақ  асту рост!..

Вақте ки  Сталинро дафн мекарданд, маълум гардид, ки дар бисоташ фақат 1 ҷуфт мӯза будааст ва он ҳам - даридагӣҲокимони имрӯза риёкорон дуздону ғоратгарон ҳокимиятро фақат барои пур кардани шиками носерашон... парастиши меъдаи дудкунандаашон истифода мекунандҲайҳотҳайҳот

  Бародари оқилам,  Билл!..

Бидеҳ!..
Баргардон пулҳоро ба касоне, ки ту аз онҳо дуздидӣВа он гоҳ роҳи ту ба назди Худо кӯтоҳ ва ширин хоҳад шудТан деҳ! Фикри Ҳукмронии Ҷаҳониро аз сарат дур кун!..Ё  ту умед дорӣ , ки  бо  компутер, коронавирус ва   ВАО - ҳои фоҳишатабиат, зархарид,  халқҳо - гӯсфандҳоро  ғуломи худ мегардонӣ?..А?..

Бародарам Билл!..


Каждум набош!.. Намехоҳам, ки туро гӯсфандон бихурандВа инак ту ҳамаи бисотатро ба одамон додӣВа озод мисли бод лаб-лаби соҳили уқёнус, дар даст шишаи оби чашма  ва 1 бурида нон пеш меравӣ.  Ва ин аст – Роҳ ба Ҷаннат.
Бо муҳаббат ва умеди ноумед…Хоҷа Насриддини Ту.
июли, 2020

Тарҷумаи Азимҷон Аминӣ

28.07.2022

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter